Зан будан бахти бузург аст.
Зан будан бахти бузург аст. Зан модару момову хола ва хоҳару ҳамсари меҳрубон мебошад. Аммо зане, ки чунин масъулиятро дар ҷисму ҷони худ эҳсос наменамояд, ҳаргиз зани солимақл нест. Агар зан ба кӯчаи фиребу найранг ва пайдо кардани луқмаи ҳаром даромада бошад, ҳатман ба тарбияи ҷиддӣ ниёз дорад. Вай ин тарбияро дар ҷойҳои махсус хоҳад гирифт.
Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳанӯз чунин занҳо дучор мешаванд. Ба ҷои он ки бо аъзои хонавода дар фазои орому осуда машғули зиндагӣ ва калон кардани фарзандон шаванд, даст ба корҳои ҷиноӣ мезананд. Ин хеле бад аст ва таҳаммул кардани он низ барои одамони солимақл басо мушкил хоҳад буд.
Ҳоло нафаре, ки ин ҷо дар борааш нақл мекунем, аз тоифаи чунин занҳои нафсашон бади шаҳрамон муаррифӣ шудааст. Номи ӯро шартан Гӯзал меномем. Вай бахти оилавии худро эҳсос нанамудааст ва дар назди фарзандон, пайвандони худ ба шаъни зану модар доғ овардааст.
Гӯзал ба ҷои он ки ба фарзандони худ намунаи ибрат шавад, дар кӯчаву хиёбонҳо аз роҳи зӯроварӣ ва таҳдид ба аз худ кардани молу сарвати дигарон машғул шудааст. Вай аллакай тавонистааст, ки молу маводи дигаронро тасарруф кунад ва ба атрофиён зарари моддиву маънавӣ расонад.
Рӯзе вай дар кӯчаҳои шаҳр сайркунон шиноси деринааш – Юлдузро дида мемонад. Ҳарду чанд лаҳза дар назди яке аз дӯконҳои тиҷоратӣ аз ҳаёту рӯзгори худ ба якдигар нақл мекунанд. Мебинанд, ки дуртар аз онҳо зане тавассути телефони ҳамроҳ бо ким-кӣ гарм суҳбат мекунад. Гӯзал ва Юлдуз оҳиста ба ин зан, ки Манзура ном доштааст, наздик мешаванд.
Гӯзал ногаҳон ба телефони дасти Манзура чанг меандозад. Манзура аз чунин ранг гирифтани ҳол даступо гум мекунад ва телефонашро низ фаромӯш карда, бо ҳарос аз онҳо дур мешавад.
Ду нафар авбошзан дар як лаҳза телефони ҳамроҳи тамғаи “Ми Нот-5” ва қиматаш баробари якуним миллион сӯмро моли худ мекунанд. Баъдан Манзура ба худ омада дарҳол ба кормандони корҳои дохилӣ муроҷиат мекунад. Онҳо ба ҷои ҳодиса ҳозир мешаванд ва аз пайи дугонаҳо Гӯзал ва Юлдуз мешаванд. Бо саъй ва талоши кормандони идораи корҳои дохилӣ ҳарду боздошт мешаванд. Телефони Манзураро аз дасти Гӯзал мегиранд ва ба ҳайси далели ашёӣ ба парванда илова мекунанд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, мавриди бозрасӣ қарор гирифт. Додгоҳ нисбати ду зани авбош ҳукми одилонаи худро эълон кард. Гӯзал ва Юлдуз мувофиқи ҷинояти худ ҷазои муносиб гирифтанд.
Ҳодисаи дувум, ки тафсилоти онро мухтасар ин ҷо меорам, аз ҳодисаи аввалӣ дида риққатовар мебошад. Фарҳод Шерматов (исму насабаш тағйир дода шуд) ба ҷои он ки луқмаи ҳалол пайдо кунад ва шаъну шарафи худро нигаҳ дорад, ба ғорат машғул мешуд. Фарҳод мебоист худро ба сифати инсоне нишон диҳад, ки аллакай нону намаки маҳбасро чашидааст ва набояд ба он ҷо дубора “меҳмон” шавад. Аммо ин мард хилофи амри виҷдон амал кардааст ва такроран даст ба ҷиноят олуда сохтааст.
Тафсилоти ин воқеа чунин аст.
Ойшахон Фозилова мехост яке аз хонаҳоро дар шаҳрамон харидорӣ кунад, ки дар бинои баландошёна ба фурӯш мондаанд. Аз ин гап Фарҳод бохабар мешавад ва осоиши худро аз даст дода, мехоҳад соҳиби луқмаи тайёр шавад. Вай медонист, ки нархи ин хонаҳо хеле гарон аст, барои ҳамин хост ин нияти бадашро дар ҳамкорӣ бо дӯсташ Бобур Ҳошимов (исму насабаш тағйир дода шуд) амалӣ кунад. Барои ҳамин ӯро ба наздаш хонд ва ҳарду нақшаи аъмоли нопоки худро кашиданд.
Фарҳод аз он шод буд, ки ба наздикӣ кордаш болои равған хоҳад шуд, зеро дар хонаи ба фурӯш мондашуда иҷоранишин буд. Ин хона ба як зани тотор тааллуқ дошт, ки мехост хонаашро фурӯшад ва ба шаҳри дигар биравад. Фарҳод бо ҷӯрааш Оишахонро, ки аз фиребу найрангҳои онҳо ҳаргиз огаҳӣ надошт, ба ҳамин хона роҳнамоӣ карданд. Ваъдаи қатъӣ шуд, ки дар муддати як моҳ ин хонаро ба номи вай расмӣ хоҳанд кард. Барои ҳамин ин зан бояд як қисми пули хона, яъне ҳафтуним ҳазор доллар пардозад. Оишахон низ, бидуни он ки найранги ду марди ҳамроҳашро ҳис кунад, пулро бароварда дод ва Фарҳод онро шумурда, ба киса андохт.
Дар ҳоле ки Оишахон Фозилова мунтазири расмӣ кунонидани хона буд, ду ҳамтабақ пулҳои аз ӯ ситонидаашонро аллакай барои эҳтиёҷоти худ сарф карда буданд. Вақте ки на аз пулу на аз хона дараке шуд, зан дарк намуд, ки ба доми макри фиребгарон афтидааст. Маҷбур шуд, ки ба идораи корҳои дохилӣ муроҷиат кунад.
Ба ҳар як ҷинояткор ҷазо муқаррар аст. Фарҳод Неъматов ва Бобур Ҳошимов боздошт ва ба курсии ҷиноӣ кашида шуданд. Онҳо барои фиребгариву қаллобии худ дар назди қонун ҷавоб доданд.
“Бори каҷ ба манзил намерасад”, гуфтаанд дар урфият. Дар ҳарду ҳолат низ чашмгуруснагӣ ва чашм дӯхтан ба моли дигарон боис шудаанд, ки Гӯзалу Юлдуз ва Фарҳоду Бобур даст ба аъмоли ҷиноӣ зананд ва чанд соли ҳаёти худро дар маҳбас паси сар намоянд. Агар онҳо “Ними нон – роҳати ҷон” гуфта ба як пора луқмаи ҳалоли худ қаноат ва аз ҳарисӣ ба молу маводи кас парҳез мекарданд, ба чунин оқибатҳои ногувор ҳаргиз рӯ ба рӯ намешуданд.
Мӯйдинхон РАҲИМОВ,
муфаттиши шуъбаи мувофиқгардонии
фаъолияти ниҳодҳои корҳои дохилии шаҳри Қӯқанд.