НЕРУИ СОЗАНДА ВА ОМӮЗАНДАИ КИТОБХОНАҲО

Маркази иттилоот ва китобхонаи ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё яке аз биноҳои ба чашм намоён ба шумор меравад, ки ғолибан ба ноҳия шукӯҳ мебахшад ва муҷассамаи як рахт китоб дар даромадгоҳи он таваҷҷуҳи ҳар раҳгузарро ба худ мекашад.

Директори ин маскани хирад марди бофарҳанг ва китобдӯст Шавкат Азизов буда, мавсуф аз соли 2019 ин вазифаи пурмасъулиятро иҷро мекунад.

– Аз бачагӣ китобҳоро хеле дӯст медоштам ва як гӯшаи хонаи падариро низ ин навъ хазина оро медод. Ҳамин меҳр маро водор сохт, ки маҳз дар риштаи забон ва адабиёти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанди Тоҷикистон таҳсил бигирам ва ҳаёти минбаъди худро бо олами китоб тавъам созам. Дар оғӯши чунин хазина кор кардан ба кас фараҳ ва неруи ниҳоние мебахшад, – мегӯяд Шавкат Азизов.

Назар ба гуфтаи ӯ, Маркази иттилоот ва китобхонаи ноҳияи Деҳқонобод соли 2019 бунёд ёфта, то кунун фаъолияти пурсамар мебарад. Айни ҳол дар ин маскан 14 нафар машғули кор ҳастанд, ки 5 нафар аз онҳо соҳиби маълумоти олӣ мебошанд ва панҷ нафари дигар маълумоти миёнаи махсуси китобдорӣ доранд.

– Маркази мо чор самти фаъолият дорад. Хадамоти иттилоотӣ-библиографӣ, хидматрасонию пур кардан, нигоҳдорӣ ва коркарди манбаъҳо, хидматрасонии обуна ва истифодабарандагони китобу хидматрасонии технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ аз ҳамин шумор аст. Мо ин вазифаҳоро ба таври бояду шояд иҷро мекунем ва ба мизоҷони худ аз таҳти дил хидмат мерасонем, – таъкид кард Ш. Азизов.

Марказ моҳи августи соли 2020 ба бинои нав кӯчонида шуд ва сифати хидматрасонӣ ба мизоҷон беҳтар гардид. Ҳамчунин нигоҳубини китобҳо мувофиқи талаботи замон роҳандозӣ шуда, шароити кор мутлақ тағйир ёфт. Алҳол дар марказ  25850 дона китоб нигаҳдорӣ мешаванд, ки 8550 нусхаи онро адабиёти электронӣ ташкил медиҳад ва базаи маълумоти гуногуни электронӣ дар китобхона баробари 64 Гб аст. Ин китобхона дар маҷмӯъ 9550 узви доимиро соҳиб буда, шумори он нафароне, ки аз хидмати китобхона истифода мебаранд, 15 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Аммо теъдоди корбарони китобхона, ки аз базаи электронӣ истифода мебаранд, 3711 нафар мебошад ва рӯ ба афзоиш дорад.

Ба гуфтаи Шавкат Азизов, марказ бо аксари муассисаҳои таълимии қаламрав ва идораҳои хурду бузурги давлатӣ ҳамкории доимӣ дорад ва ҳангоми зарурат ба ҷойҳо рафтаву дар тадбирҳои гуногуни вобаста ба китоб ва масоили маърифату маънавият ширкат меварзад. Хоса, дар намоиши китобҳо иштирок кардаву хонандагони дабистон ва дигар муассисаҳои таълимиро ба дунёи рангини китобҳо ҷалб месозад. Шоёни таҳсин аст, ки китобдорони ин маркази хирад ба хонаҳои шахсони маълул низ рафта, аз ҳоли эшон воқиф мегарданд ва мувофиқи талабашон бо китобҳои бадеӣ таъмин месозанд.

– Дар чунин маврид одамони маълул ё ба муҷибе саломатии худро аздастдода, ки дар ҳар гӯшаи ноҳия умр ба сар мебаранд, хеле хушнуд мегарданд, – мегӯяд яке аз кормандони фаъоли китобхона Наргиза Ҷӯраева. – Зиндагии якранги чунин шахсонро, ки бархе аз онҳо солҳои дароз имкони аз хона берун рафтан надоранд, зиёи нав бахшидан ва бо олами китобҳо пайвастан ба кас ҳисси ифтихор мебахшад. Шодии чунин одамонро дида, шоҳиди он мегардӣ, ки китобҳо чӣ неруи созанда ва омӯзанда доранд.

Боиси хурсандист, ки дар марказ пайваста намоиши китобҳои нав сурат мегирад, рӯнамоии китобҳои тозанашр дар ширкати аҳли зиё баргузор шуда, чорабиниҳое низ роҳандозӣ мешаванд, ки маҳз ба тарғиби мутолиаи китоб дар байни насли наврас вобаста аст.

– Китобхонаи мо имкони дар як нишаст ба 15 мизоҷ хидматрасониро дорад. Ду роёна (компютер) насб гардида, ба интернет пайваст аст. Ин тавр, рӯзмарра зиёдтар аз 50 нафар ба китобхона омада китобҳоро дастрас ва мутолиа мекунанд. Як қисми мизоҷони мо аз тариқи интернет вориди базаи китобхона мешаванд ва аз махзани электронӣ истифода мекунанд. Ҳоло хоҳишмандони китобҳои савтӣ афзудаанд, ки боиси хушнудист, – мегӯяд Шавкат Азизов ва таъкид кард, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ саҳифаҳо боз кардаву он ҷо низ ба тарғиби китобу китобхонӣ машғуланд.

Маълум гардид, ки китобхона бо 32 ташкилоти давлативу ғайридавлатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дорад ва асосан ин қарордодҳоро тарғиби китоб ташкил мекунад. Боиси хурсандист, ки як қисми китобхонаро китобҳои тоҷикӣ  ташкил медиҳанд. Назар ба гуфтаи директори китобхона, 150 китоби илмию бадеӣ низ мавҷуданд, аммо шумори корбаронаш нисбат ба солҳои қаблӣ хеле кам.

– Хеле мехостем, ки теъдоди китобҳои тоҷикӣ низ бештар бошанд. Чунки як қисми аъзами аҳолии маркази ноҳияро тоҷикон ташкил медиҳанд ва талаботи маънавии онҳоро қонеъ кардан як кори хайре мебуд. Дар кишвари мо китобҳои зиёд ба забони тоҷикӣ нашр мегарданд, аммо аз чӣ сабабе ба дасти мо намерасанд. Аз шунидаамон, адибони тоҷики муқими Ӯзбекистон бештар аз ҳисоби худ китоб нашр мекунанд ва теъдоди онҳо кифоят намекунад, ки ба китобхонаҳо овардаву биспоранд. Ин корро бояд ҳукумат бар ӯҳда гирад ва дар тарғиби адабиёти тоҷик дар қаламрави Ӯзбекистон мусоидат кунад. На танҳо китобхонаи мо, балки кулли китобхонаи мактабҳои таълимашон тоҷикӣ чунин мушкил доранд ва пайваста аз адади адабиёти бадеӣ шикоят мекунанд, – бо таассуф ба забон меорад раҳбари марказ.

Новобаста ба чунин мушкилот Маркази иттилоот ва китобхонаи Деҳқонобод пайваста ба тарғиби китобҳо машғул аст ва гӯшаҳои махсусе низ дорад, ки дар онҳо намунаи осори қаламкашони ҷавон ва насли куҳансоли ноҳия нигаҳдорӣ мешаванд ва зуд-зуд бо ширкати адибони маҳаллӣ дидору мулоқот низ сурат мегиранд. Дар пешбурди чунин корҳо кормандони содиқи китобхона   Норбой Чориев, Наргиза Ҷӯраева ва Комила Юсупова бештар саҳм мегузоранд.

Шариф Халил,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: