НЕЪМАТИ ТАБЪИ САРШОР

Назаре ба ду китоби тозаи шеъри устод Паймон

Устод Паймон қариб чиҳил сол аст, ки дар даргоҳи муқаддаси “Овози тоҷик” фаъолият дорад. Кори рӯзнома водор кардааст, ки дилбастагии зиёде ба эҷод дошта бошад. Дар тарҷумаи осори бадеӣ корҳои чашмрас анҷом додааст. Ҳамчун шоир дорои принсипҳои эҷодии худ мебошад ва ба онҳо то имрӯз содиқ мондааст. Агар ба таърихи нашри китобҳои шоир нигарем, фосилаи байни онҳо қариб 10-12 солро ташкил медиҳад, ба истиснои маҷмӯаи хурдҳаҷми “Даҳ пурсишу даҳ посух”. Яъне, дар нашри осори худ ҳеч гоҳ ба шитобзадагӣ роҳ намедиҳад. Қаблан маҷмӯаҳои шеърии “Санги навишта”, “Шабовез”, “Шабоҳанг”, “Даҳ пурсишу даҳ посух” аз ӯ ба нашр расидаву аз ҷониби хонандагон хуб истиқбол гардидаанд.
Паймон аз нимаи дуюми солҳои 70-уми асри сипаришуда дар майдони адабиёт қалам мезанад ва дар шаклгирии шеъри ҳавзаи адабии мо саҳим аст. 
Ба наздикӣ ду китоби нисбатан мукаммали ашъори шоир дастраси хонандагон гардид, ки яке “Девон” (ҷилди 1) унвон дошта, бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон аз тариқи нашриёти “Адабиёт” ба нашр расидааст ва фарогири ғазалиёт мебошад. Китоби дувумӣ “Шабогард” номгузорӣ шудааст. 
Дар маҷмӯаи “Шабогард” асосан, шеърҳои дар шакли чаҳорпора, озод, рубоӣ ва дубайтӣ эҷодшуда гирд омадаанд. Китоб 256 сафҳаро дар бар гирифта, бо зиндагиномаи шоир ва пешгуфтори адабиётшиноси равоншод Ҳасан Қудратуллоев оғоз шудааст. Аз ҷумла, дар он пешгуфтор омадааст: “Қариб дар тамоми жанр ва номгӯйи ашъори шоир, ки дар маҷмӯаҳои мазкур ҷой гирифтаанд, мо муносибати ӯро ба офаридани шеър... мушоҳида мекунем... Паймон бидуни тардид дар майдони адабиёт ҷойгоҳи арзандаи худро дорад”. 
Дар ашъори шоир мушоҳидаву фикрҳои тоза ва мондагор роҷеъ ба шеъру шоир, ишқ, табиат, Ватан, худшиносӣ, эҳтироми волидайн ва оламу одам баён гардидаанд ва хонандаро ба олами эҳсосот раҳнамун месозанд. Дар силсилаи рубоиву дубайтиҳои ба сӯги падару модар бахшидашуда ҳамаи меҳру навозиш ва садоқати писаронаи ӯ ошкор гардидааст. Паймон дар ин силсилаи дубайтиву рубоиҳо ва шеърҳои дигар ба падару модар чун шахсони беҳамто муносибат карда,  эҳтироми онҳоро ба ҷо гузоштааст. Ин гуна муносибати шоир аҳамияти тарбиявӣ дорад ва муҳаббату садоқати фарзандиро дар дили ҷавонон тақвият мебахшад. 
Дар китоб гулчини ашъори маҷмӯаҳои пешини шоир ва ҳамчунин, сурудаҳои нав дохил шудаанд. Шеърҳои  “Забони поянда”, “Сактаи дил”, “Шеъри хуб”, “Оқибат мерасам”, “Сипос”, “Дуои шодбош”, “Забони барқу борон” ва ғайра аз ҷумлаи ашъори хонданӣ дар ин маҷмӯа ба ҳисоб мераванд, ки шоир онҳоро бо ҳисси масъулият ва диди шоирона рӯйи коғаз овардааст.  Силсилаи шеърҳои “Фирор аз бехудӣ бар худ” аз дебоча, 21 тазмин ва анҷом иборат аст. Тазминҳо аз ғазали Рӯдакӣ шурӯъ шуда, бо ғазали Лоиқ ба интиҳо расидаанд. Бо ин усул Паймон, чунонки худ ёдовар мешавад, ба ашъори бузургони адаб муроҷиат карда, ташнагии маънавии худро бартараф намудааст. Паймон азбаски аз адабиёти классикии тоҷику форс, адабиёти муосир огоҳии басанда дорад, дар шаклҳои гуногуни шеърӣ фикрҳояшро бо тарзи ба худ хос ифода мекунад. Чунин ба назар мерасад, ки бештар дар шакли чаҳорпора бардоштҳои худро озодона баён карда тавонистааст, дар ин қолаби шеърӣ қисме аз хостаҳои дил, дардҳои хусусиашро, ки иборат аз ормонҳои фардӣ мебошанд, баён созад. 
Дар хусуси паҳлуҳои гуногуни ашъори Паймон, маҳорати шоирии ӯ, аз ҷониби мутахассисони соҳа мақолаҳои зиёде таълиф гардидааст. Таҳқиқоти нисбатан мукаммале, ки оиди маҳорати шоирии ӯ офарида шудааст, рисолаи “Асрори шеъри шоир”-и адабиётшинос Ҷумъа Ҳамроҳ мебошад. Азбаски устод Ҷумъа Ҳамроҳ ҳамчун адабиётшинос ва мунаққид таҷрибаи кофӣ дорад, роҷеъ ба шахсият, зиндагӣ ва эҷоди шоир аз равзанаи нақди адабӣ назар карда, мавқеи шоирро дар адабиёти муосири ин ҳавзаи адабӣ муайян кардааст. 
Паймон дар шаклҳои суннатии шеър мисли ғазалу рубоиву дубайтӣ бештар эҷод карда ва андӯхтаҳои худро дар ин шаклҳои шеърӣ пешниҳоди мардум месозад, чунин менамояд, ки рӯҳи ӯ ба мусиқии шеъри классикӣ одат кардааст ва дар ин роҳ ҷодаи Ҳофизу Мавлавиву Саъдӣ ва Камолро идома мебахшад. Корбасти фаровони санъати саҷъ, истифодаи радифҳо дар шакли ибораву ҷумла барои ҳифзи мусиқии калом аз ин қабил аст. 
Ҷилди аввали “Девон”-и ӯ, ки бо ҳолу ҳавои тоза дастраси хонандагон гардид, як падидаи тоза дар муҳити адабии мо ба шумор меояд. Ҷасорати адабии шоир низ дар фароҳам овардани ин девони пурмуҳтаво зоҳир мегардад. Дар пешгуфтори китоб, ки ба қалами профессор Ҷ. Ҳамроҳ мансуб аст, чунин сатрҳоро мехонем: “Паймон дар сурудани ғазал ҳунарманд ва тозаҷӯ аст... паҳлуҳои ахлоқӣ ва фалсафии ғазалиёти Паймон диққатангез буда, ба арзёбии ҷудогона ниёз доранд” (саҳ.8). 
Дар асар ба қоидаҳои муҳимтарини тартиб додани девон риоя карда шудааст. Аз алифбои форсӣ, ки шарти аввали танзими девон мебошад, то қофияву радиф ва риояи миқдори байтҳо ҳама ба тарзи хубу хушоянд муназзам гардидаанд. Аз қадим чунин расм аст, ки ба болои матни ғазал сарлавҳа намегузоранд, баъзеҳо шартан ягон сарлавҳа гузоранд ҳам, чунин амал ба тарзи муваққатӣ анҷом мегирад. 
Ғазалҳои таркиби девон дар вазнҳои гуногуни арӯз эҷод гардидаанд. Бояд гуфт, шоир аз вазни арӯз огоҳии хуб дорад ва дар интихоби вазну ифодаи мазмун бо масъулият рафтор мекунад. Қофияву радиф низ тибқи қоидаҳои маъмул ба кор гирифта шудаанд. Зеҳни мардуми мо аз қадим бо мусиқӣ робитаи мустаҳкам дорад. Аз байтҳои зерин муносибату муҳаббати шоирро нисбати ғазал, ки ифодагари эҳсосоту бардоштҳои қаҳрамони лирикии ӯ мебошад,  ошкоро эҳсос кардан мумкин аст:
Ошиқам, ошиқ, маро маъшуқаи 
ҷонӣ, ғазал,
Зуҳраи базмиву Заҳрои
 шабистонӣ, ғазал.
Аз барои панҷ ҳисси зотиам, 
аз ростӣ
Мушку ҳаббу марҳаму доруву 
дармонӣ, ғазал.
Бо ҷамоли сурату бо ҳусни сират 
бегумон
Холи мушкини рухи авроқи 
девонӣ, ғазал.
Ҳазор сол боз мардуми мо ғазал мехонад, ғазал замзама мекунад, яъне ҳаёти ӯро бидуни мусиқиву ғазал тасаввур кардан амри муҳол аст. Дар байни ашъори лирикии Паймон ҳам ғазал ҷойгоҳи алоҳида дорад, зеро шоир бештари қувваву ғайрати худро ба ин шакли шеърӣ равона намудааст. 
Бо дарназардошти маводи таркиби девон ғазалҳои шоирро тақрибан ба чунин мавзӯъҳо тақсимбандӣ кардан мумкин аст: ишқ, ватандӯстӣ, худшиносӣ, таҳкими арзишҳои милливу умумиинсонӣ, дӯстӣ, истиқлол, мушкилоти иҷтимоиву фалсафӣ ва ғайра. Аммо азбаски дар қолаби ғазал бештар ашъори ошиқона суруда мешаванд, ин китоб низ аз ғазалҳои дорои мазмуни ошиқона саршор аст (Бе вуҷуди ишқ розамро пари парвоз нест, ишқ боли авҷгири табъи озоди ман аст). Яке аз мавзӯъҳои дигар дар ашъори шоир ин худшиносӣ мебошад, ки дар бисёр шеърҳо таъсири он эҳсос мегардад ва муаллиф рӯйирост иброз медорад, ки: “Дарки худ аз дарки кас мушкилтар аст”.  Дар дигар мавзӯъҳо низ ба байту порчаҳои шеърии тару тоза дучор омадан мумкин аст, ки аз андешаву омоли шоир дарак медиҳанд. Масалан, дар байтҳои зер истиқлол бо хушнудии алоҳида истиқбол гардидааст:
Мекунам ҳусни ғазал девони 
истиқлолро,
То бубахшам низ ҳусн овони
 истиқлолро.
Ростӣ, аз неъмати олист саршору ғанӣ,
Месазад з-ин рӯ ситоям хони
 истиқлолро.
Албатта, ҳар як калима дар зеҳни шоир тобишҳои маъноии худро дорад, ки ба воситаи онҳо андешаҳояшро шакл мебахшад ва хостаҳояшро рӯйи коғаз меорад.
Дар ҷилди нахусти девон аз санъатҳои бадеӣ мисли ташбеҳу тазоду таҷнис фаровон истифода гардидааст. Махсусан, санъати тазод корбасти зиёд дорад. Дар баробари ин, намунаҳои санъати акс ё табдилро ҳам дидан мумкин аст, ки дар осори кам шоирон ба назар мерасад ва намунаҳои беҳтарини онро аз девони Ҳофиз метавон пайдо кард. Масалан, дар  ғазали рақами 228 чунин мисраъҳоро мехонем, ки ҷойи калимаву ибораҳо тағйир ёфтаанд:
Аз чорсӯйи рӯзгор овои мурғон мерасад,
Овои мурғон мерасад аз чорсӯйи рӯзгор.
Ғазали мазкур аз аввал то охир бо ҳамин санъат навишта шудааст.
Бинобар таъкиди Устод Айнӣ нахустин шоире, ки ба забони форсии тоҷикӣ қасидаву ғазалу рубоии худро фароҳам овард, Рӯдакии Самарқандӣ буд, пас аз ӯ ҳазорҳо девон ба ин забон тартиб дода шудаанд, ки имрӯз дақиқ шуморидани онҳо имконпазир нест. Аммо  пас аз солҳои 20-уми асри ХХ бо дигар шудани талаби давр тартиб додани девон аз мӯд монд. Дар асрҳои миёна соҳибдевон будан яке аз милокҳои асосии шоирӣ ба ҳисоб мерафта бошад, минбаъд  муносибат ба ғазалу девон тағйир ёфт. Барои ифодаи мазмунҳои ба шиор монанд шоирони давр бештар ба шаклҳои дигари назм рӯй оварданд. Омили дигар таъсири адабиёти рус ба шеъри тоҷикӣ буд, ки дар натиҷаи он дар қолабҳои шеърӣ низ дигаргуниҳо ба вуҷуд омадааст. Лекин пас аз солҳои 70-уми асри ХХ жанрҳои суннатии ғазалу рубоӣ аз нав эҳё гардиданд. Табиист, ки дар эҳё кардани жанри ғазал устод Лоиқ ҳиммати баланд нишон дод ва имрӯз мо беҳтарин намунаҳои ғазали тоҷикиро аз китобҳои ашъори ӯ мехонем. Паймон бошад, бо нашри китоби мазкур анъанаи тартиб додани девонро дар адабиёти тоҷикии ҳавзаи адабии мо аз нав эҳё кард. 
Бо муруре кӯтоҳ ба ду китоби зикршуда метавон ба чунин хулоса расид, ки устод Паймон чун суханвари нуктасанҷ дар таҳаввул ва инкишофи шеъри тоҷикии даврони истиқлол саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода, ба комёбиҳои эҷодӣ ноил шудааст ва овози қалби ҳассоси ӯ шунавандаи худро дошту дорад.

Хусрав САЪДУЛЛОҲ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: