НИШОНДИҲАНДАҲОИ НАЗАРРАС, НАҚШАҲОИ НАВ БА НАВ

Ба пандемия нигоҳ накарда, соли сипаришуда дар якчанд соҳа инкишоф ба мушоҳида расид.

Ба пандемия нигоҳ накарда, соли сипаришуда дар якчанд соҳа инкишоф ба мушоҳида расид. Аз ҷумла, ҳаҷми маҳсулоти ҳудудӣ дар вилояти Ҷиззах ба 101,6 фоиз, саноат 107,1 фоиз, хоҷагии қишлоқ ба 101 фоиз афзуд. Ҳаҷми умумии маҳсулоти ҳудудӣ ба ҳар сари аҳолӣ 12,5 миллион сӯмӣ рост меояд, ки ин нисбат ба соли 2019 1,3 миллион сӯмӣ зиёд аст.
Дар давраи пандемия ба туфайли ҷорӣ намудани як қатор имтиёзҳо дар ҷодаи андоз пардохти он дар миқёси вилоят 143,8 миллиард сӯмро ташкил намуд. Ба қарибӣ дар ҳокимияти вилояти Ҷиззах муовини аввали ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои молия-иқтисодиёт, коҳиш додани қашшоқӣ Абдувалӣ Мустанов таҳти мавзӯи «Дар соли 2020 нишондиҳандаҳои иқтисодии вилоят чӣ гуна буд ва соли 2021 дар ин бора чӣ хел нақшаҳо ҳаст?» нишасти матбуотӣ доир кард, ки дар ин бора сухан рафт. А. Мустанов ба ин вазифа чанде пештар таъин гардидааст. 
– Мо дар ин роҳ аз усулҳои нав ба нав истифода хоҳем кард, – гуфт ӯ, – зеро сарвари давлат назди роҳбарон дар масъалаи бо кор бандкунии аҳолӣ, хусусан ҷавонон, вазифаҳои мушаххас гузоштааст.
Ҳоло мақсади асосии мо аз он иборат аст, ки ҷавонони бекор барои худ кори мувофиқ пайдо кунанд. Шумораи оилаҳои камтаъмин, аҳолии қашшоқ коҳиш ёбад. Диққати асосиро бар он нигаронидаем, ки бонувон дар наздикии манзили худ, ҳатто дар хонаашон соҳиби ягон шуғл шаванд. Баробари додани кредити имтиёзнок ва ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкории оилаҳо мумкин аст, ки онҳо ба 67 намуди кор шуғл варзанд. Алҳол дар миқёси вилоят 4852 нафар бонувон ба хидмати тиббӣ муҳтоҷанд. 803 нафари дигар дар манзилҳои ғайри қобили зист, яъне бинои иловагии корхонаву муассисаҳо, бошишгоҳҳои саҳроӣ ба сар мебаранд, ки тадриҷан онҳоро бо хонаву манзил бояд таъмин намоем. Президент ба назди мо вазифа гузошт, ки кор бо ҷавонон дар соли 2021 ба таври хосса ташкил карда шавад. Ҳамаи идораву муассисаҳо барои шуғли доимии муфид ёфтани ҷавонони бекор масъуланд. Вақтхушии ҷавонон низ бояд дуруст ташкил карда шавад.
Айни замон дар вилоят беш аз 18 ҳазор нафар ҷавонон ҷӯёи коранд. Аз ин 2596 нафарашонро бояд ягон касбу ҳунар омӯзонем. Дар шаҳри Ҷиззах мономаркази «Ишга марҳамат!» амал мекунад, ки ҳамин вазифаро адо менамояд. Дар ноҳияҳо ҳам ҳамин қабил марказҳои касбу ҳунаромӯзӣ таъсис хоҳем дод.

Анорбой НАЗАРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

Вилояти ҶИЗЗАХ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: