Агар аз ҳар ваҷаб сарвати замин самаранок истифода бурда шавад, ҳам дасторхони мо фаровон мешаваду ҳам даромади оиламон зам мешавад.
Зеро замин, ки манбаи ҳаёт аст, боигарии пурқимати мост.
Солҳои охир ҷиҳати оқилона истифода бурдан аз ин захира ва ҳифзи он дар соҳаи муносибатҳои замин корҳои мунтазам ба роҳ монда шудааст. Дар натиҷа барои ба муомилоти иқтисодӣ ворид намудани заминҳо, ба объекти хариду фурӯш ва гарав табдил додани он заминаи мустаҳками ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудааст.
Аммо дар маҳалҳо ҳолатҳои риоя накардан ба қонунгузории замин, бемақсад ва бесамар истифода бурдани қитъаҳои замин, аз ҷумла сохтмони иншоотҳои ғайриқонунӣ, худсарона ишғол намудани заминҳо ба мушоҳида мерасанд. Ин бошад ҷорӣ намудани низоми ягонаи назоратро тавассути истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва таҳкими ҳамкории мақомоти ваколатнок тақозо мекунад.
Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 21 феврали соли ҷорӣ «Дар бораи чораҳои баланд бардоштани самаранокии назорати давлатӣ дар истифодаи қитъаҳои замин» дар барпо намудани низоми истифодаи самараноки қитъаҳои замин аҳамияти калон дорад, ки ба пешгирии талаву тороҷи замин, бахусус заминҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад.
Мувофиқи он, барои боз ҳам пурзӯр кардани назорат аз болои истифодаи оқилонаи қитъаҳои замин ва ҳифзи онҳо дар назди мақомоти прокуратура вазифаҳои иловагӣ гузошта шудаанд.
Ҳоло онҳо аз болои саривақт ва пурра иҷро шудани тадбирҳое, ки дар барномаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ вобаста ба ҷудо кардани қитъаҳои замин, азхуд намудани заминҳои нав, ба истифода додани заминҳои хоҷагии қишлоқ пешбинӣ шудаанд, мунтазам назорат мекунанд. Риояи талаботи Кодекси заминро ҳангоми ҷудо кардани заминҳои кишоварзӣ ва ғайрикишоварзӣ таъмин менамояд.
Инчунин, бо назорати қатъӣ ҷорӣ кардан бобати пеш аз муҳлат ошкор намудани ҳодисаҳои худсарона ишғол кардан ва ғайриқонунӣ истифода бурдани қитъаҳои замин, таъмин намудани муқаррарии ҷазо нисбати шахси содирнамудаи қонуншиканӣ, мунтазам омӯхтани риоя ба санадҳои қонунгузории замин таҷрибаи ягонаи татбиқи қонунро ташаккул медиҳад.
Аз 1 марти соли равон аксу наворҳое, ки аз ҷониби аҳолӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрвандон оид ба ҳолатҳои худсарона ишғол намудан ва истифодаи ғайриқонунии қитъаҳои замин ба Сарпрокуратура ва Агентии кадастр ирсол шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун баррасӣ карда мешаванд.
Хулоса, замин неъмати бебаҳост, истифодаи оқилонаи он қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Пас, мо бояд аз ин имконияти бебаҳо самаранок истифода барем, неъматҳои табиатро гиромӣ дошта, ба қадри он расем.
Ботирбек ТӮРАЗОДА,
депутати Палатаи қонунгузории
Олий Маҷлис.