НИДОИ ПУРҚУДРАТИ КИНО

Дар киноҷашнвораҳое, ки ба тарзи анъанавӣ дар Тошканд баргузор мешуданд, ҳаводорони синамо, хусусан, дӯстдорони филмҳои ҳиндӣ ташрифоти Раҷ Капури машҳурро интизор мешуданд.

Дар киноҷашнвораҳое, ки ба тарзи анъанавӣ дар Тошканд баргузор мешуданд, ҳаводорони синамо, хусусан, дӯстдорони филмҳои ҳиндӣ ташрифоти Раҷ Капури машҳурро интизор мешуданд. Мегуфтанд: «Фестивал бе Раҷ Капур фестивал нест». Танҳо не, писаронашро низ ҳамроҳ меовард актёр ва коргардони номвари Болливуд.
Инак, баъди як муддат танаффус Тошканд боз киноэҷодкорони машҳури дунёро фаро хонда ва киноҷашнвораи XIII байналхалқӣ таҳти унвони «Дурдонаи Роҳи абрешим» хотирмон сурат мегирад. Хотиррасон мекунем, иди синамо дар Тошканд бо номи «Ҷашнвораи байналхалқии кинои кишварҳои Осиё, Африқо ва Амрикои Лотинӣ» дар давраи шӯравӣ, ҳамчунин дар давраи истиқлолият баргузор гардида буд. Анъана бо ташаббуси роҳбари давлати мо аз нав барқарор гашт ва ба алоқамандону мухлисони кино рӯҳбаландии бузург бахшид.
Аз Ҳиндустон ба Тошканд Сарфароз Алам, Рандхир Капур, Равана Рахул Харнам Сингх, Карим Моранӣ, Митхун Чакрабортӣ ва дигар чеҳраҳои намоёни синамо ташриф оварданд.
М.Чакраборти (таваллудаш – 1950) дар Калкутта ба дунё омада, дар 370 филм нақш бозидааст. Машҳуртарин картинаҳои ӯ – «Раққоси диско» ва «Рақс кун, рақс кун».
Дигар аз шахсиятҳои маъруф аз Болливуд, ки номаш ба ӯзбекистониён шинос ва чанд бор меҳмони диёрамон шудааст, писари калонии Раҷ Капур – Рандхир Капур мебошад.
Моҳи ноябри соли 2006 вай бо ду додараш Риши ва Раҷив, ки айни замон ситораҳои синамо буданд (ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд), ба Тошканд омада ва бародарон дар чорабинии «Ёдбуди Раҷ Капур» иштирок карда буданд. 5 декабри соли 2006 толори барҳавои қасри «Дӯстии халқҳо» пур аз мухлисон буд. Баъд писарон ба Намангону Самарқанд рафтанд, зимни вохӯрӣ бо ҳаводорони Раҷ Капури афсонавӣ, ки Ӯзбекистонро дӯст медошт, меҳмонпазирӣ ва самимияту кушодалии мардуми моро дигарбора ҳис намуданд.
Маълум, ки Раҷ Капур асосан аз сурудҳои дилпазири овозхони маъруф Мукеш Чандра Матхур истифода мекард. Дар ёдбуди Раҷ Капур дар Ӯзбекистон бошад, писари ин овозхон – Нитин низ ҳузур дошт. Нитин сурудҳои падараш «Дӯсти, дӯсти нареҳа», «Авараҳу», «Мера ҷута ҳай Ҷапанӣ»-ро, ки дар диёри мо низ «хит» шудаанд, ба эътибори тамошобинон расонд, рӯҳи Мукеш ва Раҷ Капурро шод гардонд.
Раҷ Капури зиндаёд наздик 10 маротиба ба Тошканд омада буд. Вай мегуфт: «Дар дунё ҳамин хел як чизи қудратноке ҳаст, ки ба он ҳеҷ чиз баробар омада наметавонад. Он – меҳри дӯстист. Мана, имрӯз ҳам ба туфайли ҳамин меҳр дар оғӯши қадрдонҳоем. Ин бори чандум ба ин ҷо омаданам. Тошканд чун шаҳри дӯстӣ ва шаҳри санъат бароям бисёр маъқул. Ман аслан аз шаҳри Пешовар мебошам. Шароити табиӣ, урфу одатҳои зодгоҳи ман ба иқлиму арзишҳои миллии халқҳои Ӯзбекистон бисёр наздик. Барои ҳамин ҳам ман дар ин диёри офтобӣ худро чун дар хонаи худ ҳис мекунам».
Маротибаи чаҳоруми ба Тошкандомадан вай «Сангам», «Қасами савум» ва «Дар мамлакате, ки дарёи Ганг ҷорист» ном филмҳояшро оварда буд. Як олам завқи маънавӣ бурда буданд тамошобинҳои мо.
Раҷ Капур ҳузур дошту ҷашнвораҳои кино дар Тошканд боз ҳам ҷолиби диққат. Вай боз изҳор медошт: «Тошканд боғи зеборо мемонад. Ин шаҳри зебо чи ҳозир ва чи оянда барои халқи ҳинд дӯст шуда мемонад».
Оре, «шаҳри дӯст» шуда мондааст Тошканд барои ҳиндустониён...
Раҷ Капур бори охирин ба Тошканд соли 1986 омад. Баъди ду соли он чашм аз ҷаҳон пӯшид. Мутаассифона, тавре дар боло ишора сохтем, писарони ӯ Риши ва Раҷив низ ҳоло дар қайди ҳаёт не. Нахустфарзандаш Рандхир (таваллудаш 1947), ки нотоб аст, бо як аҳвол (бо аробачаи ногиронӣ) ба киноҷашнвораи сенздаҳуми Тошканд омад, вале рӯҳафтода нест. Дидори Тошканд ва иди фараҳбахши кино дар ин сарзамин ба вай ирода мебахшад.
Аз сулолаи актёрон будани Рандхир ба аксарият маълум. Вай набераи Притхвираҷ Капур аст, ки солҳои бистуми қарни гузашта аз Пешовар ба Мумбай омада, киностудия ва театри шахсӣ барпо карда буд. Ғайр аз ду додар вай боз соҳиби ду хоҳар: Рима ва Риту қарибони ҷониби падариаш Шаммӣ ва Шаши низ актёрҳои машҳур буданд. Айни замон пайвандон аз ҷониби модараш Кришна, аз зумраи Прем Натҳ, Раҷендра Натҳ ва Нарендра Натҳ чун алоқамандони саноати кинои ҳинд ном баровардаанд. Актёр Прем Чопра – язнааш, ҳунарпешагон Анил Капур ва Санҷай Капур – амакбачаҳояш.
Рандхир ҳанӯз дар бачагӣ дар филмҳои падараш «Ҷаноби 420» (1955) ва «Ду соҳиб» (1959) нақш бозида буд. Баъдтар дар чандин картина бо офаридани образҳои ҷолиб ба дилу дидаи тамошобин роҳ ёфт, анъанаи нақшофарии Капурҳоро муносиб идома дод (адади филмографияаш бештар аз 100). Ҳамсараш Бабита бошад, дар 19 кинокартина нақш бозидааст. Ҳарду дар «Дарёи вақт» ном филм якҷо нақш бозида ва ҳамдигарро дӯст дошта, хонадор шудаанд. Соли 1974 нахустдухтарашон Каришма таваллуд ёфт. Вале баъде духтари дуюм Карина рӯи дунё шуд, дар ҳаёти оилавиашон муаммоҳо пайдо шуданд. Соли 1987 Бабита ду духтарро гирифта, манзили Рандхирро тарк намуд. Баъди 19 соли ҷудоӣ ҳарду оштӣ карданд, оила барқарор гашт. Духтарҳои Рандхир ва Бабита – Каришна ва Карина ҳоло ситораҳои дурахшон дар Болливуд.
Рандхир Капур дар се соли охир ба якчанд зарбаҳои рӯзгор дучор гашт – ғайр аз ду додар боз аз модар ва хоҳар ҷудо гардид, ки ин ҳама ба солимиаш бетаъсир намонд. Бо вуҷуди ҳамин оҳанрабои Тошканд ӯро ба иштирокдорони ҷашнвораи навбатӣ рӯбарӯ намуд.
Нахустҷашнвора дар пойтахти ҷумҳуриамон аз ин расо 53 сол муқаддам – 21 октябри соли 1968 таҳти шиори «Барои сулҳ, тараққиёти иҷтимоӣ ва озодии халқҳо!» кушода шуда буд. Дар сенздаҳумин ҷашнвораи байналхалқии синамо бошад, рӯҳи Тошканд, рӯҳи сулҳ ва рӯҳи ҳамдилии халқҳоро тамоми олам дигарбора ҳис менамояд. Нидои амну амонипарвари ин ҷашнвора боз ҳам нирӯмандтар мегардад ва аминем халқҳоро беш аз пеш муттаҳид месозад.

М. ШОДИЕВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: