Осиёи Марказӣ аз марказҳои бузургтарини олами ислом буда, олимону шоирон, муҳаддисон, муфассирон, зоҳидону обидон, табибону файласуфони зиёдеро дар канори худ парвардааст.
Онҳо дунёро бо чароғи илму ирфон равшан сохтаанд. Намояндагони бузурги илму адаб ва дини Бухорову Самарқанд, Хоразму Тирмизу Қаршӣ, Тошканду Фарғона тасбити дақиқи ин фикр ҳастанд.
Ин нуктаро ҳаёт ва фаъолияти ҳадисшиноси бузург, ҳамватани мо Абуисо Муҳаммад ат-Тирмизӣ низ тасдиқ мекунад.
Ҳадисшиноси барҷаста, намояндаи бузурги олами ислом, Абуисо Муҳаммад ат-Тирмизӣ дар соҳаҳои илми ҳадис, фиқҳ, тафсир, таърих, мантиқ ва ғайра беназир буд. Меҳру муҳаббат нисбати илм ӯро водор сохт ба шаҳрҳои Хуросон, Ироқ, Арабистон ва ғайра сафар карда, аз сармояи илм баҳравар гардад. Ӯ аз уламои машҳури замон – ҳадисшиносони бузург мисли Имом ал-Бухорӣ, Имом Муслим, Абудовуд, Қутайба ибни Саъид, Исҳоқ ибни Мусо, Маҳмуд ибни Ғилон ва дигарон таълиму тадрис гирифта, ба камолоти маънавӣ расид. Ӯ, ба хусус бо пешвои ҳадисшиносон Имом ал-Бухорӣ дӯстиву рафоқат дошта, аз ҳамдигар файзу баракат гирифтаанд. Имом Тирмизӣ шогирди ин зоти таббаррук буд. Онҳо ҳамеша дар масъалаҳои душвор ба ҳамдигар ёрӣ мерасониданд. Имом ал-Бухорӣ доир ба ин зот мегӯяд: «Нафъе, ки ман аз ту гирифтам, аз гирифтаи ту аз ман зиёдтар аст».
Имом ал-Бухорӣ устоди ҳадисшиносон буда, «Саҳиҳи Бухорӣ»-и ӯ дар тамоми донишгоҳу мактабҳои исломии олам омӯзонида мешавад. Имом Тирмизӣ, ки аз мактаби ҳадисшиносӣ баҳравар буд, низ дар соҳаи илми ҳадис китобҳои муътабареро иншо намуд. Онҳо то ҳол мавриди омӯзиши олимону ҳадисшиносон, толибону шефтаи илм ҳастанд. Китобҳои мазкур ҳама оид ба оинҳои нек буда, одамиро аз ҷаҳолат ба роҳи пурсаодат раҳнамун месозанд.
Аҳамияти илми ҳадис дар тамоми соҳаи ҳаёти дунявиву ухравӣ бузург буда, инсонро огоҳ менамояд, то соҳиби ҳаёти судбахш бошад.
Баъд аз истиқлол ба омӯхтани мероси гаронбаҳои ниёгонамон роҳи васеъ кушода шуд. Дар натиҷа барои тадқиқу таҳқиқи ҳаёту фаъолияти гузаштагонамон заминаи мусоид фароҳам омад.
Имом ат-Тирмизӣ Муҳаммад ибн Исо ибн Савра ибн Мусо ибн аз-Заҳҳок ас-Суламӣ аз-Зарир ал-Бӯғӣ ат-Тирмизӣ соли 824 милодӣ дар деҳаи Бӯғи наздикии шаҳри Тирмиз таваллуд шудааст. Падару модараш шахсони соҳибмаърифат, донандаи илми дин, соҳибтақвову парҳезкор, худоҷӯю олиҳиммат буда, ба тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ додаанд. Бино ба маълумоти муаррихон: «Бобояш аслан зодаи шаҳри Марв аст», ки бо тақозаи давр ба Тирмиз кӯчида омадааст.
Ӯ дар маъхазҳо бо се тахаллус машҳур аст. Инҳо: Ат-Тирмизӣ, Аз-Зарир, Ал-Бӯғӣ мебошанд. Таърихнигори машҳури Осиёи Марказӣ Саъд Абдулкарим ас-Самъонӣ (1113 -1167) чунин менависад: «Лақаби ал-Буғӣ гирифтани ин зот аз сабаби дар деҳаи Бӯғ (аз деҳаҳои ноҳияи Шерободи вилояти Сурхондарё) вафот карданашон мебошад. «Аз-Зарир» аз забони арабӣ гирифта шуда, маънои «шахси нобино»-ро дорад. Баъди фавти устоди комилаш муҳаддиси бузург Имом ал-Бухорӣ аз сабаби бисёр гиристан чашмонаш нобино мешаванд. Ба ин омил лақаби «Аз-Зарир»-ро гирифтаанд». Тахаллуси дигаре, ки барои ҳамаи ҷаҳониён машҳуру маълум аст, ин «Ат-Тирмизӣ» буда, дар аксар китобҳои тадқиқотии гузаштаву ҳозира бо ин ном зикр мешавад. Азбаски муҳаддис дар наздикии Тирмиз зиста, ба мактаби ҳадисшиносии ин сарзамин пойдевори мустаҳкам гузошт, чунин нисбат ҳамчун унвони фахрӣ ба он кас дода мешавад. Аз хурдӣ қувваи ҳофизаи қавӣ дошта ба тамоми илмҳо қаробат намуда, тарбияву илми аввалинро аз падар гирифт, сониян аз устодони комил илмҳои лозимаро меомӯзад. Ӯ умри пурбаракоти худро то рӯзи вопасин дар сафару талаби илм, саодатхоҳӣ баҳри фарзанди одамизод гузаронда, аз муҳаддисони машҳур таълим гирифт ва китобҳо тасниф намуд. Ин зот аз рӯйи гуфтаи таърихшиносон ҳамеша дар талаби ризоияти Аллоҳ нафасеро зоеъ намегузаронид, гоҳо машғули илми ҳадис буду гоҳо машғули ибодат... Хулоса, шарҳи ҳоли ин бузургвор оинаи ибрат барои тамоми табақаҳои иҷтимоӣ мебошад. Соли 892-уми милодӣ муҳаддиси ҷаҳонӣ Абуисо ат-Тирмизӣ дар деҳаи Бӯғи назди Тирмиз аз олами фано ба олами бақо реҳлат кард. Аз марги ин бузургвор 1124 сол гузашта бошад ҳам, номи накӯяш дар хотири башар муҳр бастааст.
«Сунани Тирмизӣ» китоби ба ҳадис бахшидашудаи Абуисо Тирмизӣ мебошад. Ҳадисҳоеро, ки забони Пайғамбари гиромии ислом (с.а.в) саҳобагону муҳаққиқон, ровиёну аҳли салаф шунида будаанд, ба саҳиҳу носаҳиҳ, ҳасан ё заиф, ғариб ё машҳур ҷудо карда, дар ин китоби муътабар ҷамъ оварда, пешкаши тамоми мусалмонҳои рӯйи дунё намудааст.
Ин китоб дар маъхазҳо бо номҳои «Ал-ҷомеъ ас-саҳиҳ», «Ал-Ҷомеъ ал-кабир», «Саҳиҳи ат-Тирмизӣ» ва унвони аз ҳама маълуму машҳураш «Сунани Тирмизӣ» зикр гардидааст. Сабаби ин гуна ном гирифтани асар он аст, ки дар асри Абуисо ат-Тирмизӣ шаш китоби «Ал-Ҷомеъ ас-саҳиҳ» ба вуҷуд омадааст. Монанди «Саҳиҳи Бухорӣ», «Саҳиҳи Муслим» ва дигарҳо. Саҳиҳ худ маънои дуруст, рост, солим, аз дурӯғу буҳтон холиро дошта, сухан ва маҷмӯи амалҳоеро мегӯянд, ки ба манфиати башар нигаронида шудаанд.
Олимон китобҳои ҳадисро беҳтарин манбаъ баъд аз китоби муқаддаси осмонии «Қуръон» медонанд.
«Сунани Тирмизӣ» аз китобҳоест, гуфтору рафтор, амалҳои писандидаи Расули акрам (с.а.в)-ро муҷазу дилпазир муҷассам намуда, фарзанди одамиро ба роҳи ҳаёт равона месозад.
Ин асар аз ҷиҳати таркиб ба мавзӯъҳои таҳорат, салот (намоз), закот, рӯза, ҳаҷ, ҷаноза, никоҳ, одоби ба фарзанди дигар шир додан, талоқ, савдову тиҷорат, аҳкоми қозигӣ намудан, додани ҳаққи моли дигарон, меъёр, қоидаи шикор, қурбонӣ намудан, назр, имон, сират, ҷиҳод, либос, таомҳо, нӯшиданиҳо, хайру эҳсон, саховатпешагӣ, табобат, фароиз, васиятномаҳо, хайрхоҳӣ намудан, тақдири азал ва ғайра бахшида шудааст. Ҳар як мавзӯе, ки баррасӣ мешавад, мантиқан ба мавзӯи баъдӣ вобастагӣ дошта, онҳо якдигарро пурра мекунанд. Бад-ин тариқ, ҳар боб низ аз мавзӯъҳои ногусастанӣ иборат буда, барои хонанда ҷиҳати таълимиву тарбиявӣ дорад.
Рамазон АБДУЛЛОЕВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Тирмиз, дотсент,
Кароматуллоҳи АЙНУЛЛОҲ,
магистранти бахши
дувуми ДДС.