НИШОНИ ОДАМИЯТ

Саттор Ҷӯраев шифокорест оддӣ, мардест хоксор, ҳалиму хушрафтор.

Саттор Ҷӯраев шифокорест оддӣ, мардест хоксор, ҳалиму хушрафтор. Ба истиқболи корафтодагону мизоҷон ҳамеша бо як табассуми ба худаш хос бархоста, аз ҳолу аҳвол, муаммо ва душвориҳои рӯзгорашон пурсон мешавад.
Ҳар рӯз ба ин бемористон садҳо одамон баҳри барқарор кардани саломатиашон, ё ба дидорбинии дӯстону қарибон меоянду мераванд. Бо онҳо дар ҳама ҳолат меҳрубон аст, аз дасташ ояд, кӯмак мекунад, агар не, ду даҳан сухани нек, ё як латифаи хуше гуфта, лаҳзае бошад ҳам онҳоро аз ғаму ташвишҳо фориғ месозад. Пас аз ин онҳо бо рӯҳи болида, аз пайи кори худ мераванд. Вале духтур ҳар рӯз ба ин даргоҳ меояд. Ӯ ба ин ҷо муҳаббати беандоза дорад. Ӯ ин даргоҳро ҷойи муқаддас мешуморад.
Духтури ширинсухан туфайли касби худ дар ин манзилу макон ном баровард. Корафтодагон ба вай бо эҳтиром “Ҳа, духтурако” – гӯён муроҷиат мекунанд. Духтури тоифаи олӣ Саттор Ҷӯраев ба хубӣ медонад, ки ҳамин одамон ҳастанд, ки ӯ ҳасту ҳамеша барои онҳо камарбаста  мебошад. 
Ҳамин ёрӣ, дастгирӣ, меҳру муҳаббати бепоёни одамон буд, ки ӯ ба ҷодаи одаму одамият ворид шуд. Бо мардум ҳамнафас, ҳамдаму ҳамдард гашт. 
Боре дар беморхона машғули кор буд, ба вай хабар расониданд, ки аз деҳаи Дарбанд писарбачаеро овардаанд, ӯ беҳушу беёд аст. Савори велосипед аз кӯпрук сарозер гашта, сараш ба санг бархӯрда, аз ҳуш рафтааст. Ӯ зуд ба шуъба омад, асбобҳои нафасгирии сунъиро ба кор омода сохт. Ҳолати бемор, воқеан вазнин буд. Се рӯзи дароз аҳволи писарак бад буд. Рӯзи чаҳорум чашм кушод. Рӯзи панҷум ба по хест. Хурсандии бобояш ҳоло шодравон шоир Иззатулло Кенҷа, ки аз рӯзи аввал бо набера буд, интиҳо надошт. Ӯ Саттор Ҷӯраевро ба оғӯш кашида, ба ӯ бо эҳтироми зиёда, ташаккур изҳор мекард. 
– Дар шуъба машғули кор будам, ки зане (аз деҳаи Мачай будааст) бо доду фиғон ба утоқи кориам ворид шуд.  Духтурҷон, кӯмак кунед, ки писарам мемирад. 
Нокасҳо ӯро “ту чаро моли дигаронро мепоиву моли моро намепоӣ”, – гӯён аз болои камари баланде ба поён тела медиҳанд. Сари писарбача сахт зарб ёфта, пояш мешиканад. Рухсорааш харошидаву хунолуд буд. Тамоми чораву тадбирҳоро дида, дар муддати 15-рӯз ӯро ба худ овардем. Бапо шуд писарак...
Чунин воқеаҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаи духтур, шифокори тоифаи олӣ Саттор Ҷӯраев зуд-зуд рух медиҳанд. 
Ӯ соли 1973 баъд аз хатми мактаби таълими ҳамагонии рақами якум ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Самарқанд дохил шуд. Қарор кард, ки донишгоҳро хубу аъло хонда,  баҳри шифои мардум бедареғ хизмат мекунад.
– Интихоби ҳар касбу кор, сабабе дорад, – мегӯяд духтур. – Замоне, ки мактабхон будам, модарам зуд-зуд бемор шуда, ба шифохона бистарӣ мешуданд. Гоҳо дар хона бемориашон хурӯҷ мекарду ёрии таъҷилиро ҷеғ мезадем. Ҳамин ҳоли модарамро дида, ба худ мегуфтам, ки албатта, шифокор мешавам. Худоро сад шукр, ки ният холис будааст. Бо дуоҳои бепоёни модари азизам ба мақсади хеш расидам. Пас аз хатми донишгоҳ як сол дар шаҳри Тирмиз курси ординатураро гузашта, дар шуъбаи табобатии кӯдакон кор кардам. Ҳамон сол бо ҳамкурсам Каромат Болтаева хонадор шудам. Соли 1983 бо хоҳиш ва талаби саршифокори марказии ноҳия, шодравон Зиёдулло Муқимов ба Бойсун ба кор омадам. Бо ҳамсарам се духтару як писарро ба воя расонидем. Духтаронам Матлуба ва Дилфуза аз пайи касби мову модарашон рафтанд. Писарам, Сардор дар шуъбаи инспексияи вазъиятҳои фавқулодда кор мекунад. Аз тақдир наменолам. Баъзан дар раҳу рӯ ва маъракаҳо мешунавам, мегӯянд, ки: давлат хидмати духтуронро тақдир намекунад. Ман дар посух:
– Аз ин бештар давлат чӣ хидмате кунад. Ҳар сол баҳри беҳбудии кори мо ва беморамон шароит фароҳам меоварад, ки пештар онро тасаввур карда ҳам наметавонистем. Маошамон барои  рӯзгорамон кифоят мекунад, – мегӯям. 
Воқеан, Саттор Ҷӯраев аз тоифаи онҳоест, ки аз тақдири хеш наменоланд. Ба қавли шоир ӯ мардест, ки дар зиндагӣ ҳамеша аз пайи умеду орзуҳо гом мезанад.
Мо, бо истифода аз фурсат дар рӯзи кормандони тандурустӣ Саттор Ҷӯраев, аҳли оилааш ва ҳамкорони садоқадпешаашро  табрику таҳният гуфта, таманнои онро дорем, ки ҳамеша аз пайи дарёфти орзуҳо бардамона қадам ниҳанд.

Нуралӣ РАҶАБ.
Вилояти СУРХОНДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: