НИМ АСР – ҲАМДАМ БО ҚАЛАМ

Модар, Устод, Мураббӣ!

Бувад аз барги гул нозук дили зан,
Ҳарими сина бинмо манзили зан.
Замин аз мақдами ӯ гулситон аст,
Ҳазорон лола рӯяд аз гили зан...
Модар, Устод, Мураббӣ! Вақте ин вожаҳои зебою гӯшнавозро ба забон мегирам, бевосита симои зане пеши назарам меояд, ки тамоми умри бобаракати хешро сарфи хидмати мардум намуда, бо хоксорию ҳалимӣ, ширинзабонию кордониаш боиси эҳтирому боварии халқу миллат гаштааст. 
Ӯ рӯзноманигор, модари мушфиқ, устоди сахтгиру меҳрубон ва бонуи пазандаву ҳунарманд аст. Дар тамоми масъалае, ки дар рӯзгор дар мемонед, тайёр аст, ки ба шумо  роҳи дурусти зиндагиро ҳидоят намояд.
Базморою равшангари хонадон аст. Бо зарофатгӯӣ ва шеърхонӣ маҳфилорои ҳар анҷуман мебошад, ки ин хислати ҳамидаи эшонро борҳо мушоҳида намудаам. 
Ҳар як ҷавонзану духтарони имрӯза метавонанд, ҳамчун идеали хеш дар зиндагии худ, рафтору кирдор ва суханронию ҳунармандии эшонро ба тариқи намунаи ибрат истифода баранд. 
Ин бону Ӯғилой Ҷурабоева мебошад, ки 21 марти соли 1954 дар деҳаи Янгибоғи ноҳияи Узун, дар оилаи деҳқони асил таваллуд шудааст. Аллакай аз даврони мактабӣ бо доноию ҳозирҷавобӣ тамоми устодонро дар ҳайрат гузошта буд. Қобилияти рӯзноманигорӣ ва шоирӣ барвақт, дар айёми ҷавонияш, дар рагу хуни Ӯғилой туғён мекард, ки инро мо аз суханронии устодон ва ҳамкасбҳои эшон пай бурдем. Бо маслиҳати устодон ва падару модари меҳрубонаш, Ӯғилой ҳуҷҷатҳояшро соли 1970, пас аз бомуваффақият ба итмом расонидани мактаби миёнаи рақами 30-юми ноҳияи Узун, ба шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон супорида, таҳсил намуд. Соли 1975 донишгоҳро бо баҳои аъло хатм намуда, ба зодгоҳаш баргашта, дар рӯзномаи ноҳиявии “Сариосиё ҳақиқати” ба ҳайси мухбир ба кор шурӯъ мекунад. Аз соли 1980 то соли 2004 дар мактабҳои рақами 12 ва 14-уми ноҳияи Узун, омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик шуда кору фаъолият бурдааст. Дар тӯли ин солҳо чандин шогирдони фаъолро тарбия намуд. Ягон озмуну олимпиадаи фаннӣ набуд, ки шогирдони эшон иштирок накунанд, ки ин аз самараи хуби меҳнати устод дарак медод. Пайваста мақолаву лавҳа ва ҳикояву шеърҳои хонданибобаш дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврӣ аз чоп мебаромад. Аввалин китоби ин бонуи ҳунар дар соли 2017 бо номи “Рози дил”, ки дастраси мухлисон гашт, як падидае буд дар ҳавои шеъри ноби тоҷикӣ, ки дили ҳазорон муштариёни хешро ба тасхир бурда буд. Ӯғилой дар навбати худ тарҷумони боистеъдод низ ҳаст, ки дар соли 2019, аз осори Абдулло Қаҳҳор тарҷума намуда, китобе бо номи “Анор” аз чоп бароварда, пешкаши мухлисон гардонда буд. Қалби ин зани хоксору меҳнатдӯст, ки моломоли ишқу муҳаббати пок аст, намехоҳад, ки хурдтаракон низ аз ашъори ғаниаш бебаҳра монанд. Аз ин рӯ, тасмим гирифт, як маҷмӯаи шеъру афсонаҳои ҷаззоб баҳри кӯдакон ва хурдсолон пешкаш намояд, ки ин орзуи Ӯғилой соли 2020 амалӣ гашт. 
Китобе бо номи  “ Харгӯшаки гурезпо” бо нақшу нигор ва сурату манзараҳои дилфиреб аз чоп баромад.
Гарчанде устод соли 2004 ба нафақа баромад, то ҳол аз эҷоду меҳнат намеҳаросад. То ҳол саҳифаҳои рӯзномаи “Боботоғ тонги”-ро бо шеъру мақола ва тарҷумаю лавҳаҳояш зебу оро медиҳад. 
Устодро қаламашон доимо бурро бошаду хотири мухлисонашро бо маводи тару тозаи хонданибоб шод гардонад! 
Агарчи илмро дарёӣ, устод,
Зи хуршеди ҷаҳон болоӣ, устод.
Аз он ки фарз бошад илму ирфон,
Биҳамдуллаҳ, ту худ дунёӣ, устод!

Саодат САНГИНОВА,
директори мактаби 
рақами 82-юми 
ноҳияи Сариосиёи 
вилояти Сурхондарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: