Назаре аз Покистон: САЪЮ КӮШИШҲОИ ӮЗБЕКИСТОН БОБАТИ ФАРОҲАМ ОВАРДАНИ МУҲИТИ НЕКҲАМСОЯГӢ ДАР МИНТАҚА БА ВАЗЪИЯТИ АФҒОНИСТОН ТАЪСИРИ ХУБ МЕРАСОНАД

Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ПТСБ) якҷо бо Пажӯҳишгоҳи асри Авроосиёи Покистон дар мавзӯи «Ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар раванди танзими сулхоҳона дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА)» конфронси онлайн баргузор кард, ки дар он сарварон ва коршиносони машҳури марказҳои «ақлӣ» ва сохторҳои тадқиқотии ду мамлакат ширкат ҷустанд.

Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон (ПТСБ) якҷо бо Пажӯҳишгоҳи асри Авроосиёи Покистон дар мавзӯи «Ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ дар раванди танзими сулхоҳона дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА)» конфронси онлайн баргузор кард, ки дар он сарварон ва коршиносони машҳури марказҳои «ақлӣ» ва сохторҳои тадқиқотии ду мамлакат ширкат ҷустанд.
Баъди анҷоми чорабинӣ як қатор иштирокдорони покистонии он ба хабарнигори АИ «Дунё» фикру ақидаҳои худро оид ба натиҷаҳои конфронс, дар бораи ҳамкории ду кишвар бинобар танзими сулҳхоҳонаи зиддияти бисёрсолаи Афғонистон, нақши Ӯзбекистон дар сохтори сулҳхоҳонаи  Афғонистон иброз доштанд. 
Бинобар ақидаи президент ва асосгузори Пажӯҳишгоҳи асри Авроосиё Ирфон Шоҳзод Такалвӣ саъю кӯшишҳои Ӯзбекистон бобати коркарди ҳамгароии васеи байналхалқӣ оид ба равандҳои танзими сулҳхоҳона барои пешбурди Афғонистон бо роҳи сулҳ ва эътидоли деринтизор аҳамияти бузург дорад. 
– Ташаббусҳои Тошканд дар соҳаи ташаккул додани қаробати тарафайни минтақавӣ, савдо, таъминоти энергия, пешниҳоди ёрии башардӯстона ба Афғонистон дар истиқрори иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон, инкишоф ёфтани ҳамкории васеи минтақавӣ дар соҳаи мазкур саҳми азим мегузоранд, – мегӯяд Ирфон Шаҳзод Такалвӣ. – Исломобод ва Тошканд минбаъд низ бояд оштии дохилии Афғонистонро дастгирӣ кунанд, ҳамчунин аз саъю кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ бобати таъмин сохтани сулҳу эътидоли устувор дар ин кишвар пайгирӣ намоянд. 
Афғонистон, ба фикри ман, «пули байниқитъавӣ» ба шумор меравад. Баробари дар Афғонистон қарор ёфтани сулҳ тамоми минтақа аз натиҷаҳои вусъат пайдо кардани робитаҳои тиҷоратӣ, иртиботи байни мардум, афзун шудани сармоя баҳра хоҳанд бурд, дар натиҷа, минтақаи мазкур ҳам барои Осиё, ҳам умуман барои Авроосиё муҳаррики пешрафт хоҳад шуд. Ғайр аз ин сулҳу эътидол дар Афғонистон барои кишварҳои минтақа имконияти барои таъминсозии амният ба мақсади рушд ва пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ равона кардани захираҳои гаронбаҳоро фароҳам меоварад. 
Афғонистон ҷузви ҷудонопазири Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Кӯшишоти Тошканд бинобар фароҳам овардани муҳити некҳамсоягӣ дар минтақа ба вазъияти Афғонистон таъсири хуб мерасонад. Барои кишварҳое, ки ҳамчун Афғонистон, аз зиддиятҳои дуру дароз раҳоӣ ёфтаанд, чунин вазъият барои оғози роҳи нав ба истиқболу шукуфоӣ бағоят мусоид хоҳад буд. Мо ҳамчунин мехостем, ки чунин муҳит дар ҷониби дигари Афғонистон – Осиёи Ҷанубӣ низ фароҳам оварда шавад.
Бояд қайд намуд, ки инфрасохтор барои ҳамкории наздиминтақавӣ ҷиҳати асосӣ ба шумор меравад. Ҳоло Покистон ва Ӯзбекистон баҳри вусъат додани робитаҳои наздиминтақавӣ аз тариқи Афғонистон саъю кӯшиши зиёд мекунанд. Покистон бояд саъй намояд, ки истифодаи бандарҳои Гвадар ва Қарочӣ барои соҳибкорони Ӯзбекистон, Афғонистон ва кишварҳои дигари минтақа аз ҷиҳати тиҷорат ҷолиб бошанд.  Ва масъалаи охирин, вале хеле муҳим ин аст: бигузор мардум қарин бошанд ва робитаҳоеро, ки решаҳои бисёрасрина доранд, мустаҳкам гарданд.
Дар бораи ҳамкориҳои зиддиятнок бояд гӯям, ки ба фикри ман, дар самти мазкур масъалаи аввалин ва асоситарин ин аз байн бардоштани муаррифии нодурусти решадавондаи байни якдигар ба шумор меравад, ки маълумот ва тадқиқоти асосноку беғаразро дар бораи ҳамдигар тақозо менамояд. Дар ин бобат нақши марказҳои «ақлӣ» ва расонаҳои ахбори оммавӣ аҳамияти зиёд пайдо мекунад. 
Муҳаррири оҷонсии хабарии «News Network International», хабарнигори оҷонсии иттилоотии «Би-би-си» дар Покистон, ходими даъватшудаи Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти сиёсӣ Муҳаммад Тоҳир Хон зикр кард, ки Ӯзбекистон, бидуни шубҳа, дар танзими сулҳхоҳонаи зиддияти Афғонистон нақши муҳим мебозад.
– Ӯзбекистон – аввалин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад, ки дар моҳи марти соли 2018 байни ҳукумати ҶИА ва ҷунбиши «Толибон» гуфтушуниди сулҳхоҳонаро пешниҳод кард, – мегӯяд коршинос. – Ин ташаббус бевосита аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев пешниҳод гардид ва ҳам аз ҷониби толибон ва ҳам нируҳои дигари дохили Афғонистон хуб пазируфта шуд. Нақши сулҳхоҳонаи Ӯзбекистон, бидуни шак, аз ҷониби тамоми тарафҳо мақбул дониста мешавад, зеро аввалан, ин ҷумҳурӣ ҳамсояи бевоситаи Афғонистон мебошад, сониян, Ӯзбекистон ҳам бо ҳокимияти расмӣ дар Кобул ва ҳам бо намояндагони идораи сиёсии ҷунбиши «Толибон» муносибати хубу баробар дорад. 
Пешниҳоди сарвари Ӯзбекистон бобати фароҳам овардани муҳит барои баргузор кардани гуфтушунидҳо дар ҷумҳурӣ байни намояндагони ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши «Толибон» низ аз ҷониби умум дастгирӣ пайдо кард. Баъд аз ин роҳбари идораи сиёсии «Толибон» мулло Абдулғанӣ Бародар бо сафар ба Ӯзбекистон омад, вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон бо намояндагони ҷунбиши «Толибон» дар Қатар мулоқот кард. Бешубҳа, чунин кӯмак ба ҷараёни оштӣ мусоидат хоҳад кард, ман дар бораи ташаббусҳои Ӯзбекистон ҳам аз ҷониби ҳукумати Афғонистон, ҳам аз ҷониби ҷунбиши «Толибон» ягон фикру ақидаи танқидиро боре ҳам нашунидаам. 
Муътақидам, ки бояд ин ҳамкориро инкишоф дод ва бинобар масъалаи сохтори сулҳхоҳона дар Афғонистон, пеш аз ҳама, дар байни кишварҳои минтақа ба мувофиқа расид, зеро зиддиятҳои Афғонистон маҳз дар ин минтақа рух медиҳанд. Кишварҳои минтақа ва давлатҳои ҳамсояи Афғонистон аз кашолёбии ҷанг дар Афғонистон зиёни зиёд диданд. Зиддият ба минтақа таъсири нохуш мерасонад ва бояд бартараф карда шавад. Ҳар як кишвари минтақа дар Афғонистон манфиатҳои худро дорад ва бояд барои муваффақ шудан ба сулҳ дар кишвари ҳамсоя муттаҳид бошанд. 
Мутаассифона, пештар байни кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон ҳамкории самарабахш мушоҳида намегардид. 
Бовар дорам, ки ҳама гуна ҳаракати ба ҷараёни танзими сулҳхоҳона дар Афғонистон нигаронидашуда, бояд аз ин минтақа бархезад. Агар дар Афғонистон сулҳу салоҳ қарор ёбад, ин барои минтақа, барои тамоми кишварҳои минтақа ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ муфид хоҳад буд. 
Баъди батамом аз Афғонистон берун шудани қувваҳои ҳарбии хориҷӣ мамлакат бо зарурияти барқарор намудани иқтисодиёт рӯ ба рӯ мегардад. Вобаста ба ин Ӯзбекистон, Покистон ва мамлакатҳои дигар, ки бо Афғонистон бевосита ҳамсарҳад мебошанд, баҳри барқарор гардидани ин кишвар нақши муҳим мебозанд, зеро ғайр аз марзҳои умумӣ моро инчунин таърих, дин, маданияти умумӣ, қаробати забонҳо ва бисёр ҷузвҳои дигар алоқаманд мекунанд. Ман фикр мекунам, дигар кишварҳои асосии ҷаҳон низ бояд ба нақши муҳими мамлакатҳои ҳамсоя бобати истиқрори иқтисодии Афғонистон бартарӣ диҳанд.
Хурсандиовар аст, ки дар ҷараёни сафари намояндаи махсуси ИМА оид ба Афғонистон Залмай Халилзода ҳамроҳи мансабдори баландмартабаи амрикоӣ, ки ба масъалаҳои сармояҳо, лоиҳаҳои оид ба рушди иқтисодӣ машғул мебошад,  ба Ӯзбекистон, ки ба наздикӣ ба вуқӯъ пайваст, масъалаҳои татбиқ сохтани лоиҳаҳои иқтисодӣ, ҷалби сармояҳо, пешбурди таълим дар минтақа, аз ҷумла дар Ӯзбекистон ва Афғонистон дар маркази эътибори гуфтушунидҳои ӯзбекистониву амрикоӣ қарор доштанд.
Ҳамин тариқ, дар мавриди аз Афғонистон хориҷ гардидани қисми ҳарбиёни хориҷӣ Покистон ва Ӯзбекистон дар раванди барқарорсозии Афғонистон нақши муҳим ва марказӣ хоҳанд бозид, ки барои кори муштарак имконияти хуб хоҳад буд. Барои ин Ӯзбекистон ва Покистон бояд корхонаҳои муштарак ташкил намоянд ва баҳри истиқрори иқтисодии Афғонистон барномаҳо тартиб диҳанд.
Асосгузор ва директори генералии маркази таҳлилии Покистон «Хонаи Покистон» Роно Муҳаммад Атхар Ҷовид андеша дорад, ки Ӯзбекистон ба инфрасохтор ва истиқрори иҷтимоиву иқтисодии Афғонистон бевосита ва фаъолона ҷалб гардидааст. Ҷомеаи коршиносони байналхалқӣ саъю кӯшишҳои мунтазам ва амаливу мустақими роҳбарияти Ӯзбекистонро бинобар пешбурди ҷараёни сулҳхоҳона дар Афғонистон баланд арзёбӣ менамоянд. 
– Бо вуҷуди тамоми мураккабиҳои вазъият дар кишвари ҳамсоя, ҳамчунин бисёр манфиатҳои гуногунсамт ҷомеаи байналхалқиро зарур аст, ки мулоқоти мусбати байниафғонистониро ба сифати ягона роҳи баромадан аз шароити  ба миён омада ва шарти муҳими ҳамаҷониба қатъ ёфтани зӯроварӣ дастгирӣ намояд, – мегӯяд коршинос. – Дар вазъияти мазкур муттасил давом додани ин ҷараён маҳаки асосии талабот ба шумор меравад.
Вобаста ба ин таҳлилгари покистонӣ пешниҳод намуд, ки ҳамкории тарафайни амалиётгарон ва намояндагони сохторҳои илмиву тадқиқотӣ, коршиносиву таҳлилӣ ҳам дар худи ҶИА ва ҳам дар хориҷи он дастгирӣ карда шавад.  Ин ба гузаронидани таҳлили ҳамаҷонибаи мушкилот дар Афғонистон, дарки пурраи табиати зиддиятҳо, коркарди таклифҳои мушаххас бинобар ҷараёни сулҳхоҳонаи Афғонистон мусоидат ҳоҳад кард, – хулоса намуд ӯ.

АИ «Дунё».   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: