НИШОНҲОИ САРИСИНАГӢ СУПОРИДА ШУД

Дар байни онҳое, ки бо фармони Президент аз 26-уми август бо нишони сарисинагии «Меҳр-саховат» мукофотонида шуданд, аз вилояти Самарқанд низ як гурӯҳ ходимони тиббиёт, тадбиркорон, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ буданд.

Дар байни онҳое, ки бо фармони Президент аз 26-уми август бо нишони сарисинагии «Меҳр-саховат» мукофотонида шуданд, аз вилояти Самарқанд низ як гурӯҳ ходимони тиббиёт, тадбиркорон, вакилони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ буданд.
Дар ҳокимияти вилоят маросими бо тантана супурдани ин мукофотҳо баргузор гардид.
Дар он ҳокими вилоят Э. Турдимов ба 36 нафар нишонҳои сарисинагиро ботантана супорид.
– Ду сол пеш хазинаи “Хайрия ишлари”-ро ташкил карда будам, – гуфт магистранти соҳаи иқтисоди Донишкадаи давлатии иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд Ширин Мирзоева. – Дар он вақтҳо чунин тадбирҳои хайриявии оммавӣ набуданд. Ба оилаҳои эҳтиёҷманд то ҳадди имкон ёрӣ мерасондем. Дар даври пандемия шумораи оилаҳои ба кӯмак мӯҳтоҷ зиёд шуд. Ҳамаи имкониятамонро сафарбар карда, ба оилаҳои камтаъмин, пирони танҳо, бачаҳои бепарастор хӯрокворӣ ва сарулибос додем. Дар таъмири хонаҳояшон ёрӣ расондем. Муҳимаш дар шароити вазнин ба халқамон нафъамон расид, ки аз ин хурсандем. Бо нишони сарисинагии “Меҳр-саховат” қадр гардиданамро интизор набудам. Ин муқофот кори оғознамудаамонро боз ҳам инкишофу равнақ медиҳад.

ҶАҲОН РАВШАН ЗИ НУРИ ХИРАДИ ӮСТ...
Дар арафаи Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён дар Маркази байналмилалии конгресси Тошканд бо иштироки роҳбари давлатамон маросими бошукӯҳ баргузор гардид. Як гурӯҳ омӯзгорон, мураббиён ва тарбиячиёни фаъоли самарқандӣ дар Маркази ҷавонони Самарқанд ҳозир шуда, онро онлайн тамошо карданд.
Иштирокчиёни тадбир табрикоти идона ва муроҷиати Президентро ба ходимони соҳа шуниданд.
Ҳоло дар сохтори таълими халқи вилоят 1247 мактаби таълими умумӣ, 8 мактаб-интернати махсус, 1 хонаи меҳрубонӣ ва 17 маркази «Баркамол авлод» фаъолият мебарад. Дар ин масканҳо беш аз 54 ҳазору 500 нафар омӯзгор ва мураббиён ба авлоди наврас таълиму тарбия медиҳанд.
Мувофиқи фармони вазири таълими халқ барои фаъолӣ ва корҳои фидокорона дар таълиму тарбияи авлоди баркамол, ҳиссаи арзанда барои ба воя расондани ҷавонони босалоҳият 50 нафар педагогҳо бо нишони сарисинагии «Аълочии таълими халқ» ва 3 нафар бо «Фидоии таълими халқ» мукофотонида шуданд.
Ҳоло 29 нафар омӯзгор ва мураббиёни самарқандӣ унвони ифтихории «Муаллими халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон», 31 нафар «Ходими хизматнишондодаи таълими халқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон», 35 нафар «Мураббии хизматнишондодаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» ва 3 нафар «Устоди хизматнишондодаи спорти Ҷумҳурии Ӯзбекистон» шудаанд.
Пас аз маросим ҳокими вилоят Э.Турдимов иштирокчиёни тадбирро бо ид табрик карда, ба пешқадамони соҳаи таълиму тарбия ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ҳокимиятро супурд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик».
Вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: