Нигоҳ аз Олмон: ӮЗБЕКИСТОН БО МЕҲМОННАВОЗӢ, ТАЪРИХИ ҚАДИМА ВА МЕРОСИ ҒАНИИ ХУД ТААССУРОТ БАХШИД

Дар шабакаи маъруфи телевизиони ҷамъиятии 3Sat бо забони олмонӣ, ки миллионҳо аудитория дорад, дар вақти асосӣ филми мустанади 43-дақиқагӣ дар бораи Ӯзбекистон намоиш дода шуд.

Дар шабакаи маъруфи телевизиони ҷамъиятии 3Sat бо забони олмонӣ, ки миллионҳо аудитория дорад, дар вақти асосӣ филми мустанади 43-дақиқагӣ дар бораи Ӯзбекистон намоиш дода шуд.
Тавре муаллифон қайд мекунанд, филми ҳуҷҷатӣ Ӯзбекистони замонавиро тавре имрӯз ҳаст, ҳамон хел нишон медиҳад. Филм дар бораи биноҳои таърихии он ва манзараҳои аҷиби табиӣ, инчунин таърихи   одамоне, ки аз суннатҳои ниёгонашон фахр мекунанд, нақл менамояд.
Сафари ҳайати наворбардории олмонӣ аз шаҳрҳои хатсайри таърихии Роҳи бузурги абрешим гузашт. Онҳо Самарқанд, Бойсун, Тирмиз, Шаҳрисабз, Тошканд, Бухоро ва Хиваро тамошо карданд. «Дар тӯли асрҳо ин шаҳрҳои афсонавӣ инфрасохтори заруриро барои корвонҳои тиҷоратӣ дар канори Роҳи бузурги абрешим таъмин мекарданд. Ҷойҳои таърихӣ то ҳол аз шукӯҳ ва сарвате, ки тиҷорат ба ин шаҳрҳои воҳа овардааст, шаҳодат медиҳанд. Зиндагии ҳаррӯзаи ӯзбекҳо дар байни ин ёдгориҳои қадимӣ ҷараён дорад», — нақл менамоянд муаллифон.
Меҳмоннавозии сокинони Ӯзбекистон, ки онҳоро доимо ба меҳмонӣ даъват мекарданд ва бо хӯрокҳои гуногун зиёфат менамуданд, ба ҳайати гурӯҳи наворбардорон таассуроти фаромӯшнашаванда бахшид. Ҳамин тавр, яке аз беҳтарин савораҳои минтақаи Чорӣ, ки ҷоизаҳоро дар шакли қолинҳои суннатӣ ва муосир ба даст овардааст, онҳоро ба ҷойи худ даъват кард, ки дар барнома пешакӣ ба нақша гирифта нашуда буд, мегӯянд филмсозон. «Мо бори дигар олиҳимматии ӯзбекҳои оддиро дидем».
Дар хотимаи филм таъкид мегардад, ки «Ӯзбекистон бо меҳмоннавозӣ, таърихи чандинасра ва мероси бойи худ таассурот бахшид».
3Sat як шабакаи маъруфи телевизиони ҷамъиятии бидуни таблиғ, ҳамчун лоиҳаи муштараки «ZDF»-и Олмон, «ORF»-и  Австрия ва «SRG SSR»-и Швейтсария таъсис ёфтааст. Ин канал аз 1 декабри соли 1984 ба забони немисӣ барнома пахш мекунад ва асосан барои тамошобинони немисзабон пешбинӣ шудааст. Каналро тақрибан 40 миллион нафар – дар Олмон, Австрия ва Швейтсария ва 85,5 миллион нафар дар дигар кишварҳои Аврупо тамошо мекунанд.

АИ «Дунё».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: