«НЕКӢ БИМОНАД ҶОВИДОН...»

Сарояндаи навҷӯю навписанд, дилбохтаи санъат Шерзод Узоқов бо ҳунари воло ва барномаи рангини худ аз дили мухлисон маъво гирифтааст.

Сарояндаи навҷӯю навписанд, дилбохтаи санъат Шерзод Узоқов бо ҳунари воло ва барномаи рангини худ аз дили мухлисон маъво гирифтааст. 
Якуми сентябри соли 1988. Муаллимаи синфҳои ибтидоӣ Лутфия Турсунова писарчааш Шерзод Узоқовро ба мактаби таълими умумии рақами 14-и деҳаи Кӯли ноҳияи Самарқанд оварду ба ҳамкасбаш Мавлуда Ҳалимова рӯ овард:
– Ойтиҷон, фарзандамро ба синфи шумо овардам. Ба қавле «гӯшташ аз шумову устухонаш аз мо».
– Хеле нағз, – Мавлуда Ҳалимова ба сари писарак дасти навозиш гузошта, аз ӯ пурсид: 
– Хондану навиштанро медонед?!
Навшогирд тасдиқомез сар ҷунбонд ва хушҳолона сӯйи модар нигарист.
– Шерзодҷон баробари хондану навиштан сурудхониро низ медонанд, – гуфт модар ва ба писараш нигариста:
– Ку, бачаҷон, як суруд хон, муаллимаат қоил шаванд.
Шерзод ба замзамаи суруд оғоз намуд:
Модарам, ман қатраам, дарё туӣ,
Модарам, ман зарраам, дунё туӣ.
Модарам, ман пораи қалби туям,
Мисли дил дар синаи ман ҷо туӣ.
Баҳри ман хуршеди ховар мешавӣ,
Бо Ватан танҳо баробар мешавӣ.
– Беҳтарин! – чанд нафар омӯзгорон, ки дар атроф ҷамъ омада буданд, кафкӯбӣ намуданд. – Садои умедбахш. Шерзодҷон Худо хоҳад санъаткори номдор мешавад.
Воқеан, аз байн ду-се сол гузашту Шерзод Узоқов дар зинаи ноҳиявии озмуни санъаткорони ҷавон бо иҷрои худ ҷойи аввалро гирифт. Сипас, дар як қатор озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ низ бомуваффақият иштирок кард. 
Дар ноҳияи Самарқанд анҷумани анъанавии кишоварзон гузаронида мешуд. Пас аз қисми расмии чорабинӣ навбат ба санъаткорон расид. 
Баранда бо лутф номи ҳунарпешаи ҷавон Шерзод Узоқовро эълон намуд. Ба саҳна писараки шармгин, вале ситорагарм бо ҳаяҷони ниҳонӣ баромад. Ба ҳозирон таъзим намуд ва нигоҳаш ба паси саҳна афтод, ки устодаш Талъат Шоҳбаротов ду дасташро боло бардошта, бо табассум омад металабид. Рӯҳи ҳофизи ҷавон болида гашт. Вай бо сабки худ суруди «Дӯстонро гум макун»-ро, дар асоси шеъри устод Мирзо Турсунзода, иҷро кард. Овози ширадори ниҳоли боғи санъатро ҳозирон бо кафкӯбиҳо бардавом истиқбол намуданд. Дар чорабинӣ ҳокими ноҳия шодравон Раҳима Ҳакимова ҳузур дошт. Вай аз ҷо хеста, ҳофизи ҷавону умедбахшро ба оғӯш гирифту комёбиҳо таманно кард. Сипас, ба санъаткори номдор Мардони Мавлон, ки дар толор ҳузур дошт, супориш дод, ки Шерзодро шогирд гирад.
Шерзод солҳои мактабхонӣ аз муаллимонаш Замира Муродова ва Раббим Ҷабборов захма ба тор задан ва иҷрои сурудро омӯхта бошад, аз Мардони Мавлон, Талъат Шоҳбаротов ва дигар санъаткорон асрор ва нозукиҳои ҳунари овозхониро ёд гирифт.
Соли 2008 санъаткори номдори Тоҷикистон Садриддини Наҷмиддин ба Самарқанд омад. Шерзод дар ҳузури ин ҳунарпеша суруди «Садои борон»-и ӯро иҷро кард. Бо ҳамин дӯстиву ҳамкории онҳо оғоз ёфт. Дертар Шерзод ба тӯйи суннатии писараш устоди худ Садриддини Наҷмиддинро даъват кард.
Шерзод гоҳо ба Тоҷикистон рахти сафар мебаст, дар барномаҳои консертии устодаш ширкат меҷуст.
Баромади ӯро тавассути «оинаи нилгун»-и Тоҷикистон тамошобинон хуш пазируфтанд.
– Аксарият хуб медонанд, ки шогирдам Шерзод Узоқов аз бачагӣ бо ҳунари овозхонӣ дилбастагии зиёд дошт, – иброз дошт ҳофизи мардумии Ӯзбекистону Тоҷикистон Мардони Мавлон. – Бояд гуфт, ки баъзе булҳавасҳо дар фазои санъат мисли ситораҳои паррон як намоён мешаванду нобаҳангом ғайб мезананд. Аммо қадами Шерзод дар ҷодаи санъат қатъӣ аст. Сирру комёбиҳои рӯзафзуни эҷодии вай пеш аз ҳама дар он аст, ки ӯ сурудҳои тоҷикиро бо маҳорати ба худ хос месарояд. Фикр мекунам, дар паси комёбиҳои ӯ ҷустуҷӯ ва меҳнати бурдборона нуҳуфтааст... 
– Ману Шерзод зиёд ҳамкорӣ кардем, – гуфт сарояндаи хушхон Ортиқ Нуриев. – Суруди “Ғанимат”-ро, ки мо якҷоя сурудем, мухлисон хуш пазируфтанд. Ният дорем, ки дар оянда низ ҳамкориҳо идома меёбанд. Шерзод нафақат санъаткори маҳбуб, балки инсони хоксору ҳалим, хушрафтору хушсуҳбат низ ҳаст. Мавзӯи Ватан, волидайн, фазилатҳои неки инсонӣ, ишқу муҳаббат, бахту саодат, дилёбӣ мундариҷаи асосии сурудҳои ӯро ташкил медиҳанд. «Некӣ бимонад ҷовидон» шиори зиндагонии дӯсти мост. Ин аст, ки дӯстамон сурудани суруди шоири маҳбуб Лоиқ Шералиро, ки бо сатрҳои:
Дунёи савдо бигзарад,
Андӯҳи дилҳо бигзарад.
Ҳам навбати мо бигзарад,
Аммо ба зери осмон,
Ҳамчун замини бекарон
Некӣ бимонад ҷовидон.
шурӯъ мешаванд, дӯст медорад.
Бале, ҳама чиз даргузар аст. Он чӣ, ки ҷовидон мемонад, некӣ ба инсонҳост.

Муродулло ТИЛЛОЗОДА, 
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: