НИМ АСРИ ПУРШАРАФ

Рӯзномаҳои «Ҷиззах ҳақиқати» – «Джиззакская правда» панҷоҳсола шуданд

Дар он солҳо нашри рӯзномаҳо кори саҳлу осон набуд. Дар мо чопи ҳуруфчинии онҳо анқариб то аввали солҳои навадум идома дошт. Камина аввали солҳои навадум, зимни ҳамкорӣ бо як қатор нашрияҳои Тоҷикистон, ҳатто як муддат ба сифати ходими рӯзнома кор кардан, заҳмати тоқатфарсои журналистонро бо чашми худ дидаам. Кормандони матбаа дар сех сари дастгоҳҳои калон менишастанду баъди ислоҳи саҳифаҳо гаштаву баргашта бо ҳарфҳои наборӣ, ба фикрам қӯрғошимӣ буданд, матнҳоро мечиданд. Кор бад-ин тарз то як поси шаб тӯл мекашид ва шумораи нав омода мегардид...
Рӯзномаҳои вилоятии «Ҷиззах ҳақиқати» – «Джиззакская правда» низ ин роҳро паймудаанд ва то ба имрӯз ҳамқадами ҷамъияту замон мебошанд. Орзу ва ормонҳои одамон, дигаргуниҳои соҳаҳои гуногуни ҷомеа дар саҳифаҳои онҳо инъикос меёбанд.
– Рӯзнома аз ибтидо ҷамоаи аҳлу тифоқ дошт, – ба  хотир меоварад рӯзноманигори фахрӣ Абдукарим Шарифов. – Аз ин рӯ роҳи пуршарафро тай кард. Бо мардум ҳамнафас гардид ва ҳоло ҳам дар ин рӯҳия амал мекунад.
– Дар бобати вазифаҳои асосии воситаҳои ахбори омма дар  назди ҷомеа ҳар қадар ҳарф занем, кам аст, – мегӯяд сармуҳаррири рӯзнома Баҳодур Назаров. – Зеро ҳама гуна маҳсулоти журналистӣ, ки тавассути саҳифаҳои рӯзномаҳо эълом мегарданд, маҳз маҳсули меҳнату ҳосилаи ақлу шуури кормандони онҳост.
Имсол аҳли рӯзномаи мо панҷоҳсолагии нашрияро ба таври хосса таҷлил намуданд. Бояд гуфт, ки ба он тайи солҳои гуногун Октябр Ҷавлонов, Абдулло Аҳмад, Баҳриддин Сатторов, Салоҳиддин Сафаров барин рӯзноманигорони тавоно сармуҳаррирӣ кардаанд. Меҳнати онҳо ба таври муносиб қадр ёфтааст. Ҷӯра Маматқулов, Турсунбой Камолов, Светлана Пятаева, Тошқул Бекназаров, Асад Каттабековҳо бо орден ва медалҳо сарфароз шудаанд.
Чанд тан аз ҳамкорони пешини мо ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд. Ҳар сол зимни таҷлили Рӯзи ходимони матбуот онҳоро ёд мекунем. Ҳамеша  дар маҳфилҳо, чорабиниҳо ба  поси хотирашон суханони нек гуфта мешаванд.
Алҳол журналистони чирадасту  хушқалам Ҳакимҷон Тилабов, Ӯктам Одилов, Асад Мустафоев, Васил Илёсов, Муқаддас Сафарова, Абдушукур Лапасов, Шароф Раҳимов, Ҷамшед Ёрбеков бори сангину пуршарафи рӯзномаро пеш мебаранд. Барои инъикос намудани паҳлӯҳои мухталифи ҳаёти вилоят, хосса ҳоли ҳозир, ки Ӯзбекистони Навро барпо мекунем, заҳмат мекашанд. 
Дар ин роҳ ба ҳамкасбони худ комёбӣ ва бурдбориҳо таманно дорам, – гуфт дар хулоса сармуҳаррир.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Ҷиззах.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: