НАЗАРЕ БА ШЕЪРИ ПАЙМОН

Паймон ҳамчун суханвари маъруф ва тавонои Ӯзбекистон, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод мекунад, аз ҷониби муҳаққиқону мунаққидон ва суханварони замонааш эътироф гардидааст ва бешубҳа, ба шиносномаи расмӣ эҳтиёҷ надорад.

Паймон ҳамчун суханвари маъруф ва тавонои Ӯзбекистон, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ эҷод мекунад, аз ҷониби муҳаққиқону мунаққидон ва суханварони замонааш эътироф гардидааст ва бешубҳа, ба шиносномаи расмӣ эҳтиёҷ надорад. Чунонки аз ашъораш пайдост, ӯ дар эҷоди бисёр навъҳои шеър устод аст. Шоир аксаран дар пояи анъанаҳои суннатӣ эҷод мекунад. То имрӯз чор маҷмӯаи ашъораш таҳти унвонҳои «Санги навишта» (1991), «Шабовез» (2000), «Шабоҳанг (2012) ва «Даҳ пурсишу даҳ посух» (2019) чоп шудаанд. Ин ҷо мо китоби «Шабоҳанг»-и  шоирро мавриди пажӯҳиш қарор додем.
“Шабоҳанг” аз панҷ қисмат иборат аст: “Шаршараи шеър”, “Обҷаҳи ғазал”, “Мавҷҳо” (рубоиёт) ва  “Чаҳордара”  (дубайтиҳо).
Доираи мавзӯи ашъори ӯ доманадор буда, умдатарин масоили ҳаёти инсонро бо равиши хос дар силки таҳрир кашидааст. Хусусияти муҳими ашъори Паймон дар ибрози нозук ва нигориши рангин, фишурдагиву муъҷазии афкор, алфози маонии дақиқ ва маҳорати волои истеъмоли воситаҳои тасвир ва саноеи бадеӣ ҳувайдо мегардад.
Паймон услуби дигари назаррасе дорад, ки ба шакли шеърияти ӯ вобаста буда, дар шоирони дигар камтар ба назар мерасад, ин нигориши матлаъи шеър, яъне ба ҳусни матлаъ таваҷҷуҳи хоса доштани шоир аст:
Қадамгаҳи хаёлҳои ман, Ватан!
Қаламраҳи мақолҳои ман, Ватан!
 
(“Ватан”)
 
Ҳар он чи гуфта шуд, 
ба шунуфтан намесазад,
Ҳар он чи шунуфтанд, 
ба гуфтан намесазад.
(саҳ. 50)
Шеърҳои маҷмӯаи “Шабоҳанг” аз меҳри гарми гӯяндаи онҳо ба зиндагӣ ва инсон, аз нигоҳи расои ӯ ба рӯйдодҳои рӯзгор баҳравар буда, ҳам эҳсосу афкори хонандаро меангезад ва ҳам симои шоирро муайян менамояд. Қадрдонии ҳар лаҳзаи зиндагӣ, эътиқоду эътимод ба инсон, бузургдошти ишқ, посдории некиву некон ва эҳтироми хислатҳои наҷиби инсон асоси ахлоқии ҳамаи шеърҳои ин маҷмӯаро ташкил медиҳад. Ва дилбастагӣ ба хушиҳои ҳаёт, таассуф аз нокомиҳои хешу дигарон дар ин ашъор чунон самимӣ ифода шудаанд, ки кас наметавонад бо қаҳрамони лирикии шоир ҳамдарду ҳаммаслак нагардад:
Хештанро то кунун ҷое
Ҳеч гаҳ шоир нагуфтам ман.
Чунки дурри маънӣ, иншое
Созгори он насуфтам ман.
 
(“Шоири халқ”)
 
Ишқ тақрибан дар ҳамаи шеърҳои Паймон, бавижа, дар дубайтиҳояш нерӯи таҳрики эҳсосу андеша аст. 
“Ман”-и шоир маънии ҳаёташро бидуни ишқ  тасаввур карда наметавонад, чунки бунёди шеър аксар аз ишқ оғоз меёбад, зеро ишқ моломоли шеърият аст. Гузориши ишқ аз нигоҳи шоирон гуногун аст, вале на ҳама шоирон метавонанд ишқро бо он камоли ҳусну ҷамолаш ҷилва диҳанд, бигзор он ишқи шеър бошад, ё ишқи Ватан, ишқи маҳбуба бошад, ё ишқи Худованд, нахуст бояд бо хусусиятҳои хосаю муътабар, бо нафосаташ дар ниҳонгоҳи хонанда маскан гирифта тавонад ва ҷаҳонбинии ӯро густариш диҳад. Паймон дар ашъори ошиқонаи худ ба он ҳусни нигориши шоирони варзида муваффақ гаштааст:
 
Агар ҷаҳон бубандадам дари 
карам,
Агар замон бикӯбадам ба мушти 
ғам.
Агар фалак бубинадам ба чашми 
кам,
Туям зи лутф бениёзӣ, ишқи ман,
Маро фақат ту менавозӣ, 
ишқи ман.
ва дар интиҳо:
Агар шикаст дар гулӯи ман нафас,
Агар бишуд хаёлҳои ман абас,
Агар гузашт фурсати ману ҳавас,
Кашам инон дубора то ту, 
ишқи ман,
Ки зиндаам ҳамора бо ту, 
ишқи ман.
 
(“Агар”)
 
Ин шеър аз ибтидо то поён дар як маром, бо як ҳаяҷони шӯрангезу пуризтироб суруда шудааст, ки бешубҳа, боиси таҳсину офарини шоир аз ҷониби хонанда мегардад ва агар ин шеърро яке аз шеърҳои назарраси ин маҷмӯа номем, муболиға нахоҳад шуд.
Дар ишқ манбаи илҳоми шоир ниҳон аст, ишқ ҳидоятгари ӯст дар роҳи худогоҳиву дилафрӯзӣ ва ин маънӣ дар аксари ашъори ошиқонаи шоир хеле образнок ифода гардидааст:
Дар даҳр, ки дори ишқ бошад,
Корам ҳама кори ишқ бошад.
Аз ёри ҷаҳон дилам гирифтаст,
Ёрам ҳама ёри ишқ бошад.
Ишқ аст ҳам он чи киштаам, низ
Борам ҳама бори ишқ бошад.
Ҷоме, ки мудом дорадам маст,
Саҳбои нигори ишқ бошад.
Сарсабзиву сабзбории ман
Аз юмни баҳори ишқ бошад.
(саҳ. 52)
Ибораороии шоир низ аз маҳорати баланди ӯ дарак медиҳад. Чунончи:
Заврақи умед, авранги сангин, ҳусни анҷом, рахши армон, аспи ҳиммат, сипоҳи дай, шоҳини далер, ҷаҳони фандпайванд, шохи вафо, тирамоҳи пирӣ, савор аст марги ман, ҳабиби саркаш, бо мижа хок рӯфтан, шомро ба субҳ кашидан, хуми айём, аз кӯҳи Ватан ғурур омӯхтан, подаи ғам, санги ғам ва ғайраҳо.
Мавзӯи модар аз мавзӯъҳои абадию ҷовидонии адабиёт аст. Аксар шоирон маҳорату истеъдоди хешро дар тасвири модар имтиҳон намудаанд, аз ин рӯ, дар ин боб асари тоза офаридан ва сазовори баҳои хуби хонанда шудан корест сангин.
Гарон афтад маро ҳар меҳрубонӣ, 
к-ояд аз ёрон,
Куҷоӣ? Меҳрубониҳои арзони ту 
мехоҳам.
Ҳавои боди атромези қасри 
дигаронам нест,
Ҳавову боди гардолуди айвони 
ту мехоҳам.
ва поёнтар:
Ҳама ҷоизаи давру мукофоти 
замонамро,
Ба авфи як гуноҳам аз ту қурбони 
ту мехоҳам.
(саҳ. 76)
Байтҳои фавқ, ки мо овардем, шаҳодати онанд, ки кӯшишҳои ӯ дар ситоиши модар бе натиҷа намондаанд ва байти “Ҳавои боди атромези қасри дигаронам нест, Ҳавову боди гардолуди айвони ту мехоҳам” ва «меҳрубониҳои арзони ту мехоҳам» – гуфтани шоир ҳарфи навест дар ситоиши модар.
Ба назари мо дар ин садаи навин қадре дақиқтар роҷеъ ба Паймон (оид ба ашъораш) изҳори  назар нашудааст, то ки мақоми ӯро дар миёни шоирони форсигӯи кишвари Ӯзбекистон дар арсаи шеъру шоирӣ муайян намояд, бино бар ин ногузир бо он нукта мерасем, ки имрӯз ба қадри имкон мақоми ӯро дар дунёи шоирони на фақат форсигӯи кишвар, балки берун аз ин марз муайян намоем.
Паймон дар шеърҳояш кӯшиш менамояд, ки симои инсони ҳақиқӣ, инсони соҳибистеъдодро биофарад. Истеъдод фақат насиби санъатварон нест, он танҳо дар шеъру ҳунар таҷассум намегардад, балки зебо ошиқ будан, зебо сӯхтан, зебо зистан ва зебо аз дунё гузаштан ҳам истеъдод аст.
Бештарин шеърҳои “Шабоҳанг” гувоҳ бар он ҳастанд, ки Паймон шоирест эҳсоси иҷтимоияш пурқувват ва дар шеърҳояш оҳангҳои иҷтимоӣ бо ҳиссиёти шахсии ӯ омехта, самимӣ ва пуртаъсир садо медиҳанд. Ашёи бархе шеърҳоро таассуроти шахсӣ, ҳиссиёти озмудаи шоир тартиб додаанд. Дар шеърҳое, ки бунёди онҳо бар таассурот аст, қобилияти таъсирангезӣ пурзӯртар мебошад ва бешубҳа, шоир бо ин таъсирангезӣ тавассути нишон додани умдатарин хусусият ва ҷузъиёти мушаххаси мавзӯъ ба комёбӣ муваффақ шудааст, ки ин аллакай шаҳодати истеъдоду маҳорати шоирии ӯст.
Майли шоир ба шаклҳои хурди шеърӣ, яъне ба дубайтӣ ва махсусан ба рубоӣ ҳувайдост. Дар маҷмӯа миқдори дубайтиҳо ба 375 ва рубоӣ ба 513 мерасад ва ин танҳо мушоҳидаи афзоиши миқдорӣ набуда, балки пеш аз ҳама як навъ ба ихчамбаёнӣ ва дарку ифодаи фалсафӣ бештар майл пайдо кардани Паймонро нишон медиҳад. Аз ҷумла, Паймон ба ин шакли шеърӣ - яъне дубайтӣ меҳри беандозае доштани худро чунин баён намудааст:
Дубайтӣ нӯши ҷони хастаи мост,
Беҳин рози зи дил ворастаи мост.
Яке з-он байти сури кӯтаҳи мо,
Дигар байти ғами пайвастаи 
мост.
(саҳ. 174)
Гузашта аз ин, ба фикру андешаи мо дубайтиҳои Паймон аз ҷиҳати истифодаи санъатҳои бадеӣ, бавижа, тарсеъ, тазод, ирсолу масал, талмеҳ, ҳусни матлаъ, ташбеҳ, истиора ва таносуби сухан, ки асоси ҳамаи санъатҳои бадеистанд ва инчунин истифодаи вазн (баҳри Музореъи макфуфи маҳзуф, баҳри Рамали машқул, қофия, радиф ва бархе дигар талаботи назм аз шоирони муосири форсигӯй ва чанде дигар тафовути назаррас доранд.
Дар маҷмӯа дубайтии дигаре омадааст, ки хеле барҷаста ва салис  менамояд.
Напиндорӣ, ки ноогоҳ моем,
Ғалатафтидагони роҳ моем.
Ба рағми ғофилу хешу худоён,
Худогоҳу худоогоҳ моем.
(саҳ. 194)
Ва боз:
Ҷаҳон андар ҷаҳони хеш дарёб,
Замон андар замони хеш дарёб.
Забондонӣ ҷаҳондонист, лошак
Вале аввал забони хеш дарёб.
(саҳ. 215)
Ин андешаи шоир барҷою саҳеҳ, хитоби ӯ бо ононест, ки нисбати забони модарӣ ниҳоят бефарқанд. 
Дар охири маҷмӯа барои  кӯдакон маснавии “Даҳ пурсишу даҳ посух” ҷой дорад. Ин маснавӣ, бешубҳа, барои хонандагони хурдсол туҳфаи бебаҳоест. 
Инак, хонандагони иззатманд мову шумо имкон доштем, аз маҷмӯаи шоир, ки “Шабоҳанг” ном дорад, як ҷаҳон баҳра бигирем ва аз ин рӯ месазад ба яке аз ситораҳои дурахшони осмони назми форсигӯи кишвари Ӯзбекистон – Паймон ташаккур изҳор намоем. 
Дар охир чун моро расм шудааст, мехоҳем ба овардани як ғазали зебое аз ашъори шоир, ба таъбири Хоҷа Ҳофизи бузург “Бошад, ки боз бинем дидори ошноро” ба ин навиштаи хеш нуқта гузорем:
Бар ман дареғ бод равам дил 
наёфта,
Дил ёфта, вале дили ҳамдил 
наёфта.
Аз ин ниёзгоҳи дилу розгоҳи ҷон,
Мардеву ёри қодиру қобил 
наёфта.
Монад ҳама гусаставу дар 
сафҳаҳо пареш,
Ашъори ман муқоваи комил 
наёфта.
Ҳақҷӯву ҳақталаб чи фузун ёфта, 
вале
Аз дори даҳр довари одил 
наёфта.
Ҳамсанги худ ба бедилӣ бедил 
надида ҳеҷ,
Дархурди хеш дилбари хушгил 
наёфта.
Дар хайли душманони аёну
 ниҳони хеш,
Ҳамтои худ рақиби муқобил
 наёфта.
Паймон, дареғ, агар гузарам аз 
ҷаҳон пасон
Тухми умед киштаву ҳосил 
наёфта. 
 
Абдуқайюм ҲАСАНЗОД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: