НИШОНАҲОИ ШАХСЕ, КИ ЭҲТИМОЛИ КАМБАҒАЛОНА УМР БА САР БУРДАН ДОРАД

Барвақт хестанро дӯст надорад...

њ Барвақт хестанро дӯст надорад...

 њ Ба қадри имкон истироҳат карданро дӯст медорад...

 њ Вай чунин мешуморад, ки одамони ҷасоратнок «ҷони худро барои пул» медиҳанд...

њ Реҷааш ҳамеша як хел аст: ошхона, ТВ, интернет, рӯйи кат...

њ Ҳамеша шикоят мекунад, ки музди ӯ кам аст...

њ Орзуҳояш монанди сарватманд, аммо саъй намекунад...

њ Ҳамеша ба касе такя мекунад...

њ Намехоҳад, ки худро шиканҷа диҳад...

њ Гапи дӯстдоштааш: «Бигзор он рӯз биёяд»...

њ Қарз гирифтанро дӯст дорад...

њ Ба ҳар кас моҳирона ақл меомӯзад ва худ амал намекунад...
 
њ Муҳимтар аз ҳама: вай бисёр дурӯғ мегӯяд...

Таҳияи ЭРАҶ.

 

Хазинаи маърифат

АҚЛ ва 
БОАҚЛӢ

Шояд аз баъзеҳо боақлтар бошем, аммо на аз ҳама боақлтарем.
***
Ба фикри мо, боақл нафарест, ки чун мо фикр мекунад.
Ла Рочефоколд).
Боақл ҳам китоб ва ҳам ҳаётро мехонад.
Лин Ютанг).
Хубии волотарин бар одам, омӯзондани истифодаи ақл аст.
(Молер)
Ақле, ки ба ақли дигар такя накунад, фикр тавлид карда наметавонад.
(Монтейгн).
Ба боақлии касе эътироз накунед, муҳим он аст, ки кӯшиш бар он накунед, то боақлии худро ба дигарон бовар бикунонед.
(Афлотун)
Боақл нафарест, ки камбуди дигаронро мебинад ва дар ҳаққи худ ҳукм мекунад.
 (Публиюс Сирус).

Таҳияи 
ПАРВИН.

Фактҳои ҷолиби як филм

Ба саҳнавӣ шудани «Алибобо ва чиҳил роҳзан», ки киноэҷодкорони ӯзбек ва ҳинд таҳти ҳамкорӣ (коргардонҳо Латиф Файзиев ва Умед Меҳра) офаридаанд, чиҳил сол пур гашт. 
Соли 1976 филмофарони ҳинд дар асоси ин афсонаи мардумии араб картина ба сурат бардоштанӣ буданд, вале нияташон амалӣ нагашт. Баъд хостанд бо филмофарони шӯравӣ ҳамкорӣ кунанд, анъанаи коргардони маъруф Хоҷа Аҳмад Аббосро, ки ба собиқ Иттиҳод назари нек дошт ва якҷо бо русҳо «Афанасий Никитин»-ро офарида буд (номи дигари  картина «Саёҳати се баҳр»), давом диҳанд.
Аз қаҳрамонҳои марказӣ Фотимаро Зинат Амон (актрисаи ҳиндустонӣ) ва Қосимро ҳунарпешаи ӯзбек Ёқуб Аҳмедов бозида бошанд, Алибобо ва Марҷонаро  ситорагони Болливуд – Дҳармендра ва Ҳема Малинӣ ба иҷро расонданд.
Дар филм боз чеҳраи бароямон қадрдони Зикир Муҳаммадҷонов ва дигар ҳунарпешагони номварро мебинем. Дар «Алибобо ва чиҳил роҳзан» боз актёрони рус, арман, қирғиз, гурҷӣ ва ғайра нақш бозидаанд. Картина дар Ҳиндустон ва Иттиҳоди Шӯравӣ (Тошканд, Самарқанд, Душанбе) ба сурат бардошта шуд. Дар ҷашнвораи байналхалқии кино, ки дар шаҳри Душанбе ба амал омад, ба мукофот ноил гашт.
Филм соли 1980 6 моҳ пайваста дар кинотеатрҳои Ҳиндустон намоиш ёфт ва даромади калон овард. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ 52,8 миллион тамошобин ба кинотеатрҳо даромаданд.
Дар Италия, Полша, Фаронса ва  дигар кишварҳо низ ба филм таваҷҷӯҳи калони тамошобинон зоҳир гашт. 

Ҳасанхон ОБИДҶОНОВ, 
вилояти ФАРҒОНА.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: