Дар Қазоқистон нимпайкара ва ҳамзамон кӯчае ба номи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пайдо шуд, – хабар медиҳад агентии «Спутник».
Дар Қазоқистон нимпайкара ва ҳамзамон кӯчае ба номи сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ пайдо шуд, – хабар медиҳад агентии «Спутник».
Ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Нурсултон (собиқ Остона) ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.
Кӯчаи мазкур дар ҳошияи рости шаҳри Нурсултон, дар ноҳияи Алмаато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишулӣ то кӯчаи Бейимбет Майлин идома меёбад.
Нимпайкараи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳаи кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад.
Гуфта мешавад, ки майдончаи назди нимпайкара бо 60 дарахти сӯзанбарг ва 400 гули садбарг ороста шуда, дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш ва дар он нишастгоҳҳо насб шудаанд.
Муаллифи лоиҳаи нимпайкара рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.