НЕЪМАТИ БУЗУРГЕ, КИ ЗИНДАГИИ ОЗОДУ ОБОДРО ДОДААСТ

Истиқлолият неъмати бузургест, ки ба халқи мо зиндагии озоду обод ато кардааст, шаъну шараф, шуури миллӣ, қадру қиматамонро барқарор карда, ба ҳамаи мо ҳисси худшиносӣ, арзишу анъанаҳои хешро баргардондааст.

Соли ҷорӣ 31-умин солгарди эълон шудани истиқлолияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, рӯйдоди воқеан бузург ва умумибашарӣ, ки дар ҳаёт ва сарнавишти кишвари мо дигаргуниҳои куллӣ ба амал овард, таҷлил мегардад. Дар ин давра сарчашмаи маънавиёти миллии мо боз кушода шуд ва миллати мо ба асли худ баргашт. Манфиати инсон аз ҳама чиз болотар гузошта шуд, ҳар як инсон воқеан гиромӣ дошта шуда,  қадр ёфт.
Воқеият аст, ки истиқлолият барои кишвари мо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми сазовор касб намуда, барои амалӣ намудани ислоҳоти густурда дар соҳаҳо ва бахшҳои гуногуни ҳаёт заминаи устувор фароҳам оварда, сарчашмаи асосии тамоми дастоварду марраҳоямон гардид.
Зеро, дар солҳои истиқлолият халқи сермиллати Ӯзбекистон иқтидори бузурги худ, азму иродаи қавӣ ва матонати худро нишон дода, озмоишу машаққатҳои душворро мардонавор паси cap карда, ба роҳи бузурги тараққиёт қадам гузошт. Махсусан, дар ҷомеаи мо муҳити сулҳу субот, ваҳдати шаҳрвандию байнимиллӣ мустаҳкам мегардад.
Таҳти роҳбарии Президенти мо дар соҳаи маориф ислоҳоти пайгирона ба амал бароварда шуд, ки ҳисоб карда ба ҳисобаш расидан душвор аст. Хусусан, бо мақсади муайян намудани хонандагони иқтидорнок, ба рӯйи об баровардани қобилияти онҳо, ҷорӣ кардани услуби пешқадами омӯзиши таълими мактаб, пухта азхуд кардани донишҳои замонавӣ ва забонҳои хориҷӣ фаъолияти мактабҳои президентӣ, эҷодӣ ва ихтисосонидашуда ба роҳ монда шуд.  
Таъсиси ин мактабҳо марҳилаи нави рушди низоми таълимро оғоз намуд. Аз ҳама муҳимаш, барои афзоиши минбаъдаи ҷавонони лаёқатманд, қобилиятнок, илмдӯст, ки ба ояндаи Ватанамон хидмат мекунанд, замина фароҳам оварда шуд.
Ислоҳоти ба амал баровардашуда натанҳо дар кишвари мо дигаргуниҳои бузурги мусбат ба вуҷуд овард, балки обрӯйи кишварамонро дар арсаи байналмилалӣ ба зинаи нав баровард.
Дар айни ҳол дар кишварамон ислоҳотеро, ки оид ба рушди минбаъдаи илм, дастгирии иҷтимоии қишри эҳтиёҷманди аҳолӣ татбиқ мегарданд, натанҳо ҳамватанонамон, балки коршиносони хориҷӣ низ эътироф менамоянд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки кишвари мо дар давраи гузашта таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон бобати  илм ва таълим мавқеву нуфузи худро дубора барқарор кард.
Мо ба чунин ҳадафҳои олӣ, албатта, ба шарофати истиқлолият, дар натиҷаи ислоҳоти пайваста, ки таҳти роҳбарии Сарвари давлатамон амалӣ мегардад, ноил гардидем. Инро дар мисоли дигаргуниҳои бузурге, ки дар ҳаёти ҷамъият, давлат ва халқи мо ба амал омадаанд, махсусан таваҷҷуҳи калон додан  ба инкишофи соҳаи таълим,  баланд бардоштани тахассус ва обруйи педагогҳо дар ҷамъият, боло бурдани  обруйи пешаи омӯзгорӣ, зиёд кардани музди кори муаллимон дидан мумкин аст.
Ҳамасола қарори дахлдори сарвари давлат қабул карда мешавад, ки ин рӯзи фархунда ҳамчун ҷашни умумихалқӣ сазовори сатҳи имрӯзаи рушди кишвару ҷомеаи мо, обрӯйи он дар арсаи байналмилалӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда шавад.
Тибқи қарори сарвари давлат аз 1 августи соли ҷорӣ “Дар бораи омодагӣ ба ҷашни сию якумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар сатҳи баланд гузаронидани он” барномаи чорабиниҳои ташкилию амалӣ, маънавию маърифатӣ соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таҳти шиори «Дар Ӯзбекистони Нав қадру қимати инсон, манфиатҳои халқ – арзиши олитарин» истиқбол гирифта мешавад, ки дар қалбамон ҳисси ифтихорро ба ҷӯш овард, гӯем муболиға нахоҳад шуд.  
Зеро, дар замири ин ғоя ва ҳадафи бузург дарк кардани неъмати бузург будани истиқлолият, ҳаёти осоиштаи мо, зиндагии ободи мо дар ин Ватани бузургу муқаддас, расидан ба қадри ҳаёти фаровони имрӯза ниҳон аст. 
Албатта, мо роҳи то имрӯзаро ба осонӣ тай накардаем. Ин натиҷаи меҳнати ҳалоли мо, нияти неки падарону модарони равшанфикри мо, азму иродаи ҷавонон, сиёсати одилонаю оқилонаи пешвои халқдӯст мебошад. Ва умуман дар остонаи ин санаи фархунда, ки барои мо даврони нав, зиндагии озоду ободро оғоз кард, бори дигар эҳсос хоҳед кард, ки миллати мо чӣ роҳи душвор ва дар айни замон пуршарафро тай кардааст.
Дар чунин рӯзҳо бо дидани ислоҳоти зарурӣ дар ҳама соҳаҳо аз диламон як орзу мегузарад: биёед ба манфиати Ӯзбекистон, ки ҳар лаҳза ободу зеботар мегардад, аз кор кардан ҳеҷ гоҳ хаста нашавем. Ба хидмати Ватан ҳамеша тайёр бошем!
 
Ғайрат АБДИЕВ,
узви Кумитаи масъалаҳои илм, таълим, фарҳанг ва варзиши Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: