«НИДОИ ДАРАХТОН»

Чунин ном дошт намоиши асарҳои рассомони Самарқанд дар толори Art Station-и назди Донишгоҳи байналхалқии туризм ва мероси фарҳангии «Роҳи бузурги абрешим», ки дар оғози фасли тирамоҳ ташкил ёфтааст.

Чунин тадбир бори нахуст дар Самарқанд таъсис ёфта, диққату эътибори ҷавонон ва табиатдӯстонро ба худ мекашад. 
Ҳомиёни анҷумани бошукӯҳи фарҳангӣ Натан  Жефериз, Кристина Кренфлед коллеҷи санъати Шоҳигарии Лондон) Ашот Данилян (Тошканд) мебошанд. 
– Мақсади мо пешгирии буридани ғайриқонунии дарахтон  аст, – барафзуд Ашот Данилян. – Гарчанде барои чунин амалиёт ҷарима пешбинӣ шудааст, вале баъзе шахсон – душманони табиат теша ба решаи рустаниҳои шифобахшу  ҳаётбахш мезананд. 
Афсӯс мехӯрам, ки дар Самарқанд низ чунин амалиётҳои ғайриқонунӣ вуҷуд дорад. Ҳатто  дарахтони садсоларо бо ҳар баҳона несту нобуд кардаанд. Фаромӯш набояд кард, ки дарахтон ғайр аз ҳаворо тоза нигоҳ доштан, инчунин таърих  аст. 
Умедворӣ дорем, ки баъди чунин чорабиниҳои судбахш мардум нидои  имдодталабонаи дарахтони сояафкану манзаравӣ ва мевадору таърихиро  мешунаванд .

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
мухбири «Овози тоҷик».

САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: