НИҲОЛШИНОНӢ ДАР АВҶ

Баҳри амалӣ гардондани лоиҳаи «Маскани сабз» («Яшил макон»), ки бо ташаббуси сарвари давлат дар мамлакат «чил рӯзи зарбдор»- и ниҳолшинонӣ эълон гардидааст, дар вилояти Бухоро низ ин маърака торафт вусъат меёбад.

Дар шаҳру ноҳия, ҳокимияту садорат, ташкилоту корхона, мактабу таълимгоҳ, муассисаю завод, хуллас, ҳама бо мақсади сабзу хуррам ва ободу дилкаш сохтани маскани зисти худ ба по хестаанд гӯем, муболиға намешавад.    Шанбеи гузашта бо ташаббуси сарсадорати вилояти бухорогии Бонки марказӣ зиёда аз 300 нафар намояндагони бонкҳои тиҷоратии вилоят ба мавзеи  «Осиё»-и ноҳияи Шофиркон омада, дар 15 гектар майдон зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳолҳои мевадору манзаравӣ шинонда, боғ барпо карданд.
Ин чорабинӣ дар мактабҳои таълими умумии вилоят низ бо рӯҳбаландӣ мегузарад. Талабагон таҳти унвони «Ниҳоли аввалини ман» ниҳол шинонда, дар он чун рамзи ному насаб нишон мегузоранд. Хонандагон дар доираи лоиҳа шинондани 68960 бех ниҳолро ба нақша гирифтаанд.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: