НИШАСТИ ШӮРОИ БАЙНИДАВЛАТИИ ИДМ БАРГУЗОР ШУД

Дар шаҳри Тошканд Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия нишасти 61-уми худро баргузор намуд.

Ин нишаст ҳамзамон ҷамъомади 30-юми ҷашнии ШБ ИДМ низ эълон карда шуд. Он дар шакли онлайн ва офлайн ба вуқӯъ пайваст. Дар он роҳбарону намояндагони идораҳои марбутаи кишварҳои узви ИДМ ширкат намуданд.
– Яке аз сабабҳои асосии дар шаҳри Тошканд баргузор гардидани ҷамъомади навбатии Шӯрои байнидлавлатии ИДМ дар он аст, ки дар Ӯзбекистони Нав ислоҳоти васеъмиқёс сурат мегирад ва ҷиҳати аз наздик ба он ошно намудани давлатҳои ҳамкор, густардатар сохтани робитаҳои манфиатбахш як қатор чорабиниҳои хос пиёда хоҳанд шуд. Бешубҳа, ислоҳоти васеъмиқёси  Ӯзбекистон соҳаи стандарткунонӣ, метрология ва сертификаткунонии онро низ фаро гирифтааст. Дар айни ҳол барои ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонидани  он талошҳои зиёд ба харҷ дода мешавад, – изҳор намуд ноиби раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ Илҳом Неъматов.
Ҳуҷҷатҳое, ки 30 сол муқаддам дар соҳаи стандарткунонӣ, метрология ва сертификаткунонӣ ба имзо расидаанд, дар ҳаёти иқтисодии ин кишварҳо яке аз ҳодисаҳои муҳим маҳсуб ёфтааст. Гуфта мешавад, он ҳатто ба арзи вуҷуд намудани Шӯрои байнидавлатии ИДМ асос гузоштааст.
Гуфта шуд, ки дар шароити кунунии амиқсозии иқтисодӣ ва рушди талаботи фарҳанги истеъмолӣ бозори ҷаҳонӣ низ чанд талаби худро дар миён гузоштааст, ки ба сифат ва бехатарии маҳсулоти содиротӣ марбут мебошад.  Барои ҳамин 13 июни соли равон таҳти раёсати Шавкат Мирзиёев Ҷамъомади махсуси корӣ баргузор гардидааст, ки сарвари давлат муҳим будани рушди стандартизатсия, метрология, сертификатсия, инчунин сифатан арзёбии маҳсулоти мадди назари барои содирот муқарраршударо таъкид намуд. 
Дар ҷамъомад чанд нафар вакилони ниҳодҳои миллии  стандартизатсия, метрология ва сертификатсия барои саҳмашон дар рушду тавсеаи фаъолияти Шӯрои байнидавлатии ИДМ бо дипломҳо ва нишонҳои сарисинагӣ сазовор гардиданд. 
Дар ҷамъомад ба як қатор ҳуҷҷатҳои Шӯрои байнидавлатии ИДМ тағйироту иловаҳо ворид карда шуданд. Инчунин маросими табодули таҷрибаҳо низ ба вуқӯъ пайваст. Дар он намояндаи ҳар як ниҳоди давлатҳои ИДМ аз дастовардҳои худ ба ҳамтоёни худ нақл намуд ва мушкилоту муаммоҳоро дар миён гузошт, ки метавон онҳоро дар дастаҷамъӣ ҳаллу фасл намуд.
Ҷамъомад масъалаҳоеро низ баррасӣ намуд, ки ҳадафи асосии он беҳбуди содир намудани маҳсулоти сифатнок бо назардошти истифода аз технологияи инноватсионӣ ва усулҳои менеҷменти босамар мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: