НИҲОЛИ АВВАЛИН

Боғи сарсабз.

Бикӯш,  имрӯз то гандум бипошӣ, 
Ки фардо бар ҷаве қодир набошӣ. 
Боғи сарсабз. Дарахтони мевадори он даҳони ҳар бинандаро бо ширинӣ пур мекунанд. Дасти одамизод гул аст, ки метавонад биёбонро ба бӯстон мубаддал гардонад. Анвар панди падарро фаромӯш намекунад, боғи бунёдкардааш ба хотираш меояд, ки аввалин ниҳолро бо падараш шинонда буд. Ӯ аввалин луқмаи нони меҳнатро аз дасти падар, ки ба бунёди боғи худ сар карда буд, хӯрдааст. Аббос бошад мисли Анвар нест. Вай ҳанӯз аз хурдӣ аз боғи фазилатҳои неки инсонӣ ба таври бояду шояд баҳра набардошта буд. Баъзан дар дили ӯ алами адовату кина ҷавлон мезад, вай бошад онҳоро ҷилавгирӣ карда наметавонист. Аббос ба ҳамааш бо чашми ҳасад нигоҳ карда гирякунон сӯйи қаиқчааш рафт. Дар роҳ худ ба худ гуфт: замонро бинед, аз дарахтони мевадори боғи ҳамсоя аллакай як дона себ хӯрдан наметавонам. Дуздӣ ақли ҳар бинандаро хира мекардааст. Вай ба заврақи худ нишаст, вале намедонист ба кадом самт равона гардад. Гӯё сараш гаранг буд. Ҳаминаш маълум буд, ки бо ҳамин ҳаммаслаки безабонаш рӯзро шаб мекунад. Ҳар чӣ гӯяд, мешунавад. Шаби торик,  ситораҳо дурахшида, моҳ каме бошад ҳам вазифаи чароғро иҷро мекард. Аббос бо азобе дари хонаашро кӯфт, зеро барои роҳ рафтан ҳам ӯ ранҷу азоб мекашид. Аз пагоҳ то шаб роҳ меравам, вале як бурда нонро бо сахтӣ меёбам. Анвар бошад, дар таги сояҳои дарахтонаш нишаста, бо андак заҳмати беминнат меваҳои болаззат мехӯрад. Бо ҳамин гуна андешаву фикрҳои бесарунӯг Аббос ба хонааш расида омад, дид, ки дар болои мизи ӯ як сабад меваҳои пагоҳӣ дар боғ дидааш истодааст. Оҳ, нолаи ман ба Худо расид магар, аз дил гузаронд ӯ. Аббос меваҳоро бо ҳавас дона-дона ба даҳон андохт, вале шодком нашуд. Анвар рӯзи дигар аз ҷо хеста назди боғаш омад ва давоми ҷӯякҳоро кашид, ки навниҳолони дар боғ шинондааш аз ташнагӣ озод шаванд. Баъди анҷоми кор ҷӯякҳо пури об шуда, ба тамоми табиат гӯё ҷон бахшид. Гурбачаи алояки ӯ омада об нӯшид, мусича парвози худро қатъ карду об нӯшид, сипас роҳи худро давом дод. Ин гармии офтоб Анварро ҳам монда кард, ки ӯ ба лаби ҷӯйча омада дасту рӯ шуст ва ба ҳавлиаш равона шуд. Анвар як хислати аҷибе дошт, ки бекор монад, китоб мехонд ва аз танҳоӣ ба худ аниси наздике меёфт. Дар ин вақт Аббос ба заврақи манзили номаълуми худ нишаста рӯзро шаб мекард. Бидонед «Бо ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад». Ҳамон мусичаи ба сафар баромада ҳам барои ризқу рӯзии фарзандонаш рӯзро шаб мекард. 
  
Зебо САМИЕВА,
донишҷӯйи 
Донишкадаи давлатии  омӯзгории Чирчиқ.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: