Назаре аз ИМА:

Назаре аз ИМА: ИДОРАИ МАҲАЛЛА ДАР ӮЗБЕКИСТОН ИН МИСОЛИ РАВШАНИ ОН АСТ, КИ ЧӢ ГУНА МАДАНИЯТИ ДОРОИ ТАЪРИХИРО МЕТАВОН БА ФЕНОМЕНИ ИҶТИМОИЮ СИЁСИИ МУВОФИҚИ ЗАМОН ТАБДИЛ ДОД

Назаре аз ИМА: 
ИДОРАИ МАҲАЛЛА ДАР ӮЗБЕКИСТОН ИН МИСОЛИ РАВШАНИ ОН АСТ, КИ ЧӢ ГУНА МАДАНИЯТИ ДОРОИ ТАЪРИХИРО МЕТАВОН БА ФЕНОМЕНИ ИҶТИМОИЮ СИЁСИИ МУВОФИҚИ ЗАМОН ТАБДИЛ ДОД


, Дар сомонаи хидмати хабарии «CNN»-и амрикоӣ мақола бахшида ба нақши маҳалла дар ҷомеаи Ӯзбекистон чоп шуд.
Дар мақола қайд мегардад, маҳалла, ки дар ибтидои асрҳои миёна ба майдон омада буду ба урфу одатҳои исломӣ ва анъанаҳои оилавӣ такя мекард, ба сохтори муҳими иҷтимоии Ӯзбекистон, мавзеи нодири иҷтимоӣ ва ҳаммонанди шаҳри рӯзҳои мо табдил ёфт.
«Маҳаллаҳо саъю кӯшиши мардумро бобати аз насл ба насл нигоҳ доштану ҳифз кардани тарзи ҳаёт, мафкурае, ки то имрӯз дар ҷомеа устувор набуд, инъикос мекунанд, – гуфта мешавад дар мақола. – Ҳоло маҳалла ба сифати худидораи шаҳрвандӣ ва идораи ҷомеаи ҳозиразамони шаҳрвандӣ аз нав барқарор гардид. Онро ҷомеаи шаҳрвандон идора мекунад, ҳаллу фасли масъалаҳои рӯзмарра аз ҷониби шӯро (мақомоти интихоботӣ) қабул карда мешаванд, ки ба мардуми Ӯзбекистон барои кӯмакрасонӣ дар ташкили тартиботи миллӣ, таҳкими ҳамдилии гурӯҳӣ ва дастгирии ҷомеаҳои ҳаётӣ имконият медиҳад».
Хабар дода мешавад, ки дар тамоми мамлакат ҳазорҳо ҷамоатҳои шаҳрвандон (маҳаллаҳо) беш аз 30 вазифаҳои гуногуни давлатиро, ки пештар аз ҷониби мақомоти худидораи шаҳрвандон иҷро мегардиданд, бомуваффақият ҳаллу фасл менамоянд. Ин пешрафти масъул маънои онро дорад, ки талаботи мардум метавонанд худ аз худ бо дарки онҳо қонеъ шаванд.
«Мувофиқи он, ки маҳалла мавқеи сиёсии худро дар Ӯзбекистон ҷонибдорӣ мекунад, имконияти мустаҳкам кардани робитаҳои байни ҳокимиятҳо (мақомоти идораи ноҳия, шаҳр, ё худ вилоят) ва ҳар кадом ҳоким (сарвари ноҳия, шаҳр, ё худ вилоят аз ҳар як маҳалла) ба миён меояд, – таъкид менамояд CNN. – Аз ҳисоби бо маблағ таъминкунии иловагӣ ва вусъат додани ҳамкорӣ риояшавии қонунгузории нав ва қонунгузории коркардшударо дар соҳаҳои шуғл, таълим ва таъминоти иҷтимоӣ таъмин сохтан мақсади маҳалла ба шумор меравад».
Таъкид мегардад, ки маҳаллаҳо минбаъд танҳо иттиҳоди сокинон набуда, балки аз маркази ҳамоҳангсоз барои миқдори рӯзафзуни вазифаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ба шумор мераванд, ки бинобар беҳтар кардани авзои ҷомеа баҳогузорӣ мешаванд. Мақсади онҳо ҳамоҳанг сохтани ҳуқуқҳои инсон ва дар ин кор дар аввал гузоштани манфиатҳои Ӯзбекистон ва халқи он мебошад.
«Дар мавриди чунин идораи нав миллат метавонад шакли оммафаҳми давлати халқӣ ва манбаи илҳомбахш баҳри ҷоме-аҳои умумӣ гардад. Маҳалла ин мисоли он аст, ки чӣ гуна маданияти дорои таърихиро метавон ба феномени иҷтимоию сиёсии мувофиқи замон табдил дод, – хулоса мекунад «CNN».

АИ «Дунё»,
ВАШИНГТОН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: