НИШОТУ ХУРСАНДӢ – ИФОДАИ ШУКРОНАИ ДИЛҲО

Иттиҳодияи ҷамоатии «Бачагии босаодат», ки дар маҳаллаи «Сой бӯйи»-и ноҳияи Норини вилояти Намангон фаъолият дорад, дар мавзӯи «Стратегияи амалиёт», иҷрои Барномаи давлатии «Соли сармоягузории фаъол ва пешрафти иҷтимоӣ» ва дастгирӣ намудани фаъолнокии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, ки барои додани гранти давлатӣ эълон шудааст, бо лоиҳаи «Нишоту хурсандӣ — ифодаи шукронаи дилҳо» дар самти «Пурзӯр намудани ҳамкории иҷтимоӣ бо муассисаҳои таълимӣ, оила ва идораҳои маҳалла баҳри ҳифзи аҳолӣ

Иттиҳодияи ҷамоатии «Бачагии босаодат», ки дар маҳаллаи «Сой бӯйи»-и ноҳияи Норини вилояти Намангон фаъолият дорад, дар мавзӯи «Стратегияи амалиёт», иҷрои Барномаи давлатии «Соли сармоягузории фаъол ва пешрафти иҷтимоӣ» ва дастгирӣ намудани фаъолнокии созмонҳои ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ, ки барои додани гранти давлатӣ эълон шудааст, бо лоиҳаи «Нишоту хурсандӣ — ифодаи шукронаи дилҳо» дар самти «Пурзӯр намудани ҳамкории иҷтимоӣ бо муассисаҳои таълимӣ, оила ва идораҳои маҳалла баҳри ҳифзи аҳолӣ, бахусус ҷавонон аз зарарҳои нашъамандӣ, бадахлоқӣ» иштирок намуда, ғолиб омадааст, ки лоиҳа моҳи марти соли 2020-ум ҷамъбаст шудааст. 
Тавре ки Президенти муҳтарами мо таъкид мекунад, «... мо наметавонем нисбати ташаккулёбии шуури фарзандонамон, ҷаҳонбинии онҳо дар пояи хазинаи маънавияти баланди тӯли асрҳо аз санҷиш гузашта, адабиёти ҷаҳонӣ ва миллиамон неву дар асоси кадом як ахбороти шубҳаовару зараррасон ташаккул ёбад, бепарво бошем...»
Аз ин рӯ чун гавҳараки чашм ҳифз намудани дахлнопазирии олами маънавии ҷавонон, ҳимоя кардани фарзандонамон аз таҷовузҳои маънавӣ, нафақат кори ҳамешагии падару модарон, ё худ муаллимону мураббиёни соҳаҳои таълиму тарбия аст, балки баробари ин вазифаи муҳими ҷамоаҳои васеъ низ ба шумор меравад. Бо назардошти ин ташаббускорони иттиҳодияи ҷамоатии «Бачагии босаодат»-и созмони ғайридавлативу ғайритиҷоратӣ барои иҷрои чунин вазифаҳо ба мақоли «Ватан аз остона сар мешавад» амал карда, корро аз қаламрави худ, яъне ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Сой бӯйи»-и ноҳияи Норини вилояти Намангон ва ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Норинкапа», ки ҳамсоядеҳа буда, фарзандони аҳолии ҳар ду қишлоқ дар як мактаб (мактаби таълими умумии рақами 40-уми ноҳия) таълим мегиранд, оғоз намуданд. Бояд гуфт, ки маҳаллаҳои мазкур аз ҷумлаи маҳаллаҳои сераҳолии ноҳия ба шумор мераванд, аксар сарони оилаҳо барои кор ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон сафар кардаанд, бинобар ин рағбати бачагон ба илмомӯзӣ суст шуда, дар ҳамкории «оила — маҳалла — муассисаи таълимӣ» холигоҳҳо ба назар мерасиданд. 
Яке аз ҳамкорони лоиҳа директори мактаби таълими умумии рақами 40-уми ноҳияи Норин Нигора Абдуллоева аз чунин ҳамкории иҷтимоӣ мамнун буда, мегӯяд: Маҳаллаҳои Сой бӯйи ва Норинкапа ҳамсоя буда, аз маҳаллаҳои бузурги ноҳияи Норин маҳсуб меёбанд, дар онҳо умуман 2176 оила, ҷамъулҷамъ 7911 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ё худ ба ҳисоби миёна ҳар як оила 3,6 нафар аъзо дорад. Аз ҷумла 1550 нафар фарзандони аҳолии ин ҷамоатҳои шаҳрвандӣ дар мактаби таълими умумии рақами 40-ум сабақ мегиранд. 
Маърифатгоҳи мо дар ноҳия бузургтарин ба шумор рафта, ба беҳбуди шарикии иҷтимоии созмонҳои ҳамкор эҳтиёҷ дорад. Аз ҷумла, аз ҷониби бунёди ҷамоатӣ дастгирӣ гардидани лоиҳаи мазкури Иттиҳодияи ҷамоатии «Бачагии босаодат» аҳолии маҳалла, ҳамчунин фарзандони моро рӯҳбаланд сохт, иштиёқи онҳоро ба илмомӯзӣ, китобхонӣ ва ҳунаразхудкунӣ зиёд намуд». 
Мувофиқи лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби Бунёди ҷамоатии назди Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо 30 миллион сӯм маблағ таъмин шудааст, пойгоҳи моддиву техникии Иттиҳодияи ҷамоатӣ мустаҳкам гардид, аз ҷумла ноотбук, принтер, мошини дарздӯзӣ, оверлог, дарзмол, парта, доска ва китобҳо харид гардиданд, барои нигоҳдории китоб ҷевонҳо омода карда шуданд. 
Дар доираи ғояи «Маърифат бар алайҳи ҷаҳолат!», ки лоиҳа пешбинӣ намудааст, бо мақсади ба китобхонӣ рағбатнок сохтани ҷавонон ва падару модарони онҳо, таҳти шиори «Бо гавҳари ҷевон — ҷониби тафаккури беҳудуд!» китобхона ташкил карда шуд ва ба он бо 7 миллиону 330 сӯм маблағи Бунёди ҷамоатӣ ва дар асоси пуштбонии ҳамкорон ба арзиши 2 миллион сӯм асарҳои баландпояи адабиёти ҷаҳонӣ ва миллӣ харид шуданд. Алҳол аз китобхона фарзандони зиёда аз 200 оилаи маҳаллаҳои «Сой бӯйи», «Норинкапа», «Чангитма», «Туда»-и ноҳияи Норини вилояти Намангон ва падару модарони инҳо ройгон истифода мебаранд. 
Ба ақидаи Абдурауф Фитрат «Саъю ҳаракати халқ сӯйи мақсади дақиқ, давлатманд шудани ӯ, саодатманд ва соҳиби иззату ҳурмат, ҷаҳонгир ё худ сусту заиф гардиданаш, хорӣ дидаву таҳи бори бадбахтӣ ва беэътибор монданаш, ба дигарон тобеъ, ғулому асир шудани вай аз дараҷаи тарбияи падару модарони онҳо дар овони бачагиашон вобаста мебошад».
Бинобар ин дар иқдоми «Ба фарзандат китоб туҳфа кун!», ки таҳти шиори «Кӯдакатро худат ҳимоят кун!» аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамоатии «Бачагии босаодат» дар доираи лоиҳа аз 28 сентябр то 5 октябри соли 2019 гузаронида шуд, ба наврасон аз тариқи падару модарони онҳо 2 миллион сӯмина китоб беминнат туҳфа шуда, барои ба китобхонӣ ҷалб намудани ҷавонон озмунҳои нав эълон гардидаанд. Чунончи, дар доираи иқдом дар байни хонандагони синфҳои 8-11-уми мактаби таълими ҳамагонии рақами 40-уми ноҳияи Норин бинобар мутолиаи асари «Дунёнинг ишлари» («Корҳои дунё»)-и Ӯткир Ҳошимов байни 17 нафар китобхон озмун эълон гардида, ғолибон 5 октябр муайян шудаанд ва онҳо, ҳамчунин падару модаронашон аз ҷониби Иттиҳодияи ҷамоатӣ бо китобҳо мукофотонида шудаанд. 
Аз ҷумла таҳти шиори «Аз ҳавои бачагии босаодат нафас гир!» курси ройгони дӯзандагӣ, таҳти шиори «Ворисони муносиби ниёгон хоҳем шуд!» курси омӯзиши забони англисӣ ташкил гардида, дар онҳо қариб 40 нафар хонандагон забони хориҷӣ ва асрори касбу ҳунарро аз мураббиёни соҳибтаҷриба омӯхтаанд. 
Аз ҳама муҳимаш, лоиҳа анҷом ёфта бошад ҳам, аз имкониятҳое, ки туфайли маблағҳои Бунёди ҷамоатӣ фароҳам оварда шуданд, дар шароити кунунии пандемия низ китобхона, курсҳои дӯзандагӣ ва забони англисӣ фаъолияти худро ба тарзи онлайн идома медиҳанд. 
Хулоса, бинобар дар пояи сохтори нав ба роҳ мондани корҳои иҷтимоӣ, маънавиву маърифатие, ки аз ҷониби Президенти муҳтарами мо пеш гузошта шудаанд, барои таъмин сохтани иҷрои панҷ ташаббус дар деҳоти дурдаст низ туфайли маблағҳои Бунёди ҷамоатӣ корҳои шоёни таҳсин амалӣ мешаванд. 

Зафар ХУДАЙБЕРДИЕВ, 
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, узви Комиссияи парлумон.      

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: