«НИГОҲИ ДӮСТӢ»

Дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол байни миллатҳо ва халқиятҳо ҳамҷиҳатӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармост.

 Тарбияи насли наврас дар руҳияти таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ва ватандӯстӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлати мо мебошад. Дар Конститутсия ва қонунҳоямон қайд шудааст, ки дар Ӯзбекистон ҳамаи шаҳрвандон, қатъи назар аз миллат, забон ва дин баробарҳуқуқанд. 
Солҳои охир корҳое, ки дар ин самт амалӣ мегарданд, зинаи баландро ишғол намудааст. Маълум аст, ки бино ба қарори Созмони Милали Муттаҳид 30 июл дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи дӯстии халқҳо таҷлил мегардад. Имрӯзҳо Ҷашнвораи дӯстӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон бо як шукӯҳи идона мегузарад. 
Дар Агентии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ бахшида ба ин сана нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Дар анҷуман роҳбарону кормандони Кумитаи равобити байни миллатҳо ва робитаҳои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, фаъолони марказҳои миллӣ-фарҳангии ҷумҳурӣ иштирок доштанд. 
Раиси кумита Рустамбек Қурбонов тамоми ҳамватанонро бо Рӯзи дӯстии халқҳо муборакбод намуда, ба созмондиҳандагони ҷашнвораи дӯстӣ миннатдорӣ изҳор намуд. Таъкид намуд, ки ҳадафи асосии ҷашнвора муттаҳид намудани таҷриба ва иқтидори илмии кишварҳо дар таъмини ҳамбастагии байналмилалӣ, таҳкими фазои дӯстона бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо давлатҳои ҳамсоя, барқарор намудани муносибатҳои ҳамкории мутақобилан судманд бо ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳифзи фарҳанг, забон, анъана ва арзишҳои миллии ҳамаи миллату халқиятҳои маскуни мамлакат мебошад.
Муовини раиси кумита Азамат Тошев ба иштирокдорони конфронс дар бораи чорабиниҳое, ки дар доираи ҷашнвора баргузор мешаванд, маълумот дод. Аз ҷумла, маросими гулмонӣ дар боғи «Ӯзбекистони Нав», маросими ифтитоҳи намоиши фотосуратҳо бо номи «Нигоҳи дӯстӣ» дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд, супурдани мукофотҳои давлатӣ, нишони сарисинагии «Халқлар дӯстлиги» дар меҳмонхонаи «Intercontinental», дар кохи ба номи А. Навоӣ тақдиронидани ғолибони озмуни «Беҳтарин намоиши телевизионӣ, репортаж, ки дӯстиро васф мекунанд», «Мушоираи дӯстӣ» дар Хиёбони адибон, намоишгоҳ-ярмаркаи ҳунармандӣ бо номи «Дар оғӯши Модар-Замин» дар боғи Наврӯз, дар майдони «Дӯстии халқҳо» гала-консерт бо номи «Оҳангҳои дӯстӣ» ва чорабиниҳои гуногуни маънавию маърифатӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи бачаҳо барпо мегарданд.         
Ҷашнвораи дӯстӣ аз 30 июл то 4 августи соли ҷорӣ идома меёбад.

Саодат БЕКНАЗАРОВА, 
хабарнигори «Овози тоҷик».       

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: