Пӯшида нест, ки масъалаи худсарона ишғол кардани қитъаҳои замин, хонаҳои дар онҳо сохташуда ва масъалаи қонунигардонии онҳо, бахусус пас аз Қонуни имзокардаи Сарвари давлат «Дар бораи эътироф намудани ҳуқуқи моликият ба қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва биною иншоотҳои дар онҳо сохташуда» ба мавзӯи рӯзмарра табдил ёфтааст. Вазъият дар вилояти Тошканд ва шаҳри Тошканд дар ин бобат чӣ гуна аст ва ҳодисаҳои худсарона азхуд кардани замин зиёд шудааст?
Ин саволҳо дар анҷумани матбуотие, ки бо ташаббуси Агентии кадастр баргузор шуд, мавриди муҳокима гардид.
Аз ҷониби идораи Агентии кадастри вилояти Тошканд дар 8 моҳи охир дар 995,4 гектар 4 182 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуда, аз он 1116 ҳолати ғайриқонунӣ аз худ кардани қитъаҳои замин дар ҷояш бартараф карда шуд.
Натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳад, ки дар соли равон шумораи қонуншиканиҳо нисбат ба соли гузашта зиёд шудааст. Аз ҷумла, дар ноҳияи Бӯстонлиқ 161, дар ноҳияи Зангиота 119 ва дар ноҳияи Янгийӯл 140 қонуншиканӣ ошкор гардидааст.
Дар 172 ҳолати ошкоршуда маводи ҷамъовардашуда ба прокуратура фиристода шуда, дар 115 ҳолат нисбати шахсоне, ки ба корҳои ғайриқонунӣ роҳ додаанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар 1967 маврид, яъне 134 гектар замин барои бартараф намудани ҳодисаҳои худсарона ишғол намудани майдонҳо ва сохтмони иншоотҳои ғайриқонунӣ ба судҳо даъво пешниҳод карда шудааст. Инчунин дар 102 ҳолати бемақсад истифода бурдани замин 861 гектар муайян карда шудааст. Аз рӯйи вазъият ба ҳокимон муроҷиат карда, дар 80 маврид 805 гектар замин ба захираи давлатӣ баргардонда шуд.
Худсарона ишғол намудани замин ва бунёди иншооти ғайриқонунӣ бо мақсади ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳо дар доираи қонун махсусан дар минтақаҳои наздики пойтахт – ноҳияҳои Зангиато, Янгийӯл, Қибрай ва Бӯстонлиқ ошкор шудааст.
Дар 2114 маврид худсарона ишғол намудани 55,2 гектар замин ошкор карда шуда, дар 862 маврид дар асоси дастури хаттӣ дар 9,2 гектар қонуншикании замин ихтиёран бартараф карда шуд. Аз рӯйи 1010 парванда ба мақомоти судӣ даъво пешниҳод карда шудааст.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Олмазор дар 245 ҳолати худсарона ишғол намудани қариб 7 гектар замин, дар ноҳияи Сергелӣ 226 ҳолат ва дар ноҳияи Мирзо Улуғбек дар 218 ҳолат қонуншикании замин ошкор карда шуданд.
Дар давраи ҳисобот нисбати 1 107 нафаре, ки дар шаҳри Тошканд ҳуқуқвайронкуниҳои марбут ба заминро содир кардаанд, ҷазои маъмурӣ дода шуд. 635 нафар шахс бо сабаби бартараф намудани оқибатҳои ҷиноят аз ҷавобгарӣ озод карда шуданд.
Имрӯзҳо барои таъмини бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ва молу мулки ғайриманқул, пешгирии худсарона азхудкунии қитъаҳои замин, ба амал баровардани назорати давлатӣ дар ошкор ва барҳам додани ҳолатҳои қонуншикании замин системаи автоматикунонидашудаи иттилоотии «Назорати электронӣ», ки аз ҷониби Агентии кадастр таҳия шудааст, самаранок истифода бурда мешавад.
Бо ёрии ин барнома ба коғазбозии зиёдатӣ хотима гузошта, муҳлати барҳам додани ҷиноятҳо кӯтоҳ карда, суръати мубодилаи ҳуҷҷатҳои байниидоравӣ зиёд карда шуд. Он инчунин ба коршиносон имкон медиҳад, ки бо ёрии тасвирҳои кайҳонӣ вазъи заминро назорат кунанд ва барвақт ошкор кардани сохтмони ғайриқонуниро муайян кунанд.
Инчунин, аз моҳи марти соли ҷорӣ дар шаҳру вилояти Тошканд ба сифати санҷиш тавассути планшетҳо чорабиниҳои назоратӣ гузаронида, бақайдгирии электронии қонуншиканиҳо дар ҷойи ҳодиса ба роҳ монда шуд.
Дар натиҷа тавассути ин дастгоҳ шахсияти вайронкунандагони қонуни замин мушаххас гардида, имкони дар ҷойи ҳодиса дар шакли электронӣ тартиб додани санадҳои маъмурӣ пайдо мешавад.
М. МАМАҶОНОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».