Дар бораи мероси маънавии Ҷалолуддини Балхии Румӣ, хидматҳои вай бобати инкишоф додани афкори инсоният навиштаҷоти зиёде ба вуҷуд омадаанд ва агар ин тадқиқотҳо якҷоя карда шаванд, бешубҳа, якчанд ҷилд китоби бузургҳаҷм ҳосил мегардад.
Дар бораи мероси маънавии Ҷалолуддини Балхии Румӣ, хидматҳои вай бобати инкишоф додани афкори инсоният навиштаҷоти зиёде ба вуҷуд омадаанд ва агар ин тадқиқотҳо якҷоя карда шаванд, бешубҳа, якчанд ҷилд китоби бузургҳаҷм ҳосил мегардад. Баъди соҳибистиқлолии мамлакат дар кишвари мо низ омӯхтани асарҳои ин нобиғаи бузург ва ба забони ӯзбекӣ тарҷума кардани он саъю кӯшиши зиёде ба харҷ дода шуд. «Маснавии маънавӣ», бешубҳа, ба пешрафти адабиёти тасаввуфию дунявии баъдина таъсири амиқ гузошт. Ба пайравии ин шоҳасар дурдонаҳои зиёди бадеӣ арзи вуҷуд карданд. Худи ин асар аз ҷониби Муншии Алӣ бо номи «Боғи ирам», Юсуф Алишоҳи Чиштӣ таҳти унвони «Пироҳани Юсуфӣ» ба забони урду, аз тарафи Юсуфи Хароботӣ бо номи «Маснавии Хароботӣ» ба забони уйғурӣ тарҷума гардида, дар ҳаёти халқҳо воқеаи муҳими маънавӣ гардид. Ҳамин тариқа дар адабиёти туркӣ дар пайравии «Маснавӣ» асарҳои «Мабдаи нур»-и Бобораҳими Машраб, «Мифтоҳ ул-асрор»-и Шайх Одина Муҳаммади Хоразмӣ эҷод гардидаанд. Ж. Ҳаммер, Ҷ. Родҳоуз, Н. Винфелд, Р. Николсон барин олимони Ғарб «Маснавии маънавӣ»-ро дастраси мардуми Аврупо гардонданд. Бо шарофати тарҷумаҳои Ҷамол Камол (аввалин тарҷумони «Маснавии маънавӣ») ва Аскар Маҳкам «Маснавии маънавӣ» ба мулки маънавии китобхонони ӯзбек табдил ёфт. Олимон Наҷмиддин Комилов, Алибек Рустамов, тарҷумони ҷавон Вазира Шодиева, шоир Сулаймон Раҳмон низ дар ин бора хидматҳои арзанда кардаанд. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ дар бораи Ҷалолуддини Румии Балхӣ фармудааст:
Ман чӣ гӯям васфи он
олиҷаноб,
Нест пайғамбар, вале дорад
китоб.
Байти зерин мавқеъ ва обрӯю эътибори китоби Мавлавиро ин тариқ ифода кардааст:
«Маснавии маънавӣ»-и Мавлавӣ
Ҳаст Қуръон дар забони
паҳлавӣ.
«Найнома» қисми муқаддимавии «Маснавии маънавӣ» маҳсуб ёфта, он аз 18 байт иборат аст. Мо ин ҷо бо тарҷумаҳои ду байти аввали «Найнома», ки чунин аст, шинос мешавем:
Бишнав аз най чун ҳикоят
мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
К-аз найистон то маро
бибридаанд,
Аз нафирам марду зан
нолидаанд...
Бобораҳими Машраб дар асари татаббӯии худ «Мабдаи нур» байти аввали «Найнома»-ро ин тавр тарҷума кардааст:
Англагил, най не ҳикоятлар
қилур,
Ким жудолиғдин шикоятлар
қилур.
Тарҷумаи Алибек Рустамов:
Тингла найни, не ҳикоятлар
қилур,
Ул жудоликтин шикоятлар
қилур.
То қамишлиқтин кесилгандин
буён,
Унутма эр-хотин айларлар
фиғон.
Тарҷумаи Аскар Маҳкам:
Тинглагил, най не ҳикоят
айлагай,
Айрилиқлардан шикоят
айлагай.
Ким найистондан мени
то кесдилар,
Ҳасратимдан мард-аёл
дод этдилар.
Тарҷумаи Ҷамол Камол:
Тинглагил, най не ҳикоят
айлагай,
Айрилиқлардан шикоят
айлагай.
Мен қамиш эрдим, кесиб
келтирдилар,
Нолишимдин эл ҳама
ӯртандилар.
Тарҷумаи Вазира Шодиева:
Англагил, най не ҳикоятлар
қилур,
Ул жудоликдин шикоятлар
қилур.
Айлагач айро найистондин
бу дам,
Тинглади эркак-аёл ҳасрат-ла
ғам.
Бояд таъкид намуд, ки «Марду зан»-и дар байти дуюм овардашуда ишора ба Одамато ва Момоҳавво буда, моҳияти он дар оятҳои 23, 24 ва 25-уми сураи «Аъроф»-и «Қуръони Карим», яъне барои гуноҳашон (хӯрдани гандум) аз Биҳишт ронда шудани Одамато ва Момоҳавво, инчунин ҳукми Офаридгор нисбати онҳо - то фарорасии охират дар Замин мондани эшон оварда шудааст.
«Найнома» бобати ба вуҷуд омадан ва шуҳратёр гаштани «Маснавии маънавӣ» чун асос хидмат кардааст. Мо ҳарчанд, хусусиятҳои ба худ хоси тарҷумаҳои ӯзбекии «Найнома»-ро пурра омӯхтаем, ҳоло бо ҳавола кардани муқоисаи як-ду байти он ба рӯзномахонон таваққуф менамоем. Хулоса, бо вуҷуди баъзе сактагиҳо тарҷумонҳои ӯзбек аз ӯҳдаи иҷрои азифаи пешгузоштаи худ баромада тавонистаанд ва баҳри ғанитар гардондани маънавияти халқи худ саҳми арзанда гузоштаанд.
Қаҳрамон ТӮХСАНОВ,
номзади илмҳои филологӣ, декани факултети
методикаи таълими ибтидоӣ ва томактабии ДДБ.