Назаре аз хориҷа: Мулоқоти бевоситаи байни сарони Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ оид ба муносибатҳои шарикии махсуси стратегӣ аҳамияти бемисл дорад

Ҳамоиши онлайни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин дар мадди назари ҷомеаи байналхалқӣ қарор гирифтааст.

Ҳамоиши онлайни Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чже Ин дар мадди назари ҷомеаи байналхалқӣ қарор гирифтааст.
Ли Кёнг Сик, президент-ношири маҷаллаи «The Korea Post»:
– Қайд кардан хурсандиовар аст, ки муносибатҳои анъанавии тарафайни дӯстонаи байни Куриёи Ҷанубӣ ва Ӯзбекистон бо вуҷуди вазъияте, ки бинобар пандемияи коронавирус дар ҷаҳон мавҷуд мебошад, бо мазмуни пурмуҳтаво ғанӣ мегардад ва идома меёбад. Фикр мекунам, мулоқоти бевоситаи байни сарони кишварҳои мо барои амиқ сохтани ҳамкориҳои тарафайн ва муносибати шарикии махсуси стратегӣ аҳамияти бемисл дорад.
Ба ин маънӣ мехостам таъкид намоям, ки ҳамоиши онлайни баргузоршуда чорабинии муҳим гардид, он ҳамкории ба худ хос буд ва имкон дод, ки бинобар масъалаҳои рӯзмарраи рӯзномаи дуҷониба мубодилаи афкор карда шавад.
Муътақидам, ки муоҳидаҳои дар мулоқот бадастомада барои рушди мустақими минбаъдаи ҳамкории байни кишварҳои мо такони иловагӣ мебахшанд.
Ҳамчунин бояд зикр сохт, ки Ӯзбекистон шарики асосии Ҷумҳурии Куриё бобати татбиқ намудани «Сиёсати нави шимолӣ» дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
Метавон бо эътимод гуфт, ки ҳамоиш-онлайни ӯзбекистониву куриёӣ бори дигар манфиатдории дуҷониба ва эътиқоди кишварҳои моро барои таҳкими робитаҳои тарафайни бародарӣ, ки ҳанӯз аз замони Шоҳроҳи абрешим оғоз гирифтаанд, собит намуд.
Ким Сонг Ин, директори иҷрогари Котибияти Анҷумани оид ба ҳамкории «Ҷумҳурии Куриё – Осиёи Марказӣ»:
– Солҳои охир муносибатҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Куриё торафт бештар инкишоф меёбанд. Дар соли 2019 ба дараҷаи шарикии махсуси стратегӣ бардошта шудани муносибатҳои ӯзбекистониву куриёӣ тасдиқи ин гуфтаҳо мебошанд.
Бовар дорам, ки ҳамоиши баргузоршудаи онлайнӣ низ ба таърихи ҳамкории мо ҳамчун даврони муҳими ин мулоқоти боэътимоду рӯшод дохил мешавад. Аҳамияти ҳамоиш дар замони пандемия баланд мегардад ва бори дигар собит менамояд, ки ҷонибҳо аз таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ манфиатдор мебошанд.
Ба ин маънӣ мехостам дар бораи нақши муҳими Ӯзбекистон дар Анҷумани оид ба ҳамкории «Ҷумҳурии Куриё – Осиёи Марказӣ» чанд сухан бигӯям. Ба шарофати рағбати ҷониби Ӯзбекистон ва бахусус саъю кӯшишҳои роҳбарияти Ӯзбекистон Анҷуман соҳати ҳамкориҳояшро вусъат медиҳад ва барои манфиати шукуфоии умумии минтақаи Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои нав татбиқ мегарданд.
Ҳамчун роҳбари Котибияти Анҷуман мехостам изҳор намоям, ки мо бо ҷониби Ӯзбекистон барои кори муштарак баҳри такмил додани ин соҳати муҳими ҳамкориҳои бисёрҷанбаи тарафайн ва татбиқ намудани лоиҳаҳои афзалиятнок дар Осиёи Марказӣ, ки ба манфиати тамоми иштирокдорон ҷавобгӯ мебошанд, омода ҳастем.
Макс Сей, Директори иҷрогари маркази таҳлилии «Kingsley Strategic Institute» (Малайзия):
– Муносибати шахсии дӯстонаи байни Президентҳои Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ сатҳи баланди мулоқоти байнидавлатиро, ки ба шарикии тарафайн ва стратегӣ асос мекунанд, таъмин менамояд.
Гуфтушунид бинобар Муоҳидаи дуҷониба дар бораи шарикии пойдори тиҷоративу иқтисодӣ барои рушди минбаъдаи ҳамкории байни кишварҳо дар соҳаи зикршуда хеле саривақтӣ ва муҳим ба шумор меравад. Дар мавриди ҳарчи зудтар ба имзо расидани ҳуҷҷати мазкур он аввалин санади Куриёи Ҷанубӣ дар бораи савдо бо шарикон дар доираи «Сиёсати нави шимолӣ»-и Сеул мегардад.
Он санад, ки Президент Мун Чже Ин дар соли 2021 аввалин мулоқоти расмии дуҷонибаро дар сатҳи олӣ маҳз бо Президент Шавкат Мирзиёев баргузор кард, бори дигар аз афзудани обрӯ ва нуфузи Ӯзбекистони нав дар миқёси ҷаҳон дарак медиҳад.
Тавре ки сарвари Куриёи Ҷанубӣ таъкид кард, ҳамоиши виртуалӣ, бешубҳа, барои ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва шукуфоии муштарак дар даврони пас аз пандемияи коронавирус давраи нав мегардад.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: