Дар асоси қарори сарвари давлатамон «Дар бораи тайёрӣ ва баргузор намудани ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатӣ» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Самарқанд анҷуманҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Дирӯз маҳаллаи Хоҷа Аҳрори Валӣ намуди идона дошт, аз субҳи содиқ савту навоҳои дилошӯбу дилнишин танинандоз гардид.
Бегоҳирузӣ аз 74 маҳаллаи ноҳия пешқадамони кишоварзӣ, соҳибкорон, муаллимону шогирдони мактабҳои миёна, ҳарбиён, варзишгарон, собиқадорони меҳнат ва дигарон дар саҳнаи маҷмӯъаи Нодир Девонбегӣ ҷамъ омаданд, ки иди аз ҳама бузург ва азизамонро ҷашн гиранд.
Баъди танинандоз гардидани мадҳияи Ӯзбекистон ҳокими ноҳияи Самарқанд Сироҷиддин Усмонов ҳозиронро хайра мақдам гуфта таъкид намуд, ки бо файзу баракати Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ, ҳамзистии осоишта ҳама соҳаҳо рушду нумӯъ мекунанд .
– Боиси хушнудист, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз муҳимтарин рӯйдод дар таърихи кишвари азизамон аст, – иброз дошт Сироҷиддин Хайруллоевич.
Бо сиёсати оқилона ва дурандешонаи сарвари давлатамон замони истиқлоли кишвар ба мардуми саодатёри ноҳияи Самарқанд низ шароити мусоид фароҳам овард.
Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯзҳо бо саҳми мақомоти маҳаллӣ, тадбиркорон, шаҳрвандони саховатпеша, ташаббускор, ғайратманд аз маркази маъмурии ноҳия то дурдасттарин рустоҳои қаламрави мо ободонию кабудизоркунӣ, бунёди иншооти гуногуни замонавӣ, роҳу гулгаштҳо ва дигар гуна корҳои ибратбахшу лоиқи таҳсину ситоиш ба назар мерасанд.
Воқеан, бо ташаббуси Президент чанд деҳаи ҳамешабаҳори ноҳия чун Оҳалик, Оқбурё, Миронқул ба маскани сайёҳии Ӯзбекистони Нав табдил ёфт.
– Хуллас, итминони комил дорем, ки раванди корҳои ободонӣ дар ноҳияи Самарқанд идома ёфта, деҳу рустоҳо боз ҳам ободу зебо мешавад. Боварии комил дорам, ки шумо, ҳамдиёрони азизам барои пешрафту комёбиҳои нав саҳми арзанда хоҳед гузошт, – гуфт ҳокими ноҳия дар фуроварди сухан.
Сипас санъаткорони номдори Самарқанд бо сурудҳои дилошӯб ба ҳозирон ғизои маънавӣ бахшиданд.
Чунин тадбирҳои судбахш дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят низ баргузор гардиданд.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Самарқанд.