НАЗАРЕ БА ТАНҚИДИ АДАБӢ

Ба фикри инҷониб, сабаби ба ситоиши адабӣ табдил ёфтани танқиди адабӣ яктост, ки «ташаббускор»-и пайдоиши мақолаҳои танқидӣ аз рӯйи ин ё он асар худи муаллифонанд.

Хуш, мақола бино ба «ташаббус»-и муллиф чӣ хел навишта мешавад? Шоир ё нависанда ҳангоми ба нашр омода кардани асараш, ба рӯйи шарм чарм кашида, аз устод ё олими шинохтае дархост менамояд, ки доир ба таълифоташ сухане чанд бигӯяд. Рӯйи одамӣ гарм, он бечораҳо «чизе» мисли ҳалвои тар навишта халос мешаванд. Ҳалвои тар мухтасар бошад, ба пешсухан, вале агар доманадор бошад, ба охирсухан табдил меёбад. Сипас, шоир ё нависандаи чусту чолок саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки он пешгуфтор ё охирсуханро, то ба дасти хонанда расидани китобаш, дар ягон рӯзнома ё маҷалла чоп кунонад. 
Баъди чопи китоб, инак, бо «ташаббус»-и  муаллиф  тақризҳо навишта мешаванд. Руйи одамӣ гарм, ин бор ҳам тақриз намехонед, «ҳалвои тар мелесед».
Одатан адибони боистеъдод аз нависондани пешсухану охирсухан ор мекунанд. Ин ҳолат бештар дар байни шоиру нависандагони миёнаҳол ба мушоҳида мерасад. Онҳо бо ин роҳ ба шуҳрати худ афзудан ва имтиёз пайдо кардан мехоҳанд. Аммо ба хотири иззати нафс ва ҳузуру ҳаловати онҳо оё зарар дидани адабиёт аз рӯйи инсоф аст?! Пас, чӣ бояд кард? Бояд танқиди адабии наве биофарид, ки на ба «фармоиш»-и муаллиф, балки ба эътиқоди мунаққиди нуктасанҷу одил асос ёфта бошад. Мо ба танқиди ҳалолу одилонае, ки танҳо барои адабиёт хидмат мекунад, ниёзи бештар дорем.
 Табиист, ки ба вуҷуд овардани танқиди адабии нав, мисле ки дар замони  Матёқуб Қӯшҷонов, Озод Шарафиддинов, Умаралӣ Норматов, Норбой Худойберганов арзи вуҷуд карда буд, осон нахоҳад шуд. Зеро он солҳо рӯзномаву маҷалла ва нашриётҳо  кам буданд. Биноан, асарҳо зиёд чоп намешуданд. Ба ҷуз ин, дар он аҳд танқиди адабӣ бо як метод – реализми сотсиалистӣ кор мебурд. Ва дар паси ин метод таълимоти марксистӣ-ленинӣ қарор дошт. Имрӯз бошад рӯзномаву маҷалла ва нашриётҳо метавонанд дар як рӯз ба рӯйи мизи мунаққид осору китоби зиёдеро рӯйи ҳам гузоранд. Шояд тавассути вуруд ба навъҳои адабӣ ин муаммо ҳаллу фасл гардад. Ҳоло мунаққид танҳо бо методи реализми сотсиалистӣ маҳдуд шуда наметавонад. Имрӯз ӯ дар таҳлили як асар бояд аз чанд метод истифода барад. Дар паси ин методҳо бошад таълимоти зиёде қарор доранд. Мисолан, барои дарки синергетикии асари бадеӣ ва баҳогузорӣ ба он бояд аз  самти нави илму фалсафаи муосир вуқуфи комил дошт.  Барои ин, ҳеч набошад,бояд китоби машҳури намояндаи ин самт Иля Пригожин – («Порядок   из хаоса». Москва, «Прогресс», 1986)-ро, ки бо ҳаммуаллифии Изабелла Стенгерс  навиштааст,  мутолиа намуд.
Наход дар байни мо мунаққидони аз равияҳои нав огоҳ, донишманд ва боистеъдод набошанд? Онҳо кам нестанд. Вале, ба фикрам, ба онҳо ҷасорат намерасад. Ҷасорат, аз нигоҳи инҷониб, ҳамеша сухани ҳақ гуфтан ва манфиати адабиётро ҳимоя кардан аст.  Таассуф, ки дар мо аксарият танқидро «калтаккорӣ» мефаҳманд. Касе мавриди танқид қарор гирад, дар худ меандешем: «Бечора, зери санги осиё монд». Ҳол он ки танқид маънои холисона нишон додани нуқсонҳои асари эҷодкор ва  эътирофи бартариҳои ӯро дорад. Агар танқиди холисона дар ҳаёти иҷтимоию адабӣ  ба шуғли доимӣ  табдил ёбад, моҳияту ҳадафи аслии онро ҳама дарк менамоянд. Манфиати адабиёт ва сухани ҳақро рӯкаш намуда, этикаи касбиро фаромӯш кардан низ  хуб  нест. Фикру мулоҳизаҳои танқидиро доир ба асари бадеӣ бояд ба муаллиф на ҳамчун душман, балки мисли дӯст, на бо нафрат, балки бо меҳр изҳор дошт. Файласуф ва равоншиноси олмонӣ Эрих Фромм бар он аст, ки дӯст доштан маънои ғамхорӣ, масъулият, ҳурмат ва дарк карданро дорад (Фромм Э. «Душа человека», Москва, «Республика», 1992). Биёед, акнун ин фикрро дар муносибати мунаққиду муаллиф татбиқ намоем.
Мунаққиде, ки муаллифро дӯст медорад, қабл аз ҳама, дар ҷодаи пешрафту камолоти ӯ меҳнаташро дареғ намедорад. Маънои ба муаллиф ғамхорӣ зоҳир намудан ин аст. Барои нуқсонҳои таълифоти ӯ худро низ як андоза гунаҳкор меҳисобад, ки инро масъулият меноманд. Ба ҷуз ин,  ба «ман»-и  муаллиф  арҷ мегузорад, имкон медиҳад, ки «ман»-ӯ бо роҳи худ равад. Ва ниҳоят муаллифро натанҳо ақлан дарк менамояд, балки қалбан низ ҳис мекунад. Ин аст дарк кардани ӯ.
Танқид агар дорои ин чор фазилат аст, муаллиф онро ба ҷону дил қабул мекунад. Агар муаллиф эродҳои холисонаро ба гардан нагирад, нишонаи бемаданиятии ӯст. Аммо дар ҳамин вазъият ҳам мунаққид ба бемаданиятӣ бояд бо маданият ҷавоб диҳад, аз доираи этикаи касбӣ  берун наравад.
Хусусан, нисбати қаламиҳои шоиру нависандагони ҷавон, бояд фикру мулоҳизаҳои танқидӣ эҳтиёткорона, бо меҳр иброз дошта шаванд. Зеро агар онҳо дар қадамҳои аввал ба танқиди дурушту дағал дучор шаванд, дилашон аз адабиёт мемонад, дар ниҳояти кор санъати сухани мо зарар мебинад. Шоиру нависандагони варзида ба танқид тоб меоваранд, биноан, аз онҳо метавон баштар талаб кард. Агар мунаққид моҳияти асари бадеиро дуруст идрок намуда, аз рӯйи адолат ба он баҳои ҳаққонӣ диҳад, аҳли қалам аз таърифи ӯ нирӯ мегиранду аз танқидаш сабақ. Ҳарчанд месазад, ба шоиру нависанда беш аз андоза ҳамду сано хондан низ зарарҳое дар пай дорад. Шахсан худ шоҳиди он гардидаам, ки бар асари ҳамду сано хондан истеъдоди шоиру нависандагоне, аз асаре ба асаре рушду нумӯъ накарда,  рӯ ба таназзул ниҳодааст. 
Имрӯз ба танқиди адабӣ, нисбат ба аҳли эҷод, бештар хонанда ниёз дорад. Дар натиҷаи ба бозори адабиёт худсарона ворид шудан, осору китобҳои сатҳи мазмуну мундариҷа ва бадеияташон паст рӯ ба афзоиш ниҳодаанд. Аз ин рӯ, хонандагони ҷавоне, ки таҷрибаи ҳаётиашон кам аст, ба доми чунин «асар»-ҳо меафтанд. Ба амиқтар реша давондани ин иллат метавон гуфт, ки қабл аз ҳама танқиди адабӣ гунаҳкор аст.
Дар асл мунаққид ҳам яке аз хонандагон аст. Вале на хонандаи оддӣ, балки соҳибтаҷриба. Зеро ӯ асарро бодиққат ва кунҷковона мехонад. Дар рафти мутолиа сар ба гиребони андеша мекашад. Ва... бисёр маъниҳоеро, ки барои хонандаи оддӣ пинҳон аст, пайдо мекунад. Намегӯяд, ки аз ин ё он асар хушам омад, ё наёмад. Балки аз нигоҳи мантиқӣ асоснок месозад, ки чаро хушаш омадааст, ё наёмадааст. Биноан, вай ҳақ дорад, ки ба хонанда дар хондани китоб роҳнамоӣ кунад. Аммо дар кадом шакл пешниҳод гардидани тавсияҳои мунаққид басе муҳим аст.
Мунаққид ҳам, мисли шоиру нависанда, бояд ба хонанда муносибати дӯстона ва саршор аз меҳр дошта бошад, барои бакамолрасии ӯ ғамхорӣ зоҳир намояд...
Хулоса, инҷониб бар онам, ки то танқиди адабии нав зуҳур накунад, шоиру нависандагон  ба камол намерасанд ва  дар  хонанда диди баланду завқи бадеӣ ва зебоиписандӣ ташаккул намеёбад. 

Муҳиддин РАҲИМ,
адабиётшинос.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: