Дар саҳифаҳои талқини электронии рӯзномаи асосии Ҳиндустон «New Delhi Times» мақолаи сармуҳаррир Анкит Шривастава таҳти сарлавҳаи «Президентии Шавкат Мирзиёев оғози давраи нави рушд дар Ӯзбекистон гардид» чоп шудааст.
Дар саҳифаҳои талқини электронии рӯзномаи асосии Ҳиндустон «New Delhi Times» мақолаи сармуҳаррир Анкит Шривастава таҳти сарлавҳаи «Президентии Шавкат Мирзиёев оғози давраи нави рушд дар Ӯзбекистон гардид» чоп шудааст.
Тавре ки муаллиф қайд менамояд, аз замоне, ки Шавкат Мирзиёев вазифаи Президенти Ӯзбекистонро бар дӯш гирифт, мамлакат нафақат даврони бемисли рушди ҳамаҷонибаро аз сар мегузаронад, балки мавқеи худро дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун кишвари пешқадами Осиёи Марказӣ мустаҳкам мекунад.
Аз замони Президент шудани Шавкат Мирзиёев то имрӯз бобати рушди демократия ва пешрафти иқтисодиёт мунтазам қарорҳои ҷиддӣ қабул мешаванд. Ин ҷиҳат дар изҳороти баъдинаи ӯ: «Замони халқ ба ҳукумат не, ҳукумат ба халқ хидмат кардан фаро расид» равшан ба назар мерасад, – хабар медиҳад нашрия.
«Ислоҳоти иқтисодии Президенти Ӯзбекистон аллакай натиҷаҳои мусбат медиҳанд. Дар давроне, ки пандемияи COVID-19 ба иқтисодиёти ҷаҳон зарар мерасонад, дар мамлакат суръати ҳайратовари афзоиш мушоҳида мегардад, – таъкид мекунад Анкит Шривастава. – Дар нимаи аввали соли 2020 афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Ӯзбекистон бар муқобили 4,1 фоизи семоҳаи аввал 0,2 фоизро ташкил дод. Бонки умумиҷаҳонӣ рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро барои Ӯзбекистон дар соли 2021-ум 4,3 фоиз ва дар соли 2022-юм бошад, 4,5 фоиз пешбинӣ менамояд».
Тавре ки рӯзнома менависад, Президент Шавкат Мирзиёев нуфузи байналхалқии Ӯзбекистонро, бахусус ҳамчун кишвари пешқадами минтақа дар Осиёи Марказӣ зиёд кард. Дар даври пандемияи COVID-19 вай ба коркарди чораҳои муштарак оиди мубориза ба паҳншавии беморӣ сарварӣ намуд. Ӯзбекистон ба Қирғизистон ва Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона расонид.
Қайд мегардад, ки Президенти Ӯзбекистон садоқати кишвари худро ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ таъкид менамояд. Вай таклиф кард, ки таҳти васояти Созмони Милали Муттаҳид Маркази минтақавии рушди нақлиёт ва коммуникатсияҳо ташкил карда шавад.
Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин изҳор дошт, ки баргузоршавии Конфронси байналхалқии бахшида ба 10-умин солгарди Нақшаи муштараки минтақавӣ бинобар Стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии СММ-ро дастгирӣ менамояд.
Ин пешниҳод ва ташаббусҳои Ӯзбекистон нафақат аҳволи иқтисодӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ, балки эъмори амниятро дар минтақа мустаҳкам мекунанд.
Ӯзбекистон дар соҳати байналхалқӣ зуд ба кишвари пешқадами соҳаи амнияти минтақавии Осиёи Марказӣ табдил меёбад, – хулоса мекунад муаллиф.
АИ «Дунё»,
ДЕҲЛӢ.