НИҲОЛШИНОНӢ – ДАР МАКТАБ

Дар мамлакатамон Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ эълон шудани соли 2021, хусусан, ғайрат ва шуҷоати ҷавонони моро, ки имрӯз ва фардои ҷамъиятанд, ба ҷунбиш овард.

Дар мамлакатамон Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ эълон шудани соли 2021, хусусан, ғайрат ва шуҷоати ҷавонони моро, ки имрӯз ва фардои ҷамъиятанд, ба ҷунбиш овард. Чи хонандагони мактаб, чи донишҷӯён, чи муаллиму муаллимаҳои ҷавон, ки алоқамандони соҳаи таълиму тарбияанд, дар ҳукми ниҳолеанд, ки дар боғи зиндагӣ парвариш меёбанд. Насли ҷавоне, ки дар рӯҳи муҳаббат ба муҳити гирду атроф тарбия ёфтааст, модар-табиатро дӯст медорад, худро як ҷузви ҷудонопазири он тасаввур менамояд. Тарбияи экологии онҳо низ аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.
Бо фарорасии фасли баҳор табиат бедор гашт, ниҳолшинонӣ авҷ гирифт, манзараҳои ин диёри нотакрор дилрабоии дигар касб кард. Дар корҳои ободонию хуррамсозӣ фаъолона иштирок кардани хурду калон, ба маъние, ифодаи меҳру муҳаббати инсон буд нисбати модар-табиат.
Чорабиние, ки чанде пеш дар дабистони таълими умумии ноҳияи Бӯка баргузор гашт, айнан ба ҳамин мавзӯъ бахшида шуд ва таъкид гашт зебоию хуррамии фардои диёри мо аз як ҷиҳат ба саъю ҳаракати ҷавононамон, ки дӯстдори табиатанд, вобастагӣ дорад. Дар чорабинӣ намояндагон аз Шӯрои ноҳиявии Ҳизби экологии Ӯзбекистон ва инспексияи муҳофизати табиат иштирок намуданд. Маърӯзаҳо дар мавзӯи ҳифзи муҳити гирду атроф, ҷонноксозии тарбияи экологӣ, ягонагии инсон ва табиат сермазмун буданд. Депутати шӯрои ноҳиявӣ Д.Пӯлодов ва дигарон қайд карданд, бояд ҳар як ҷавон дар фасли баҳор ақаллан як ниҳол шинонда, дар хуррамсозии муҳит саҳм гузорад, аз асрори боғдорӣ то андозае воқиф бошад, ба бенигоҳубинмонии дарахтҳо роҳ нагузорад, ободгариро ба худ шиор созад. Д.Пӯлодов гуфт: «Муҳаббат ба модар-табиат – муҳаббат ба Ватан-модар аст. Ҷавононамон тавре Ватан ва модарро дӯст медоранд, табиатро низ бояд дӯст доранд. Аз ҷиҳати экологӣ маданиятнок тарбия сохтани ҷавононамон, бе шакку шубҳа, бурди мост».
Дар чорабинӣ таҳти унвони «Табиат ва ҷавонон» мактабиён дар мавзӯи табиат шеърҳо хонданд. Баромадҳои бадеӣ ба  иштирокдорон таассуроти хуб гузошт.
Дар фуроварди тадбир аз ҷониби Шӯрои ноҳиявии Ҳизби экологии Ӯзбекистон ба хонандагон ва устодони пешқадам ташаккурнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд. Худи ҳамон рӯз таҳти сарпарастии инспексияи муҳофизати табиат «Аксияи ниҳолшинонӣ» баргузор гашт. Ба гирду атроф ва ҳавлии дабистон ниҳолҳои мевандех, арча, буттаҳои манзаравӣ шинонда шуданд.

Д.ҶУМЪАБОЕВА,
директори дабистони таълими умумии рақами 7-уми ноҳияи Бӯка.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: