НАЗАРЕ АЗ МАЛАЙЗИЯ БА РУШДИ МИНБАЪДАИ САЙЁҲӢ ДАР ӮЗБЕКИСТОН

Ислоҳоти васеъмиқёсе, ки роҳбарияти Ӯзбекистон барои рушди бештари соҳаи сайёҳӣ амалӣ менамояд, дар Малайзия рағбати зиёд пайдо мекунад.

Муовини директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти ҳалолӣ ва менеҷменти Донишгоҳи илмии исломии Малайзия Норхаяти Рафида бинти Абдул Раҳим аз ин хусус мулоҳизаҳои худро изҳор намуд:
– Донишкадаи мо бо масъалаҳои тайёр кардан ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисон дар соҳа-ҳои менеҷмент ва сертификатсияи ҳалолӣ, аз ҷумла барои саноати сайёҳӣ машғул мебошад.
Мо бо ҷиҳатҳои асосии Фармони Президент Ш. М. Мирзиёев «Дар бораи чораҳои рушди бештари сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва Қарори Президент «Дар бораи чораҳои рушди бештари соҳаи сайёҳӣ» шинос шудем. Бояд таъкид кард, ки қарор бобати аз 1 феврали соли 2019-ум ба муҳлати 30 рӯз барои шаҳрвандони 45 кишвар ҷорӣ намудани режими бидуни раводид ҳодисаи махсус ва давраи муҳими таърихи ташаккул додани сайёҳӣ ба сифати соҳаи алоҳидаи иқтисодиёти Ӯзбекистон ба шумор меравад. 
Мо, аҳлии Малайзияро, он санад хурсанд мекунад, ки Малайзия аз аввалин кишварҳо буд, ки барои шаҳрвандони онҳо Ӯзбекистон ба муҳлати 30 рӯз режими бидуни раводидро муқаррар кард. Нисбат ба соли 2017-ум дар соли 2018-ум беш аз 70 фоиз зиёд шудани миқдори сайёҳони Малайзия ба ҷумҳурӣ  натиҷаи ин чорабиниҳо мебошад. 
Дар ин маврид миқдори шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ӯзбекистон омаданд, нисбат ба нишондиҳандаи соли 2017-ум тақрибан 2 баробар афзуд ва қариб 5 миллион нафарро ташкил дод. Бояд зикр сохт, ки ҳамаи ин бо назардошти ҷорӣ намудани режими бидуни раводид барои танҳо шаҳрвандони 9 кишвар мебошад. Ман бовар дорам, ки миқдори рӯйхати мазкур бо назардошти 45 давлат чандин карат зиёд аст, зеро он шароити мусоидро барои хеле афзудани миқдори сайёҳон ба ҷумҳурӣ таъмин менамояд. 
Баробари ин ҷорӣ гардидани расмикунонии раводидҳои электронии сафар барои шаҳрвандони 76 кишвар, ҳамчунин табақаҳои нави раводидҳои сафарӣ, аз ҷумла «Vatandosh», «Student visa», «Academic visa», «Medical visa» ва «Piligrim», имкон медиҳад ҷараёни расмикунонии раводиди сайёҳони хориҷӣ тезонида ва соддатар карда шавад. Ғайр аз ин, навгониҳои қабулшуда корро сабук мекунад ва низоми ба роҳ мондани мониторинги идораҳои масъули Ӯзбекистонро ба танзим меоварад.
Ҳамчунин мехостам таъкид намоям, ки пешниҳоди ҳуқуқ ба дарёфти ҳуҷҷат барои истиқомат дар Ӯзбекистон ба шаҳрвандони 109 мамлакат бо шарти хариди моликияти ғайриманқул дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҷолибияти сармоявиро хеле баланд бардошта, боиси даромадҳои иловагӣ ба иқтисодиёти мамлакати шумо мегардад.
Донишкадаи мо ният дорад дар кори Анҷумани аввалини байналхалқӣ бинобар саёҳати зиёратӣ, ки 21-23 феврали соли равон дар шаҳри Бухоро баргузор мегардад, ширкат кунад. Бешубҳа, ин чорабинӣ барои вусъатёбии ҳамкориҳои байни Донишкадаи тадқиқоти ҳалолӣ ва менеҷменти Малайзия, ҳамчунин намояндагони Ӯзбекистон дар соҳаи тайёр кардани мутахассисони соҳибтахассус дар соҳаҳои менеҷмент ва сертификати ҳалолӣ хидмат хоҳад кард.

ОИ «Дунё». 
Шаҳри Куала-Лумпур.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: