НИГОҲЕ АЗ ҲИНДУСТОН: САМИМИЯТ, ОШКОРОӢ ВА ДӮСТӢ БАЙНИ КИШВАРҲОИ МО НАҚШИ МУҲИМ ДОРАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 27 январ дар ҳамоиши нахустини «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ», ки дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, ширкат варзид.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон 
Шавкат Мирзиёев 27 январ дар ҳамоиши нахустини «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ», ки дар шакли конфронси видеоӣ баргузор шуд, ширкат варзид. Чорабинӣ дар ҷомеаи байналмилалии коршиносӣ боиси рағбати зиёд гардид. Вай ҳамчунин ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои анъанавии қарин ва дӯстона, вусъат додани ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон асос гузошт.
Оҷонсии иттилоотии «Дунё» баҳои як қатор коршиносони ҳиндустониро ба пешомади ҳамкориҳои дуҷониба ва байниминтақавӣ пешкаш менамояд.
Сканд ТАЙЯЛ, сиёсатшиноси машҳури Ҳиндустон, собиқ сафири Ҳиндустон дар Ӯзбекистон:
— Ҳамоиши мазкур бори аввал ба муносибати Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон ва дар арафаи 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ бо ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ гузаронида шуд.
Пеш аз он, ки дар бораи муносибатҳои байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон сухан гӯем, бояд таъкид кард, ки робитаҳои қарин ва дӯстонаи байни халқҳои мо таърихи қадима доранд.
Ҳиндустон яке аз аввалин кишварҳое буд, ки истиқлолияти Ӯзбекистонро эътироф намуд. Минбаъд, соли 2011-ум ҷонибҳо Баённомаи муштарак дар бораи шарикии стратегиро ба имзо расониданд.
Аз замони ба вазифаи Президенти Ӯзбекистон оғоз карданаш, аз моҳи декабри соли 2016-ум Шавкат Мирзиёев эътибори худро ба муносибатҳо бо Ҳиндустон бештар намуд, ки боиси такони ҷиддии рушди ҳамкориҳо гардид. Ба ин муносибат мехостам таъкид намоям, ки дар байни сарони кишварҳои мо муносибатҳои қарин, самимӣ ва дӯстона муқаррар шудааст.
Дар ҷараёни сафари давлатии Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҳиндустон моҳи октябри соли 2018 як қатор шартномаҳо бинобар ҳамкорӣ дар самтҳои бартаринок ба имзо расиданд. Ғайр аз ин сафари Президенти Ӯзбекистон ба Ҳиндустон, ки моҳи январи соли 2019-ум ба вуқӯъ пайваст ва иштироки ӯ дар ҳамоиши ҷаҳонии «Гуҷарати мустақим» аз дараҷаи баланди муносибатҳои дуҷониба гувоҳӣ медиҳад. Яке аз муоҳидаҳои баимзорасида таҷрибаи ҳамкории байни вилояти Андиҷони Ӯзбекистон бо иёлати Гуҷарати Ҳиндустон гардид.
Таҳти сарварии сарони давлатҳо муносибатҳои ҳамаҷонибаи байни кишварҳои мо мувофиқи манфиат ва орзуву омоли халқҳоямон муттасил инкишоф меёбанд.
Ҳоли ҳозир мубодилаи солонаи моли байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустон ба 500 миллион доллар мерасад. Бо назардошти имкониятҳои бузурги истифоданашудаи соҳа ҷонибҳо саъю кӯшиш доранд, ки тӯли солҳои наздиктарин мубодилаи моли дуҷонибаро ба беш аз 1 миллиард доллар расонанд. Тамоми ҳаракатҳое, ки имрӯз амалӣ мешаванд, барои дастёбӣ ба ҳадафи мазкур нигаронида шудаанд.
Ҳамчунин ҳамкориҳо дар соҳаҳои мудофиа ва амният фаъолтар шуданд, мубодилаи ҳайатҳои байни вазоратҳои мудофиа вусъат пайдо кард. Аз соли 2019 бори аввал дар таърихи муносибатҳои ӯзбекистониву ҳиндустонӣ машқҳои муштараки ҳарбии «Дӯстӣ» гузаронида мешаванд. Онҳо, пеш аз ҳама, ба мубориза ба муқобили терроризм нигаронида шудаанд. Бояд таъкид намуд, ки хурӯҷи терроризм барои демократияи Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон мушкилот ва таҳдид ба шумор меравад. Ӯзбекистон ва Ҳиндустон баҳри мубориза ва аз байн бардоштани ин таҳдид робитаҳои самарабахшро ба роҳ монданд. Аз ҷумла, гурӯҳи муштараки корӣ бинобар мубориза бо терроризм таъсис ёфт.
Соли гузашта дар Афғонистон тағйироти ҷиддӣ ба амал омаданд. Ӯзбекистон барои ба роҳ мондани мулоқот бо ҳокимияти дарамал ва ҳаллу фасл кардани масъалаҳои барои ҷомеаи минтақавӣ муҳим саъю кӯшиши зиёд мекунад. Ҳукуматҳои Ҳиндустон ва Ӯзбекистон барои ҳамоҳанг сохтани иқдомҳои амалӣ вобаста ба Афғонистон мунтазам гуфтушунид мекунанд. Қайд кардани сафари котиби Шӯрои амният ва вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон моҳҳои ноябр ва декабри соли 2021 ба Деҳлӣ бамаврид аст.
Чунин чорабиниҳои мунтазам ва мулоқоти мустақими байни кишварҳоямон ин, пеш аз ҳама, орзуву омоли умумии халқҳои мо мебошад, ки аз ҷониби сарони давлат ва ҳукуматҳои мо ба эътибори махсус молик аст, тавре ки ман аллакай дар боло таъкид кардам, мулоқотҳои амалии байни Президент Шавкат Мирзиёев ва Сарвазир Нарендра Модӣ тасдиқи ин гуфтаҳост. Чунин самимият, ошкороӣ ва дӯстӣ дар рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба нақши муҳим мебозанд.
Санҷай ПАНДЕЙ, сиёсатшинос, профессори Маркази омӯзиши Русия ва Осиёи Марказии Донишгоҳи Ҷавоҳирлал Нерӯ:
– Муносибатҳои ӯзбекистониву ҳиндустонӣ, ки решаҳои қадимии таърихӣ доранд, солҳои охир бо суръати беш аз пеш инкишоф меёбанд. Соли 2015-ум Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кард. Баъди соли 2016-ум Президенти Ӯзбекистон интихоб шудани Шавкат Мирзиёев ӯ як қатор ташаббусҳои муҳимро бинобар фаъолсозии ҳамкорӣ бо кишварҳои ҳамсоя, ҳамчунин Ҳиндустон, Чин ва Русия пеш гузошт.
Сафарҳои Президент Шавкат Мирзиёев ба Ҳиндустон солҳои 2018 ва 2019-ум, бешубҳа, дар таърихи муносибатҳои дуҷониба саҳифаҳои нав боз карданд. Минбаъд ҳар сол на камтар аз як бор мулоқоти мунтазами байни Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Ҳиндустон баргузор мегардад.
Президент Шавкат Мирзиёев қайд намуд, ки бинобар мавқеи нодири ҷуғрофии Ӯзбекистон иштироки фаъоли мамлакат дар лоиҳаҳои гуногуни ба якдигар вобаста, ки ба баланд бардоштани иқтидори транзитии минтақа нигаронда шудаанд, аввалиндараҷа ба шумор меравад. Вобаста ба ин метавон нахустин иқдомҳои амалиро бобати истифодаи имкониятҳои бандаргоҳи Чабаҳори Эрон дар самти Осиёи Ҷанубӣ қайд кард.
Аз ҷумла, дар байни Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Эрон гурӯҳи корӣ ташкил гардид, ҳайати мутахассисони ӯзбекистонӣ бошад, аз бандаргоҳ боздид ба амал оварда, бо имкониятҳои он ошно шуд.
Ғайр аз ин ҳамаи мо медонем, ки ба мақсади истифодаи имкониятҳои транзитии Афғонистон ва кумак барои эътидоли иқтисодиёти мамлакат мутахассисони ӯзбекистонӣ дар ҳудуди он роҳи оҳани 75-километраро бунёд карданд ва ба истифода супурданд.
Барилова бояд мавҷудияти самтҳои гуногуни пешомадноки ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Ҳиндустонро таъкид сохт. Бинобар ин тӯли солҳои наздиктарин пешбинӣ мегардад, ки дар муносибатҳои дуҷониба самтҳои зерин, аз ҷумла тиб, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таълими олӣ, сайёҳӣ нақши муҳим мебозанд.
Тавре ки ман аллакай гуфтам, Президент Шавкат Мирзиёев ба ҳамаҷониба вусъат додани муносибатҳои ӯзбекистониву ҳиндустонӣ эътибори зиёд медиҳад. Дар навбати худ ҳукумати Ҳиндустон бо сарварии Сарвазир Нарендра Модӣ ба фаъолтар сохтани ҳамкориҳо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо Ӯзбекистон, ки дар минтақа мавқеи муассир ва муҳим дорад, эътибори махсус медиҳад.
Бовар дорам, ки дар замони наздиктарин миқёси муносибатҳои дуҷониба бо суръатҳои беш аз пеш вусъат меёбанд.

АИ «Дунё»,
ДЕҲЛӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: