Ин дунё нав нест.
Ин дунё нав нест. Касе дақиқ намедонад, ки одам — олами сағир дар ин дунё-олами кабир кай пайдо шудааст. Ҳаким Умари Хайём дунёро куҳнаработ номидааст:
Ин куҳнаработро,
ки олам ном аст,
Оромгаҳи аблақи
субҳу шом аст.
Базмест, ки вомондаи сад
Ҷамшед аст,
Гӯрест, ки такягаҳи сад
Баҳром аст.
Мисли ҳамин санъат, аз ҷумла, санъати мусиқӣ ва навозандагӣ дирӯз ва парерӯз ба вуҷуд наомадааст. Ҳамчунин, касе дақиқ намедонад, ки нахустин най, рубоб, тор, ғижак, дутор, доира, чанг ва дигар созҳои мусиқӣ кай мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Ковишҳо, тадқиқот ва бозёфтҳо собит менамоянд, ки тамаддуни мусиқии мардуми мо таърихи бостонӣ дорад. Ин гуфтаро бозёфтҳои ҳафриёти бостоншиносӣ, манбаъҳои хаттии таърихӣ, илмӣ ва адабӣ, шеваи наққошии ниёгон, ҳамчунин, рисолаҳои дастраси мусиқӣ ва ганҷинаи пурсарвати эҷодиёти даҳонакии халқӣ ва халқии касбӣ собит менамоянд.
Муҷассамаҳои кӯчаки мутрибон, ки дар Самарқанд ёфт шудаанд, деворнигораи кӯшкҳои Панҷакенти бостонӣ, тасвири рӯйи зарфҳои нуқрагӣ ва кулолӣ ба сифати солномаи ҳаёти мусиқии мардум дар замонҳои гузашта ба назар мерасанд. Қадимитарини ин осор ба асрҳои III-II то милодӣ мансубанд.
Арақаи барҷастанақши сангини кӯшки Ҳайратон (наздикии Тирмиз), ки ба асрҳои I-III милодӣ нисбат медиҳанд, аз вуҷуд доштани дастаҳои мутрибон шаҳодат медиҳад. Мутрибон дар ин тасвир дар дасти худ созҳое мисли дафи дурӯя, уди мизробӣ ва барбат доранд.
Ёдгориҳои минбаъда, ба мисли мусаввараҳои Панҷакенти қадим (асрҳои VII-VIII) роҷеъ ба тамаддуни Суғди бостон маълумот медиҳанд. Дар яке аз деворнигораҳо рақси маросимӣ-мавсимие инъикос ёфтааст: пайкараҳои нимурёне, ки мерақсанд, дар даст созҳои мусиқие аз қабили таблаки дурӯя, нақораи нимдоира ва сози шабеҳи уд доранд. Дар мусаввараи дигар пайкари зане, ки барбат менавозад, ба назар мерасад. Дар бораи тамаддуни мутараққии мардуми Суғд, Бохтар ва Хоразми бостонӣ гимнҳои Авасто (асрҳои VII-V то милод), ки қаҳрамонони асотирро васф мекунанд, ба таври равшан гувоҳӣ медиҳанд.
Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро»-и худ доир ба таронаҳои сӯгвории «Кини Сиёвуш», ки аз ҷониби аҳли Бухоро ба ёди марги Сиёвуш иҷро мешуданд, қалам меронад. Минётураҳои музайяну зебои дастнависи асрҳои XIV-XVI доир ба созҳои мусиқӣ ва мавқеи онҳо дар ҳаёти ҷомеаи асримиёнагӣ ҳикоят менамоянд. Саҳнаҳое, ки мутрибонро низ акс мекунанд, гуногунанд. Акси онҳо зимни қабули шоҳона дар дарбор, ҳини сафарҳои ҳарбии кишваркушоӣ, маҳфилҳои маҳрамона, мулоқоти ошиқон, набардҳои шадид ва амсоли инҳо ба мушоҳида мерасад. Дар деворнигораи «Зиёфат дар бӯстонсаро», ки ба «Искандарнома»-и Аҳмадӣ (китобаташ 1522-1523) марбут аст, ҳунарнамоии нойӣ (найнавоз) ва доирадаст ҳангоми рақси духтар бо қайроқ инъикос гардидааст.
Дар мусаввараҳои «Шоҳнома» (китобаташ соли 1445) саҳнаи ҳунарнамоии Борбади мутриб дар ҳузури Хусрав ва Ширин нигошта шудааст. Дар минётури дигари «Шоҳнома» Озода бо навои чанг Баҳромро ба шикори гӯр (хари ваҳшии биёбонӣ, гӯрхар, ки дар замонҳои қадим онро шикор карда мехӯрданд) гусел мекунад. Дар минётури бухороии марбути «Хамса»-и Низомӣ (китобаташ 1579-80) лаҳзаи арӯсии Искандар ва Рӯшана ҳамвора бо ҳунарварии доирадасту раққоса мунъакис гаштааст. Дар мусаввараҳои Камолуддини Беҳзод низ акси мутрибон бисёр ба назар мерасанд.
Ин ҳама ёдгориҳо аз бесобиқа набудани ҳунари навозандагии халқи мо дарак медиҳанд.
Дар асоси матолиби Интернет таҳияи
А. ВАРОРӮДӢ.