НЕЪМАТИ БЕБАҲОИ ТАБИАТ АСТ ИНСОНИ СИҲАТМАНД

Соли 2011 номи табобатхонаи «обкомский» тағйир ёфта «шифохонаи барқарор кардани саломатӣ» гардид.

Дар тӯли беш аз 50 соли гузашта бисёр шахсон сарвари шифохонаи мазкур буданд, ки дар байни онҳо шахсони садоқатманд ба қасамёди Ҳиппократ, ҳалолу покиза низ буданд. 
Ҳатто шахсоне пайдо шуданд, ки аз ҳисоби боғи шифохона барои бунёди истиқоматгоҳи фарзандони худ бераҳмона дарахтони бисёрсоларо решакан карда, ҳамчун чӯбу тахта истифода бурданд. «Болои сӯхта намакоб» ҳатто ҳудуди шифохона ба чарогоҳи чорвои сартабиб табдил ёфт.
Ҳоло дар шифохона ҷавонмарди дурандеш Фарҳод Ботуров сарвар аст. Маҳз бо ташаббус ва дастгирии ӯ танҳо се соли охир беш аз ду ҳазор бех ниҳоли дарахтони мевадор ва сояафкан, гулгашти зебо ва дилнишин пайдо шуд.
Аз субҳи содиқ, то шаб беморону мардуми гирду атрофи шифохона зери дарахтони сӯзанбарг сайру саёҳат карда, аз нағмасароии паррандаҳои хушхон баҳраманд мешаванд.
Пас аз он, ки дар тасарруфи шифохонаи мазкур Донишкадаи давлатии илмӣ-тадқиқотии реаблитология ва тиббиёти варзишӣ ташкил ёфт, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Самарқанд Ҷасур Ризоев тез-тез ба ин ҷо омада, бисёр масъалаҳои муҳимро ҳал мекунад.
– Сарвари давлатамон дар мулоқоти кушоду равшан, ки 18 уми марти соли равон дар Қасри форумҳои байналхалқии Ӯзбекистон бо намояндагони соҳаи тибби кишвар баргузор гардид, дар назди мо вазифаҳои таъхирнопазир гузошта, таъкид намуд, ки тиб соҳаест, ки ба ҳама дахл дорад, – гуфт Ҷасур Олимҷонович, – аз ин рӯ, ҳифзи тандурустии шаҳрвандон, ташаккул додани сохтори тиббии нерӯманду босамар, аз вазифаҳои асоситарини давлатамон мебошад.
Имрӯз замон аз мо таҳким бахшидани асосҳои конститутсионии сохтори тибро талаб менамояд.
Боз сарвари давлатамон таъкид намуд, ки барои ба амал тадбиқ намудани чунин вазифаҳои таъхирнопазир ва бузурге, ки дар наздамон истодааст, касе ҳақ надорад, ки ба беэътиноӣ, бепарвоӣ ва сусткорӣ роҳ гузорад. Чунки сухан дар бораи ҳаёти инсон меравад.
Дар ноҳияи Самарқанд мақсад аз ташкил намудани институти нав аз он иборат аст, ки аввалан, донишҷӯён назарияро ба амалия пайваст карда, кадрҳои баландихтисоси замон шаванд.
– Ман ҳар сол ба шифохона омада саломатии худро мустаҳкам мекунам, – гуфт се маротиба иштирокчии чемпионати ҷаҳон оид ба самбо Ҷаъфар Ҷабборӣ, – алалхусус пагоҳӣ ё бегоҳӣ сайри боғ ба кас ҳаловат мебахшад. Бисёриҳо дар орзуи дидану истифода бурдан аз шифохона мебошанд.
Ҳудуди шифохона қариб 10 гектар майдонро ишғол менамояд, ки дар як гӯшаи он бинои нав қад мекашад. Он барои мардуми эҳтиёҷманди хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Албатта, табобат ва барқарор намудани саломатӣ бо маблағгузории корафтодагон ҷараён мегирад, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сифати табобат сарф мешавад.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: