Неъматро азиз дорем

Аксар вақт чун «неъмат» мегӯем, бисёриҳо чизҳои моддӣ, ба монанди молу мулк, пулу сарват, ризқу рӯзӣ, сару либос, мошин ва ғайраро мефаҳманд.

Аксар вақт чун «неъмат» мегӯем, бисёриҳо чизҳои моддӣ, ба монанди молу мулк, пулу сарват, ризқу рӯзӣ, сару либос, мошин ва ғайраро мефаҳманд. Баъзеҳо бошанд мансабу мартаба, вазифаю лавозимро низ «неъмат» меҳисобанд. Дар ин асно ба табиат, обу ҳаво, саломатӣ, осоиштагиву амонӣ барин омилҳои барои ҳаёти инсон зарур эътибор намедиҳанд. Ҳол он ки инҳо неъматҳои барои ҳаёти инсон бағоят заруранд.
Оре, ҳар он чӣ, ки барои инсон манфиатовар аст, неъмат мебошад. Ва мо бояд ба қадри ҳар кадоми он бирасем, азиз дорем, ношукрӣ накунем. 
Аз Расули акрам (а.с.) ривоят мекунанд, ки ҳар касе, ки субҳ аз хоб бедор шаваду оилаашро сиҳҳату саломат, осоишта бинад ва дар хонааш озуқаи барои як рӯз кифоя бошад, дар ӯ ҳамаи неъматҳои дунё ҷамъулҷамъ аст.
Медонем, ки неъматҳои моддӣ ҳастанду неъматҳои маънавӣ. Агар  сару либос, хонаю ҷой, сарвату молу мулк неъматҳои моддӣ бошанд, илму дониш, ақлу заковат, имону эътиқод, шарму ҳаё, озодиву осоиштагӣ аз ҷумлаи неъматҳои маънавӣ ҳастанд ва воқеан аз неъматҳои моддӣ болотаранд.
Дар он ҷое, ки осоиштагӣ ҳукмрон бошад, одамон озоданд, хотирҷамъӣ, созандагӣ, бунёдкорӣ, фаровонӣ, файзу барака, эътимод ба фардо ҳаст. Бинобар ин мо бояд ба қадри осоиштагӣ, озодӣ, ҳуррият, ки неъматҳои Худододанд, бирасем, шукрона кунем, азиз дорему ҳифз намоем.
Баъзан дар тӯю тантана, маросими хайру эҳсон ва ғайра ба сарфу хараҷоти беҳуда роҳ медиҳем, ки хуб нест. Бо заҳмату машаққати бисёр пулу мол ҷамъ мекунем, барои ин ҳатто муҳоҷири меҳнатӣ ҳам мешавем, бинобар ин бояд дар сарфу хараҷот ҳам боандешаву мулоҳизакор бошем. Исрофкорӣ як навъи ношукрӣ ба неъмати Худодод мебошад.
Маърифатпарвар Абдулло Авлонӣ гуфтааст, ки иқтисод ба қадри пул ва мол расидан аст. Одами ба сарфакорӣ риоякарда, доимо осоишта ва бороҳат зиндагӣ мекунад.
Аллома Ғаззолӣ фармудааст: «Молу дунё барои одам ба монанди об аст. Онро бояд барои шикастани ташнагии муҳтоҷе нигоҳ дорем».
Сарватманд будану онро ба кори хайр сарф накардан нишонаи бахилист. Хуб мебуд, агар одами доро ба бечорагон мадад расонад. Шукр, ки ҳоло сафи чунин сарватмандони мурувватпеша зиёд мегардад...

Назирҷон ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Чуст.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: