Назорати молиявии маблағҳои буҷа пурзӯр карда мешавад

  • Назорати молиявии маблағҳои буҷа пурзӯр карда мешавад
  • Назорати молиявии маблағҳои буҷа пурзӯр карда мешавад
  • Назорати молиявии маблағҳои буҷа пурзӯр карда мешавад

Президент Шавкат Мирзиёев бо тақдимоти пешниҳодҳо оид ба пурзӯр намудани назорати молиявӣ барои харҷи маблағҳои буҷетӣ шинос шуд.

Равандҳои бӯҳронии имрӯзаи ҷаҳон ба иқтисодиёт таъсири назаррас доранд. Раванди дарёфтану ғун кардан ва зиёд гардондани маблағҳо торафт мураккабтар мегардад. Дар чунин шароит самаранок истифода бурдани захираҳои мавҷуда, сарфаю сариштакорӣ аҳамияти махсусан калон пайдо мекунад.

Дар ҷаласаи видеоселекторӣ бахшида ба вазифаҳои афзалиятноки соҳаи иқтисодиёт, ки 16 январи соли ҷорӣ баргузор гардид, сарвари давлат ба масъалаи самаранокии хароҷоти буҷет махсус таваҷҷуҳ намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани назорати молиявӣ супоришҳо дод.

Чӣ хеле ки маълум аст, ин вазифаро Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Ўзбекистон иҷро менамояд. Дар низоми ҳолоина танҳо хароҷоти буҷет ва фондҳои мақсаднок аз ҳисоби аудити беруна фаро гирифта мешаванд. Ин 86 фоизи хароҷоти умумиро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, пешниҳод мешавад, ки Палатаи ҳисоб иҷрои буҷети муттаҳидшударо аз аудити берунӣ гузаронад. Ин имкони фаро гирифтани хароҷотро аз ҳисоби фондҳои ғайрибуҷавӣ ва қарзи беруна фароҳам меорад.

Дар фаъолияти Палатаи ҳисоб ҷорӣ намудани таҷрибаи аудити стратегӣ, ки ба арзёбии хатарҳои имконпазир дар ноил шудан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои миллӣ дар барномаҳои давлатӣ, инчунин аудити технологияҳои иттилоотӣ оид ба самаранокии таъминоти барномавӣ дар ташкилотҳои давлатӣ нигаронида шудааст, пешбинӣ гардидааст.

Дар мамлакати мо қариб 30 ҳазор ташкилоти буҷавӣ ва корхонаҳои давлатӣ мавҷуданд, ки омӯхтани фаъолияти онҳо дар маҳалҳо вақту маблағи зиёдро талаб мекунад. Аз ин рӯ, Палатаи ҳисоб «Маркази идоракунии масофавӣ»-ро ба кор андохтааст. Зарурати такмил додани 36 меъёр ва нишондиҳандаҳои таҳлили хавфҳо дар асоси таҷрибаи пешқадами хориҷӣ қайд карда шуд.

Солҳои охир барои рушди минтақаҳо маблағҳои калон сарф карда шуданд. Аммо дар вақти муҳокимаи буҷа Шӯроҳои маҳаллӣ асосан ба бюҷети вилоятӣ ё ноҳиявӣ маҳдуд мешаванд. Ин чунин маъно дорад, ки 65-70 фоизи маблағе, ки ба ҳар минтақа аз тамоми манбаъҳо ҷудо карда мешавад, берун аз назорати онҳо мемонад.

Ба ин муносибат гуфта шуд, ки Палатаи ҳисоб бояд раванди буҷетро на танҳо дар палатаҳои Олий Маҷлис, балки дар шӯроҳои маҳаллӣ низ баррасӣ кунад.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: