НАВЪҲОИ КАЛИМАҲОИ ВОМӢ

Таркиби луғавии забон бойигарии луғавии ҳар як забонро нишон медиҳад.

Дар он ҳама гуна калимаҳои ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти воқеии соҳибзабонон марбут арзи вуҷуд намудаанд. Ин буд, ки дар таркиби луғавии забон як миқдор калимаҳои аз забонҳои дигар воридгашта низ ҷой доранд, ки онҳо дар ҳукми калимаҳои вомӣ мебошанд.
Калимаҳои вомӣ унсурҳои овозӣ (фонетикӣ), дастурӣ (грамматикӣ) ва семантикӣ-маъноии аз як забон ба забони дигар воридшуда мебошанд. Воридшавии калимаҳои вомӣ ҳодисаи мураккаби забонӣ буда, ба омилҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, тиҷоратӣ, илмию фарҳангӣ, муҳити ҷуғрофӣ, билингвизм ва амсоли инҳо вобаста аст. Сабаби дигари воридшавии калимаҳои забони бегона ба предмет, ҳодисаю воқеаҳои рӯзафзуни ҳаёти воқеӣ, эҳтиёҷи номдиҳӣ доштани забон ва инчунин ба касолати ҳодисаи сермаъноии қабати семантикии забон марбут аст.
Забоншиносони тоҷик варваризму экзотизмҳоро иштибоҳан ба тариқи иҷмол дар ҳукми калимаҳои вомӣ донистаанд, ки дуруст нест, зеро ки онҳо ба таркиби луғавии забон ворид нагаштаанд. Вале, нигорандагон онҳоро аз таркиби луғавии забони ғайр гирифта ба дасти тасвир медиҳанд. Калимаҳои вомӣ бошанд, воҳидҳои луғавии забони бегона буда, дар забони вомгир ҳодисаи азхудшавии савтӣ-овозӣ (фонетикӣ), дастурӣ (грамматикӣ) ва луғавиро паси сар карда, ба шумори калимаҳои худӣ мансубият пайдо кардаанд. Монанди ҳамин, унсурҳои тасодуфӣ низ ба калимаҳои вомӣ иртиботе надоранд ва онҳоро аз зумраи калимаҳои вомӣ пиндоштан ғалати маҳз аст.
Калимаҳои вомӣ, ки барои ифодаи мафҳум ва маънӣ аз забонҳои дигар ворид шудаанд, дорои навъҳои зерин мебошанд: луғавӣ, сарфӣ, савтӣ, наҳвӣ ва маъноӣ.
Навъи луғавии калимаҳои вомӣ он аст, ки калимаҳои забони бегона (вомдеҳ) чун воҳиди мустақили нутқ ба забони вомгир ворид гашта, ба қоидаи дастурии забони вомгир итоат мекунад, яъне аз худ мешавад. Масалан, калимаҳои арабии истиқбол, истинтоқ, истифода, истироҳат, истеъмол, истило ва амсоли инҳо, ки масдарҳои феъли намуди даҳуми арабианд, дар забони тоҷикӣ бо феълҳои ёридиҳандаи тоҷикӣ феълҳои таркибии номӣ сохтаанд: истиқбол гирифтан, истинтоқ кардан, истироҳат кардан, истило кардан, истифода намудан, истеъмол гаштан. Ин калимаҳо дар калимасозӣ низ иштирок намудаанд: серистеъмол, сӯиистифода, истироҳатгоҳ, истилогар ва монанди инҳо.
Навъи савтии (фонетикии) воридшавии воҳидҳои забонӣ дар зимни калимаҳои вомии ба тарзи луғавӣ воридшуда сурат мегирад. Воридшавии савтӣ чун ҳодисаи азхудшавии савтӣ тез воқеъ намегардад. Чунончи, аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ дар тӯли садсолаҳо фақат як овоз — айн ( ъ) ворид гаштааст. Калимаҳое, ки дар забони тоҷикӣ ҳарфи «ъ» доранд, аксар воҳидҳои луғавии арабианд: маъно, даъво, маъруф, истеъдод, маълум, таътил, саъй, раъд, қаър, баъд, шамъ, воқеъ, вуқӯъ...
Навъи наҳвии калимаҳои вомӣ он аст, ки ибораю таркибҳои забони вомдеҳ ба забони вомгир ворид мегарданд. Масалан, воҳидҳои наҳвии арабии зерин дар забони тоҷикӣ чун воҳиди луғавӣ истифода мешаванд: зарбулмасал, дорулфунун, байнаннаҳрайн, Мовароуннаҳр... Баъзан дар забони вомгир ба ҷузъи калимасоз табдил ёфтани яке аз ҷузъҳои ин гуна воҳидҳои наҳвии арабӣ ба мушоҳида мерасад. Масалан, калимаи «нисо» (зан) дар забони тоҷикӣ нишондиҳандаи ҷинси занона буда, дар номгузорӣ чун муродифи «бибӣ» ва «бону» истеъмол мешавад: Тоҷинисо, Хайринисо, Рисқинисо, Қумринисо, Баҳринисо, Меҳринисо...
Монанди ҳамин, калимаи арабии «абду» (банда, ғулом) дар забони тоҷикӣ чун нишондиҳандаи ҷинси мардона дар номгузорӣ истифода шудааст: Абдуқодир, Абдураҳмон, Абдунабӣ, Абдумалик...
Ба навъи наҳвии калимаҳои вомӣ таркибҳои пешояндии арабии монанди «билъакс», «билкулл», «билфеъл», «билхайр», «билҷумла» ва монанди инҳо низ дохил мешаванд, ки муродифҳои тоҷикии онҳо бо пешвандҳои «бар-», «ба-» ва пасванди «ан» сохта мешаванд: билъакс – баръакс, билхайр – бахайр, билтафсил – батафсил, билфеъл – феълан...
Калимаҳои вомии маъноӣ (семантикӣ) навъи дигари калимаҳои вомист. Ба маънои калимаи забони вомдеҳ мавриди истеъмол қарор гирифтани воҳидҳои луғавии забони вомгир ба калимаҳои вомии маъноӣ мансуб аст. Масалан, дар забони тоҷикӣ калимаҳои «огоҳӣ» ва «танбеҳ» дар натиҷаи маънои калимаи русии «предупреждение» ва «выговор»-ро бо калимаҳои тоҷикӣ ифода кардан ба вуҷуд омадаанд. Навъи калимаҳои вомии маъноӣ дар забони тоҷикӣ мавриди таҳқиқ қарор нагирифтааст. Ҳалли ин масъала дар пеш аст.
Ҳамин тавр, калимаҳои вомии тоҷикӣ тавассути омили иҷтимоӣ ва дохилизабонӣ ворид гашта, дар маҷрои инкишофи таркиби луғавии забон дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ боиси ғановати маъно ва инкишофи муродифот гаштааст. Ба ин маънӣ ба ҷараёни рушди забон бо таҳқиқи асарҳои бадеӣ то андозае рӯшанӣ андохтан мумкин мегардад. Калимаҳои вомӣ дар рушду камоли забони вомгир мақоме доранд, ки таҳқиқи онҳо хусусияти назариявӣ ва амалии забоншиносиро пурарзиш менамоянд.

Малик КАБИРОВ,
устоди Донишкадаи давлатии омӯзгории Чирчиқи вилояти
Тошканд, номзади илмҳои филология, дотсент.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: