Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 август ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба таҳлили натиҷаҳои иқтисодии ҷамъбасти нимсолаи якум ва чорабиниҳо доир ба таъмини инкишофи босуботи иқтисодӣ дар минтақаҳо ва соҳаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Зери раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 3 август ҷамъомади видеоселекторӣ бахшида ба таҳлили натиҷаҳои иқтисодии ҷамъбасти нимсолаи якум ва чорабиниҳо доир ба таъмини инкишофи босуботи иқтисодӣ дар минтақаҳо ва соҳаҳо то охири соли ҷорӣ баргузор гардид.
Таъкид шуд, ки дар нимсолаи якум ҳаҷми маҳсулоти нохолиси дохилии мамлакат 6,2 фоиз афзуд. Ин асосан аз ҳисоби инкишофи саноат ба 8,5 фоиз, сармоя – 5,9 фоиз ва соҳаи хидматрасонӣ – 8 фоиз ба вуқӯъ пайваст. Дараҷаи инфлятсия 10,9 фоизро ташкил намуд.
Дар ин давра ба миқдори 200 триллион сӯм маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Суръати баланди инкишоф дар соҳаҳои кӯҳу маъдан, бофандагӣ ва электроэнергетикӣ, дар вилоятҳои Қашқадарё, Сирдарё, Ҷиззах, Намангон ва шаҳри Тошканд ба назар расид.
Ин пеш аз ҳама аз ҳисоби фаъолияти ботаносуби иқтисодиёт ва беҳсозии конюнктура дар бозорҳои хориҷӣ ба даст омад. Омили муҳими дастгирии рушди иқтисодиёт захираҳои давлатӣ низ ба шумор меравад.
Дар ҷамъомад роҳбари давлат таъкид кард, ки сарфи назар аз ҷудо намудани захираи ногузири молиявӣ барои рушди минтақаҳо ва соҳаҳо, дар маҳалҳо ҳанӯз натиҷаҳои чашмдошт ба даст наомадааст.
Ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ дар вилояти Сирдарё – 41 фоиз, дар Хоразм – 33 фоиз, дар Намангон ва Сурхондарё – 24 фоиз афзуд. Аммо дар вилоятҳои Фарғона ва Тошканд, ки молики имконоти зиёд мебошанд, инкишоф ҳамагӣ мувофиқан 1,2 ва 4,6 фоизро ташкил намуд.
Дар поёни нимсолаи якум 110 корхонаи саноатӣ дар минтақаҳо нисбат ба соли гузашта ба миқдори 2,2 триллион сӯм камтар маҳсулот истеҳсол намуданд.
Инчунин самаранокии лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, дар нимсолаи якум 5246 лоиҳа дар доираи барномаҳои сармоягузории минтақавӣ ба амал татбиқ гардиданд. Аммо фаъолияти онҳо дар инкишофи саноат қариб акс наёфт, масъулони ин соҳа – муовинони ҳокимон бо корхонаҳо дар ҳамкории зич кор намекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар мамлакат 53 ҳазор воҳиди нави соҳибкорӣ ба вуҷуд оварда шуда, ин нисбат ба соли гузашта 14 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҷамъомад чорабиниҳо оид ба таъмини инкишофи иқтисодӣ дар давраи то охири нӯҳ моҳ ва умуман соли 2021 муҳокима гардиданд.
Чун омили муҳими даст ёфтан ба ин мақсад дар нимсолаи дуюм истеҳсол намудани маҳсулоти саноатӣ ба миқдори 86 триллион сӯм дар корхонаҳои бузург ва 142 триллион сӯм дар минтақаҳо номбар шуданд.
Барои мисол, то охири сол саноати бофандагӣ метавонад маҳсулотро дар миқдори беш аз 15 триллион сӯм истеҳсол намуда, ба миқдори 1,7 миллиард доллар онро ба содирот барорад. Ё худ дар соҳаи электротехника содиротро то ба 348 миллион доллар расондан мумкин мегардад, дар саноати чарм то 251 миллион доллар расондан мумкин.
Ба ногузирии инкишофи соҳаҳо, ки дар минтақаҳо «драйвер»-ҳо ба шумор мераванд, васеъ намудани истеҳсолот дар корхонаҳои хурд ва миёна ишора гардид.
Ба муовинони Сарвазир вазифаи дақиқан омӯхтани лоиҳаҳои бакорафтода дар маҳалҳо ва кӯмак расондан ба онҳо барои ба иқтидори пурраи истеҳсолӣ расидан супурда шуд.
Дар панҷ соли охир беш аз 30 фармон ва қарори Президент дар бораи дастгирии ҳамаҷониба ва инкишофи хоҷагии қишлоқ қабул гаштааст.
Ба гардиш майдонҳои иловагии замин дохил карда шуда, субсид ҷудо гардид. Низоми кластер дар тамоми соҳаҳои хоҷагии қишлоқ татбиқ гардида, танҳо соли ҷорӣ ба кластерҳо кредит ба миқдори беш аз 6 триллион сӯм ҷудо карда шуд.
Аммо натиҷабахшӣ дар ин соҳа ба интизоргардида мувофиқат намекунад, бисёр имконоти ба кор наандохта вуҷуд дорад.
Аз он ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Самарқанд, Хоразм ва Тошканд дар дараҷаи соли гузашта боқӣ монд. Истеҳсоли маҳсулоти растанӣ кам гардид.
Нишондодҳои ҳосилнокӣ бетағйир мемонад, дар баъзе намудҳои маҳсулот паст гардидани он ба назар мерасад. Дараҷаи ғайриқаноатбахши кор дар соҳаҳои чорводорӣ ва паррандапарварӣ зикр гардид.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки эҳтиёҷи аҳолӣ ба маҳсулоти озуқаворӣ меафзояд ва барои қонеъ намудани он ҳаҷми истеҳсолотро афзудан лозим мегардад.
Ба шахсони масъул дар бобати таъмини афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва азнавкоркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар нимсолаи дуюм супурда шуд.
Дар ҷамъомад ба таҳлили соҳаи хидматрасонӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.
Тавре ки маълум аст, 11 майи соли ҷорӣ қарори Президент «Дар бораи чорабиниҳо оид ба рушди босуръати соҳаи хидматрасонӣ» қабл гардида буд, ки он барои татбиқи лоиҳаҳо доир ба афзоиши номгӯ ва баланд бардоштани сифати хидматрасонӣ дар минтақаҳо мусоидат намуд.
– Давлат имконот ба вуҷуд овард. Одамон фаъол ва меҳнатдӯстанд. Акнун соҳаи хидматрасонӣ куллан бояд тағйир дода шавад. Ин усули аз ҳама камхарҷи ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави кор мебошад. Дар деҳот ҳарчи қадар хидматрасонӣ зиёд бошад, сифат ҳамон қадар баланд мегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Барои инкишофи соҳа дар марҳилаи якум барои 7 бонки тиҷоратӣ 1 триллиону 575 миллиард сӯм ҷудо карда шуда буд. Ба туфайли он дар минтақаҳо 2,4 ҳазор лоиҳа ба кор дароварда шуд.
Дар натиҷа, дар муқоиса бо нимсолаи якуми соли 2020, ҳаҷми хидматрасонӣ ба беш аз 18 фоиз афзуд. Суръати баланд дар вилоятҳои Сирдарё, Андиҷон, Бухоро, Хоразм, Сурхондарё, Фарғона ва шаҳри Тошканд ба қайд гирифта шуд.
Дар ҷамъомад ба ногузирии идома додани ин кор ва имконоти ба вуҷуд овардани 415 ҳазор ҷойи нави кор то охири сол ишора гардид. Дар ин самт чорабинии истиқболнок – ба корхонаҳо ҷудо намудани биноҳои холӣ ва қитъаҳои замин, дастгирии худбандкунӣ ба шумор мераванд.
Ба Вазорати нақлиёт ба вуҷуд овардани хатсайрҳои нави хидматрасонии нақлиёт ва бо хидмати нақлиёти ҷамъиятӣ фаро гирифтани 1113 маҳалла супурда шуд.
Сарвазир ва муовинони вай, роҳбарони соҳаҳои иқтисодӣ ва ҳокимони вилоятҳо аз рӯи масъалаҳои дар ҷамъомад баррасигардида ҳисобот доданд.
Таҳия ва таъмини иҷро то охири сол дар бобати нақшаҳои дақиқ аз рӯи ҳар як соҳа ва минтақа чун вазифа гузошта шуд.
ӮзА.