Намоишгоҳи «Хазинаи ҳафриётии Ӯзбекистон. Аз Искандари Мақдунӣ то Салтанати Кушониён», ки 3 майи соли равон бо ҳузури Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Федералии ҶФО Франк-Валтер Штайнмаер дар Берлин кушода шуд, то ҳол эътибори тамошобинон ва расонаҳои ахбори оммавии Олмонро ҷалб менамояд.
Шабакаи телевизионии «RBB-Aernsehen» (Барномаи телевизионии радиои Берлин ва Бранденбург), ки беш аз 1,5 миллион нафар тамошобин дорад, дар бораи воқеаи мазкур гузориш омода кард. «Тошкент. Самарқанд. Бухоро. Танҳо номи шаҳрҳои Ӯзбекистон чун дар афсона ва саргузаштҳо садо медиҳанд. Осорхонаи нав ва нигористони Ҷеймс Симон ба ин олами афсонавӣ фурӯ меравад ва «Хазинаи ҳафриёти Ӯзбекистон» – санадҳои даврони байни асрҳои IV-и то милод ва асри IV-и даврони моро намоиш медиҳад. Садҳо нигораҳо бори аввал дар Олмон ба намоиш гузошта шудаанд. Зебу зинатҳои аҷиб, ҳайкалчаҳои зебо – ҳамаи онҳо аз гузаштаи дур шаҳодат медиҳанд, гувоҳи он мебошанд, ки замоне тамаддун дар Ӯзбекистон инкишоф ёфта будааст, тамаддуне, ки ҳанӯз дар гузаштаи дур Шарқ ва Ғарбро мепайваст. Он санад, ки ин хазинаи санъат бори аввал дар Берлин намоиш дода мешавад, ҳатто барои рӯзноманигороне, ки аз Ӯзбекистон омадаанд, ғайриоддӣ буд, – сабт мекунанд расонаҳои ахбори оммавӣ.
Рӯзномаи ҳамарӯзаи «Berliner Morgenpost», ки беш аз 100 ҳазор нусха чоп мешаваду хонандагонаш бо назардошти нусхаи онлайнии он тақрибан 500 ҳазор нафар мебошанд, таҳти сарлавҳаи «Дар намоишгоҳ бозёфтҳои нодир аз Ӯзбекистон гузошта шудаанд» мақолаеро интишор намуд. Дар он таъкид карда мешавад, ки намоишгоҳ дар Осорхонаи нав ва нигористони Ҷеймс Симон кишвари Осиёи Марказиро ҳамчун чорроҳаи тамаддуни ҷаҳонӣ нишон медиҳад. «Анқариб 280 ашё аз Ӯзбекистон ба Берлин фиристода шуд, ки ҳоло якҷо бо тақрибан 70 нигора аз бунёди берлинӣ дар бораи сарвати таърихӣ, ҳамчунин гуногунрангии ғайриоддии фарҳангӣ маълумот медиҳанд»,– зикр мегардад дар мақола.
Дигар рӯзномаи ҳамарӯза «Berliner Zeiung» («Берлинер Сайтунг»), ки бо теъдоди 150 ҳазор нусха чоп шуда, хонандагонаш ба 900 ҳазор нафар мерасад, навиштааст: «Намоишгоҳ дар Осорхона касро ба соҳате мебарад, ки Аврупо бо Шарқ – ҳамчунин Олмон ба Ӯзбекистон рӯ ба рӯ мешаванд». Тавре ки нашрия қайд мекунад, намоишгоҳ тамошобинро ба Ӯзбекистони қаблан ношинос мебарад, ба Ӯзбекистоне, ки дар Олмон таҳти таъсири меъмории исломии Бухоро ва Самарқанд ташаккул ёфтааст. «Тамошои осори пешниҳодшуда моро ҳамчунин бо тамаддуни юнониён, ки Искандари Мақдунӣ ҳангоми юришҳояш бо худ ба он минтақа бурда буд, ошно мекунанд. Ин натиҷаи омезиши Шарқи Дур, Аврупо бо Осиё мебошад. Чунин омезишро, барои мисол ҳайкалчаҳои аввалини Буддо собит месозанд. Ин ҳамоиш қодир аст тасаввуротро дар бораи он, ки чӣ марказ ба шумор меравад ва чӣ қаробати он халалдор кунад», – таъкид менамояд «Berliner Zeiung».
Дар сомонаи рӯзномаи «B.Z./B.Z. am Sonntag» мақола таҳти унвони «Гӯё аз «Ҳазору як шаб». Хазина аз Ӯзбекистон дар нигористони Ҷеймс Симон» «Шаҳрҳое чун Самарқанд ва Тошканд, то ҳол барои бисёриҳо аз афсонаҳои «Ҳазору як шаб» шиносанд, чоп шудааст. Искандари Мақдунӣ дар бораи ин минтақа бо ифтихор ҳарф задааст, ҳамчунин Марко Поло ва Ҳӯте. Намоишгоҳи нав ба бинандагон имкон медиҳад, ки ба таърихи қадимаи Ӯзбекистон саёҳат кунанд», – менависад нашрия.
Дар мақола гуфта мешавад, ки тӯли асрҳо Шоҳроҳи абрешим хатсайри муҳимтарини савдои ҷаҳон ва Ӯзбекистон дар қалби он ҷойгир буд. Намоишгоҳи «Хазинаи ҳафриётии Ӯзбекистон» дар нигористони Ҷеймс Симон ва Осорхонаи нав собит менамояд, ки таърихи ин мамлакат чи гуна тӯлонӣ ва рангин аст.
АИ «Дунё»,
шаҳри
Франкфурти лаби Майн.