Дар доираи ташрифи Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған ба кишварамон боз як рӯйдоди муҳим – маросими ба кор даровардани неругоҳи замонавии барқии ҳароратӣ дар вилояти Тошканд, оғози лоиҳаи сохтмони неругоҳи ба ин монанд дар вилояти Сирдарё ба амал омад. Лоиҳаҳоро ширкати туркии "Cengiz Enerji" амалӣ мекунад.
Дар маросим Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ карда, ба аҳамияти лоиҳаҳо таваҷҷуҳ намуда, қайд кард, ки ин маҷмӯъҳо таҷассуми равшани ҳамкориҳои Ӯзбекистону Туркия дар соҳаи иқтисодӣ гардидаанд. Махсусан таъкид гардид, ки танҳо дар як соли охир дар якҷоягӣ бо ширкатҳои туркӣ 5 лоиҳаи бузурги энергетикӣ амалӣ карда шуд, ки ба иқтисодиёти босуръат рушдёбандаи Ӯзбекистон муҳим мебошанд. Аз ҷумла, иқтидори умумии ин неругоҳҳо бо назардошти тарҳҳои имрӯза ба 1,4 ҳазор мегаватт мерасад.
Зимнан зикр гардид, ки ба туфайли таҷдиди соҳаи энергетикаи Ӯзбекистон то соли 2026 дар заминаи шарикии давлатию хусусӣ 20 лоиҳа ба маблағи 12 миллиард доллар ба роҳ монда мешавад. Ин лоиҳаҳо ба таври илова 71 миллиард киловатт-соат қувваи электр медиҳанд. Дар як сол 12 миллиард мукаабметр гази табиӣ сарфа карда мешавад.
Сарвари давлатамон ба муҳандисон ва бинокорон, ки дар сохтмони неругоҳи барқӣ ширкат кардаанд, миннатдорӣ баён кард. Сипас, президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Реҷеп Таййип Эрдоған бо пахши тугмаи рамзӣ дар вилояти Қибрай неругоҳи барқи ҳароратиро ба кор андохтанд ва ба сохтмони НБҲ дар вилояти Хавос оғоз бахшиданд.
Иқтидори неругоҳи барқии ҳароратӣ, ки дар ноҳияи Қибрай вилояти Тошканд сохта шудааст, 240 мегаватт аст. Неругоҳи барқӣ соле 2 миллиард киловатт-соат энергия ҳосил мекунад.
Иқтидори неругоҳи барқии нав дар ноҳияи Хавоси вилояти Сирдарё 220 мегаватт буда, дар як сол 1,7 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид хоҳад кард.