НЕСТ ЧИЗЕ ХУШТАР АЗ ДИДОРИ ДӮСТ

Самарқанд аз қадимулайём то замони мо маркази тамаддун, адабу фарҳанг, илму маориф, таълиму тарбия буду ҳамин тавр хоҳад монд.

Устод Рӯдакӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Низомии Ганҷавӣ, Умари Хайём, Камоли Хуҷандӣ, Ҷомиву Навоӣ, Туғралу Айнӣ, Деҳотиву Фотеҳ Ниёзӣ, Ҳабиб Юсуфию Фазлиддин Муҳаммадиев ва садҳо нобиғаи сухан маҳз бо муҳити созгори ин диёри шӯҳратёр пайвандии устувор доштанду баҳраҳои зиёди маънавӣ насибашон гаштааст.
Ҷавонони бешумори мамлакат имрӯз ҳам барои гирифтани маълумоти олӣ ба даргоҳҳои маърифати Самарқанд майлу иштиёқи баланд зоҳир мекунанд. Мо 54 нафар толибилмони вилоятҳои Фарғонаву Ҷиззах, Намангону Қашқадарё, Самарқанду Сурхондарё ва шаҳри Панҷакент соли 1968 ба собиқ факултаи филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии педагогии Самарқанд ба номи устод Садриддин Айнӣ қабул шуда будем. Соли 1972 хатмкунандагон диплом дар даст аз паи касби омӯзгорӣ роҳи манзилҳои худ ва ноҳияҳои дурдастро пеш гирифтем. Дар тӯли ним асри гузашта  бо ҳамдигар ва устодони арҷманд вохӯриҳои ёдмони зиёд оростем, ба тӯю маърака ва ҷашнҳои гуногуни оилавӣ ширкат варзидем, риштаҳои дӯстиву ҳамдилӣ мустаҳкам шуд, дидорбинӣ ба ҳукми анъана даромад. Аммо чуноне ки мегӯянд: ғаму шодӣ, тӯю мотам паҳлӯи ҳам будааст. Аз байни онҳо то имрӯз 20 нафар ин ҷаҳонро падруд гуфта, ба ҳақ пайвастанд. Фироқи дӯстони ҳамсабақ боқимондаҳоро боз ҳам қаринтар гардонид.
29-уми августи соли ҷорӣ мувофиқи аҳду паймон вохӯрии навбатӣ ба амал омад. Дар шаҳраки Гулободи навбунёди ноҳияи Самарқанд лаҳзаҳои гуворои дидор фаро расид, ки ба тасвираш қалам оҷиз аст. Бо сабабҳои беморӣ, сафари хориҷӣ ва узрҳои дигар як қисми онҳо ба вохӯрӣ омада натавонистанд.
Сӯҳбат, ҳазлу мутоиба, мушоира, ёди воқеаҳои солҳои донишҷӯӣ маҳфилро маънову зинат бахшид. Ҳар кадоми ҳамнишинон гуфтаниҳои зиёде доштанду навбат мепоиданд. Йӯлдошбой Додобоеви риштониву Очилбек Қуттиеви ҷиззахӣ таассуроти худро аз тамошои Самарқанди имрӯза нақл мекарданду Матлуба Нурқуловаю Саноат Холиқоваи самарқандӣ бо табъи шоириву заковати бадеҳагӯӣ ҳозиронро ба ҳайрат оварданд. Омӯзгори хушсалиқа Назар Қурбонови нуратоиву ҳофизи хушхони ҳамсабақ Тоҳир Зокирови сурхондарёӣ  ба мутасаддиёни базмгоҳ ва ҳозирини дерошно эҳтирому сипосашонро дареғ надоштанд. Абдусалом Аҳмадҷонову Ҳоҷӣ Аълам Исмоилов ва Ӯроқбой Зиёзодаи дорои маърифати исломӣ бо тиловати оятҳои қудсӣ ва ҳикмату ҳадисҳои муборак рӯҳи гузаштагонро шоду қалби ҳозиронро мунаввар намуданд. Дигарҳо низ бо суханҳои саршори самимият ва шукргузории ин дамҳои ғанимат ҳамаро ба вохӯрии оянда – ҷашни 55-солагии оғози таҳсил дар донишкадаи маҳбуб, ки дар сатҳи баланди ҳамкориву муташаккилӣ гузаронида хоҳад шуд, рағбат бахшиданд.
Нияти нек ними давлат гуфтаанд, ки бо инояти Офаридгор муродамон ҳосил мешавад. То боздид, дӯстони азиз!

Нормурод КАРИМЗОДА.
Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: