Коршиносон ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ натиҷаҳои гуфтушуниди Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Сарвазири ҶФО Олаф Шолсро, ки 15-16 сентябр дар Самарқанд баргузор шуд, барои оҷонсии иттилоотии «Дунё» тавзеҳ доданд.
Роҳбари лоиҳаҳо оид ба Русия ва Авроосиёи Пажӯҳишгоҳи байналхалқии тадқиқоти стратегӣ (IISS) Найҷел Гулд-Дэвис (Британияи Кабир):
Муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Олмон рушди хуби пешрафтро намоиш медиҳанд ва, ба фикри ман, ба сатҳи нави стратегӣ баромаданд. Олмон нафақат шарики муҳими иқтисодӣ, балки иттифоқчии Ӯзбекистон дар роҳи саъю кӯшишҳои вай бобати таҳкими истиқлол ва озодӣ дар партави таҳдидҳои мураккаби байналхалқӣ ба шумор меравад.
Аҳамияти геосиёсии Ӯзбекистон ба сифати кишвари асосии Осиёи Марказӣ мунтазам меафзояд, ҳамкориҳои он бо Олмон метавонад дар таъмини эътидоли минтақа нақши калидӣ бозанд. Дар шароите, ки вазъи арсаи байналхалқӣ торафт шадидтар мегардад, Олмон барои Ӯзбекистон шарики муътамадест, ки ба вусъатдиҳии қутбҳои иқтисодиву сиёсии ҷумҳурӣ кумак мерасонад. Ба ин маънӣ фаъолтар кардани робитаҳо дар сатҳи олӣ – барои ҷомеаи байналхалқӣ иқдоми муҳим бобати саъю кӯшишҳои Ӯзбекистон бинобар мустаҳкам кардани мавқеи хеш дар сиёсати ҷаҳонӣ аст.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Олмон – ин нафақат сармояҳо, балки инчунин саҳм дар пешрафти стратегии Ӯзбекистон мебошад. Дар шароити номуайянии умумӣ ва тағйирёбии силсилаи боррасонӣ шарикии қарин ба Ӯзбекистон имкон медиҳад амнияти иқтисодияшро мустаҳкам кунад ва инфрасохтори хешро бозсозӣ намояд, ба ин тариқ манфиатҳои дарозмуҳлатро барои ҳар ду кишвар таъмин созад.
Робитаҳои фарҳангӣ ва маърифатии байни кишварҳо дар ташаккулдиҳии табақаи зиёӣ, ки қодир аст таҳдидҳои минбаъдаи ҷаҳониро ҳаллу фасл намояд, нақши муҳим мебозанд. Рушди механизмҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ки дар байни халқҳо қаробати иқтисодӣ ва инсондӯстонаро мустаҳкам мекунад, низ аҳамияти махсус пайдо менамояд.
Ман бовар дорам, ки ташрифи Сарвазир Олаф Шолс нафақат ба ҳамкориҳои тарафайни иқтисодиву фарҳангӣ, балки ба мулоқоти сиёсӣ низ такони нав мебахшад, мавқеи Ӯзбекистонро ба сифати шарики муҳими Олмон дар Осиёи Марказӣ мустаҳкам менамояд.
Муовини котиби генералии Иттиҳоди Куандун оид ба ҳамкориҳои байналхалқии илмиву техникӣ бо кишварҳои ИДМ Чжан Чензӣ (ҶМЧ):
– Мулоқоти навбатии Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Олмон, ки 15-16 сентябр дар Самарқанд ба вуқӯъ пайваст, ҳамчунин баргузор шудани чорабиниҳои тиҷоративу иқтисодӣ эътидол ва бисёрҷанбагии рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои амалии ӯзбекистониву олмониро намоиш доданд.
Мо ҳама шоҳиди он мебошем, ки алҳол Олмон аз ҷумлаи шарикони асосии Ӯзбекистон дар пешрафти шарикии бисёрҷанбаву дарозмуҳлат бо Аврупо ба шумор меравад. Солҳои охир алоқаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ ва тадбиқсозии ҳамешагии шартномаҳои дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёт ба имзорасида вусъати амалии ҳамкориҳои муфиди тарафайнро таъмин карданд.
Мулоқоти муштараки Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Олмон бо намояндагони ширкат ва бонкҳои пешқадами ду кишвар, ки дар он масъалаҳои дастгирии ширкатҳои олмонӣ мувофиқи бартариҳои асосии рушди Ӯзбекистони Нав бобати бозсозии иқтисодиёт баррасӣ гардиданд, рағбати тарафайни сарони давлат ва бисёрҷанбагии рушди саноатии иқтисодиёти Ӯзбекистонро собит менамоянд.
Муътақидам, ки кооператсияи амиқи саноатии байни ширкатҳои Ӯзбекистон ва Олмон дар соҳаҳои зерин чун энергетикаи «сабз», кимиё, мошинсозӣ, саноати электротехника ва бофандагӣ барои ҳар ду ҷониб муфид хоҳад буд.
Коршиноси Миср, сармуҳаррири оҷонсии иттилоотии «SadaEIBalad» Муҳаммад Вадеъ:
– Бо вуҷуди шароити мураккаби геосиёсӣ, роҳбарияти Ӯзбекистон ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва пойдорро бо тамоми шарикони хориҷиаш инкишоф медиҳад. Ба имзо расидани муоҳидаҳои дуҷониба дар ҷараёни сафари Сарвазири Олмон Олаф Шолс 15-16 сентябр дар Самарқанд ва гуфтушунидҳо бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев шаҳодати навбатии ин гуфтаҳо мебошанд.
Баргузор кардани вохӯриҳои сарвари Ӯзбекистон бо намояндагони тиҷоратии кишварҳои хориҷӣ ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ё худ дар мавриди қабули ҳайатҳои дараҷаи олӣ дар Ӯзбекистон, ҳамчунин ташкил намудани анҷуманҳои тиҷоратӣ ба анъана табдил ёфтаанд. Натиҷа равшан аст: дар мамлакат миқдори сармоягузорон меафзояд, лоиҳаҳои пешомаднок дар соҳаҳои мухталиф татбиқ мегарданд, содироти маҳсулоти миллӣ зиёд мешавад.
Яке аз воқеаҳои назарраси ташрифи зикршуда ба имзо расидани муоҳидаи байниҳукуматӣ бинобар шарикии бисёрҷанба дар соҳаи муҳоҷират гардид, ки имкон медиҳад сафари шаҳрвандони Ӯзбекистон ба Олмон дар асоси қонунӣ ва тартиби расман бо шуғл фаро гирифтани онҳо содатар карда шавад.
Директори иҷрогари Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии «KingsleyStrategiclnstitute»-и Малайзия Макс Сей:
– Сафари Сарвазири Олмон Олаф Шолсро ба Ӯзбекистон бояд ба сифати иқдоми муҳим бобати таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба ва амиқсозии робитаҳои иқтисодӣ пазирӯфт.
Олмон кайҳо боз шарики муҳими тиҷоратӣ барои Ӯзбекистон ба шумор меравад ва сафари кунунӣ ба рушди минбаъдаи ин муносибатҳо мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, дар нимаи аввали соли 2024 ҳаҷми савдои байни ду давлат 506,3 миллион долларро ташкил дод. Эътибори асосӣ ба лоиҳаҳо дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор ва технологияҳо нигаронида мешавад, ки метавонанд ҷолибияти сармоявии минтақаро барои ширкатҳои олмонӣ хеле беҳтар кунанд.
Дар ин маврид баррасии масъалаҳои ҳамкории сиёсӣ ва амиқсозии шарикии стратегӣ бори дигар муҳимияти Ӯзбекистонро дар стратегияи геосиёсии Олмон таъкид менамояд.
Мехоҳам махсус зикр кунам, ки дар доираи сафар тақрибан 10 ҳуҷҷати дуҷониба, аз ҷумла Баённомаи муштарак ба имзо расиданд, Барномаи оид ба шарикии технологии кооператсияи саноатӣ барои солҳои 2024-2026 қабул гардид. Бовар дорам, ки ин муоҳидаҳо ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, беҳсозии логистика ва мубодилаи таълимӣ мусоидат ҳоҳанд кард.
Боз як ҷиҳати муҳими сафар ин имзо шудани шартнома дар бораи муҳоҷират гардид, ки ба сабуктар сохтани муҳоҷирати кормандони малакадори Ӯзбекистон ба Олмон нигаронида шудааст.
Умуман, боэътимод метавон гуфт, ки муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Олмон солҳои охир ба сифати нав, ба дараҷаи беш аз пеш баланди ҳусни тафоҳум ва эътимод бардошта шуданд. Ба ин маънӣ ташрифи Сарвазири Олмон ба Ӯзбекистон дар роҳи таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои асосӣ қадами муҳим ба шумор меравад, ки ба манфиатҳои дарозмуҳлати ҳар ду мамлакат ва тамоми минтақа мусоидат менамояд.
Корманди илмии Пажӯҳишгоҳи фалсафа, сиёсат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Виктор Ким:
– Иртиботи ӯзбекистониву олмонӣ аз рӯзи истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ҳамеша боэътидол ва боэътимод буданд. Робитаҳо бобати фаъолтар намудани ҳамкориҳои дуҷониба аз моҳи январи соли 2019, аз замоне, ки Президент Шавкат Мирзиёев аввалин сафари расмии худро ба Олмон баргузор намуд, оғоз ёфтанд. Моҳи майи ҳамон сол ташрифи ҷавобии Президенти федералии ҶФО Франк-Валтер Штайнмайер ба Ӯзбекистон баргузор шуд. Ин сафарҳои тарафайн ба ҳамкориҳои байни Ӯзбекистон ва Олмон – муносибатҳои эътимодбахш оғоз бахшиданд.
Сафари расмии Сарвазири Олмон Олаф Шолс ба Ӯзбекистон, ки ӯро Президенти Ӯзбекистон дар майдони Регистон истиқбол намуд, тасдиқи равшани сатҳи нави муносибатҳои дӯстонаи байни сарони давлатҳо ба шумор меравад.
Ӯзбекистон Олмонро ба сифати ҳамкори стратегии ҳам дуҷониба ва ҳам рушди шарикии бисёрҷанбаву дарозмуҳлати ҳамешагии худ дар Иттиҳоди Аврупо мешиносад.
Барои Олмон низ пешбурди муносибатҳо бо Ӯзбекистон аз ҷумлаи самтҳои пешомаднок дар Осиёи Марказӣ дониста мешавад.
Барои ин тамоми асосҳо мавҷуданд. Ҳаҷми мубодилаи мол тӯли солҳои охир мунтазам аз 1 миллиард доллар зиёд мебошад. Олмон аз ҷумлаи 10 шарики бузургтарини сармоявӣ ва тиҷоратии Ӯзбекистон аст. Шӯрои корчаллонии олмониву ӯзбекистонӣ бомуваффақият фаъолият дорад. Барои фаъолияти ширкатҳои хориҷӣ дар Ӯзбекистон муҳити мусоиди сармоявӣ фароҳам оварда шудааст.
Назари тозаи Олмон ба Ӯзбекистони Нав ин воқеияти объективӣ мебошад. Сафари Сарвазири Олмон ба Ӯзбекистон ва муоҳидаҳои баимзорасида ба муносибатҳои дуҷониба нирӯи нав мебахшанд, онҳо нияти ҷиддии Олмонро бобати вусъат додан ва амиқтар намудани муносибатҳои дуҷониба бо Ӯзбекистони Нав собит менамоянд.
АИ «Дунё».