НЕЪМАТИ БУЗУРГЕ, КИ ИСТИҚЛОЛ ИНЪОМ НАМУДААСТ

Дар вилояти Фарғона низ бобати дар асоси қарори сарвари давлатамон «Дар бораи тайёрӣ ва баргузории ҷашни 28-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» аз 8 июли соли ҷорӣ муносиб ҷашн гирифтани иди аз ҳама бузург, аз ҳама азиз тайёрии ҷиддӣ дида мешавад.

Дар ин самт нақшаҳои дақиқ таҳия гардида, корҳои дахлдор оғоз ёфтанд. Хусусан, чорабиниҳое, ки дар шаҳру ноҳияҳо, маҳаллаҳо ва деҳот баргузор мегарданд, ба ҳама писанд меоянд.
Дар конфронси илмиву амалие, ки дар Фарғона таҳти мавзӯи «Ҷовидон шукуфон бош, Ӯзбекистони азизи ман!» ташкил гардид, олимон, эҷодкорон, муовинони ҳокимони шаҳрҳо ва ноҳияҳо, фаъолони Иттифоқи ҷавонон, намояндагони ҷомеаи васеъ иштирок карданд.
Шоираи халқии Ӯзбекистон Энахон Сиддиқова, муовини ҳокими вилояти Фарғона Файзулло Қосимов, доктори илмҳои филология, профессор Ҳабибулло Ҷӯраев ва дигарон таъкид намуданд, ки комёбиҳои тӯли солҳои истиқлолият дар тамоми соҳаҳо ба даст овардашударо ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф менамояд.
Самараи имкониятҳое, ки истиқлол инъом намудааст, дар ҳаёти вилояти Фарғона низ ифода меёбад. Шукуфон шудани шаҳру деҳот, баланд гардидани дараҷаи ҳаёти аҳолӣ аз ин далолат медиҳанд. Дигаргуниҳое, ки дар ҷаҳонбинӣ, шуур ва тафаккури ҳамватанонамон рух медиҳанд, ҳамчун омили муҳими ин комёбиҳо хидмат мекунанд. Ба туфайли истиқлолият арзишҳои халқамон аз нав эҳё шуданд. Мисли масканҳои зиёди муқаддаси мамлакатамон маҷмӯаи Пирсиддиқ, зиёратгоҳҳои Бурҳониддин Марғинонӣ, Аҳмад Фарғонии вилоят ба масканҳои дӯстдоштаи халқамон табдил ёфтанд, ки ҳиссу ифтихори мардумро баланд мебардорад. Дар тӯли се соли охир дар рушди мамлакатамон давраи тағйиротҳои муҳим оғоз ёфт.
Бо ташаббуси сарвари давлатамон бунёд карда шудани корхонаҳои саноативу муштарак  на танҳо ба вусъат додани иқтидори иқтисодии вилоят, балки таъмин кардани  шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани дараҷаи ҳаёт хидмат мекунанд. Пайваста зиёд гардидани маҳсулоти умумии ҳудудӣ, вусъат ёфани миқёси лоиҳаҳо, ки ба дар дараҷаи нав такмил додани рушди соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ нигаронда шудааст, сазовори эътибори баланд аст. Аз ҳама муҳимаш, корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ бо ҳам чунон мепайванданд, ки хурсандиовар мебошанд.
Дар тӯли солҳои истиқлолият дар вилоят 37,8 миллиард сӯмина маҳсулоти умумии ҳудудӣ истеҳсол карда шуд, ки имрӯз ин нишондиҳанда 25,2 триллион сӯмро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 1991-ум 314,3 фоиз зиёд мебошад. Дар давраи гузашта 3780 субъекти тиҷорати хурд созмон дода шуда, миқдори онҳо ба 23 542 адад расиданд. Дар натиҷа ҳиссаи субъектҳои тиҷорати хурд дар маҳсулоти умумии ҳудудӣ 70,8,  дар саноат – 45,1, кишоварзӣ– 96,2, сохтмон – 90,4 фоиз ва савдои чакана – 88,4 фоизро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сармояҳои гузошташуда  2,6 триллион сӯм, ё ки 52,6 фоизро ташкил медиҳад. 
Дар вилоят равобити иқтисодӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ торафт ривоҷ меёбанд. Дар соли 1991 муомилоти савдои хориҷӣ ба 26,2 миллион доллари ИМА, дар соли 2018 ба 511 миллион доллари ИМА расид, ки 19 баробар зиёд мебошад. Маҳсулоти аз ҷониби содиргарони ҳудудӣ истеҳсолшуда ба 218,2 миллион доллар расид, ки қариб 5 ҳазор баробар зиёд мебошад.
Дар конфронс натиҷаву комёбиҳои дар навсозӣ, озодгардонии ҷабҳаҳои мухталиф ва соҳаҳои мамлакатамон ба даст овардашуда бо ёрии мисолҳои оддӣ тавзеҳ дода шуданд.
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Фарғона Ш. Ғаниев нутқ эрод кард.

М. СУЛАЙМОНОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: