НАВСОЗИҲОИ СЕРГЕЛИ

Шаҳрсозӣ аз ҷумлаи рӯйкардҳои фарҳангии халлоқонае аст, ки дар ҳама давру замон мардуми бофарҳанг ва зебоишинос ба он рӯй меоваранд.

Шаҳрсозӣ аз ҷумлаи рӯйкардҳои фарҳангии халлоқонае аст, ки дар ҳама давру замон мардуми бофарҳанг ва зебоишинос ба он рӯй меоваранд. Дар воқеъ, беҳбуди симои шаҳр – аз ободии манзилу кӯчаҳои гузар гирифта то сохтмону созаҳои бузурги хидматрасонӣ, бозгӯйи фарҳанг ва донишу ҳунари мардуми таҳҷойӣ аст.
Рӯз то рӯз намои нав касб намудани шаҳрҳои кишвар, сохта шудани роҳҳои хурду калон, эҳдос гардидани имороти ранг ба ранг, дар кул, ободкориҳои зербиноӣ ва бунёдӣ аз боло рафтани фарҳанги зисту зиндагонии мардум ва таваҷҷуҳи пайвастаи раҳбарон гувоҳӣ медиҳад. Чунончи, пойтахти кишвар – шаҳри Тошканд ҳамзамон бо бузургу густурдатар шудан, беш аз пеш ба худ қиёфаи нав мегирад, дар ин ҷо барои сокинон имконот ва диданиҳои бештар фароҳам меояд.
26-уми декабр хурсандии аҳолии минтақаи Сергели, ки аз назари масоҳат калонтарин ноҳияи пойтахт ба шумор меравад, ҳадду канор надошт. Пас аз се соли интизорӣ ба ин маҳдудаи шаҳр низ хати метро расид. Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев ба ин ҷо ташриф оварда аз наздик бо эъҷозкориҳои метросозон ошно ва кушода шудани хатсайри нави метрои рӯйизаминии пойтахт – «Олмазор – Қипчоқ»-ро эълон кард. Ҳангоми мулоқот ва пардакушоӣ ӯ изҳор дошт: «Оё ба хаёли касе меомад, ки рӯзе дар Сергели низ метро сохта мешавад? Ҳоло имрӯз мардуми мо шоҳиди ин муъҷиза аст. Ин воситаи нақлиётест, ки аз назари экологӣ тозатарин ба ҳисоб меравад. Мебояд роҳҳои дигари метроро низ, бо такя ба таҷрибаҳои ҷаҳонӣ, барои мусофирон ҳамаҷониба мусоид, бо амнияти боло ва хушсифат бисозем».
Ҷойи зикр аст, ки тӯли хати метрои рӯйизаминии Сергели дар ҳоли ҳозир 7,1 км мебошад. Истгоҳҳои он феълан бо тартиб аз як то шаш шуморагузорӣ шудаанд ва дар оянда чунин номҳоро хоҳанд гирифт: «Чоштепа», «Шоҳроҳи камарбандии Тошканд», «Сергели», «Афросиёб», «Қипчоқ», «Чинор». Минбаъд идомаи он ба хати метрое, ки аз самти мавзеи «Қуйлуқ» меояд, васл мегардад.
Хати мазкури метрои рӯйизаминӣ дар истгоҳи зеризаминии «Олмазор» ба хати қадимаи «Чилонзор»-и шабакаи сартосарии метрои шаҳр пайваст мешавад. Дар ин ҷо истгоҳи «Олмазор» тавассути нақбе ба дарозии 580 метр ва созаю гузаргоҳҳои зерзаминию рӯйизаминӣ ба истгоҳи нави «Чоштепа» васл меёбад. Дар идома хати метро шоҳроҳи Чоштепа, хиёбонҳои Мирзо Турсунзода, Қипчоқ ва дар поён, дар гузари «Спутник» кӯчаи Марлиро бурида мегузарад.
Бино ба гуфтаи муҳандиси калони тарҳи метро Суннат Ҷумъабоев, хати метрои Сергели дар арозии аз лиҳози заминшиносӣ хеле сахт эҳдос шудааст, чаро ки ин минтақа гузашта аз боло будани сатҳи обҳои зерзаминӣ, ноҳияи зилзилахези нуҳимтиёзӣ ба шумор меравад. Баландии хати метро аз сатҳи замин 6 метр аст. Сармоягузорӣ ҷиҳати эҳдоси хати метрои рӯйизаминии Сергели аз буҷаи давлатӣ ва Сандуқи навсозӣ ва рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, бобати он муодили 70,1 млн. доллар маблағ сарф шудааст. Истгоҳҳои метро бештар бо сабку усули миллӣ тарроҳӣ шуда, бо васоити фаннии муосир, турникетҳои электронӣ, зинаҳои равон ва лифтҳо муҷаҳҳаз мебошанд. Куллан барои хати нав 214 нафар хидмат мерасонанд.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ки роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Сергели аз касрати мошин доимо тирбанд аст ва аҳолии ин минтақа мушкилоти зиёди рафтуомадро дорад, бунёд шудани хати нави метро дорои аҳамияти калони иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ аст. Ин роҳи метро метавонад дар як шабонарӯз то 35 ҳазор мусофирро фаро бигирад.
Гуфтан бамаврид аст, ки 26-уми декабр Раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Сергели дар канори метрои нав ба истифода супурда шудани пули бузургеро дар роҳи Қипчоқ, ки дар идома аз маҳаллаи Хонобод гузашта ба шоҳроҳи камарбандӣ васл мешавад, эълон намуд. Ин пули бетонии мусаллаҳ бо тӯли 772 метр дар маҳалли буриши хиёбони Қипчоқ бо роҳи оҳани «Тошканд – Ангрен» сохта шудааст. Қисми гузаргоҳии он дар иртифои роҳи оҳан 445 метр ва баландиаш 28 метр мебошад. Қаблан роҳи ёдшуда бисёр тору танг буд, ҳангоми гузаштани қатор тамоми васоити нақлияро лозим меомад, ки муддатҳои тӯлонӣ мунтазир бимонанд. Ҳоло дар маҳалли буриш арзи роҳ васеъ гардид ва дар болои пул он шаш хати ҳаракатро фаро мегирад.
Мебояд ёдоварӣ намуд, ки танҳо дар се соли охир дар ноҳияи Сергели 460 боб бинои бисёрошёнаи нав сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Дар тӯли ин муддат бештар аз 100 ҳазор нафар ба ноҳия нақли макон кардаанд ва аҳолии ноҳия низ аз 276 ҳазор нафар гузаштааст. Ба хотири беҳбуди шароити зист, осон шудани корҳои идорию фароҳам овардани имконоти бештари зиндагӣ бо пешниҳоди сарвари кишвар дар бағали Сергели ноҳияи нав – Янгиҳаёт таъсис дода шуд.

Юнуси ИМОМНАЗАР,
шаҳри ТОШКАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: