НИҲОЛҲО ПАРВАРИШ МЕХОҲАНД

Дар шаҳру навоҳии вилояти Қашқадарё соли 2022 дар мавсими баҳор 10 миллиону 312 адад ва дар мавсими тирамоҳ 6 миллиону 319 дона ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, манзаравӣ ва қаламчаву буттаҳои дигар шинонда шуданд, аммо тахмин мешавад, ки 70 дарсади онҳо сабз нахоҳанд гашт.

Дар ин хусус дар нишасти матбуотие, ки саридораи захираҳои табиати вилояти Қашқадарё созмон дод, сухан рафт. Таъкид гардид, ки чорабинии мазкур тибқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» ва дастури «Чил рӯзи долузарби кабудизоркунӣ» дар амал татбиқ гардиданд, ки ташаббускори он Президенти кишвар ба ҳисоб меравад. Мақсад аз роҳандозии чунин чорабиниҳо беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат ва ҳифзи табиати нотакрори он мебошад. 
Раҳбари саридораи захираҳои табиати вилоят Акбар Эшонқулов ва мутахассисони соҳа дар робита ба корҳои иҷрошуда ва нақшаҳои соли 2023 маълумоти муфассал доданд. Зимни суханронии худ Акбар Эшонқулов гуфт, ки соли 2022 дар шаҳру навоҳии вилоят мувофиқи лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» бояд 16 миллону 356 адад ниҳоли дарахтони гуногун шинонданд. Барои ин дар 2 шаҳри вилоят, 14 ноҳия, 812 маҳаллаи он шинондани ниҳоли дарахтони манзаравию мевадиҳанда ба нақша гирифта шуданд ва дар робита ба хубу босифат татбиқ гаштани ин чорабиниҳо идораҳои мутасаддӣ интихоб, муассисаҳои таъминкунандаи ниҳолҳо муайян шуданд. Хоҷагии ҷангал, субъектҳои дигари ниҳолпарвар ва корхонаи пиллапарварии вилоят дар ин шумул буда, барои расонидани ниҳолҳо вазифадор гаштанд. Дар ниҳояти кор соли 2022 16 миллиону 631 адад ниҳол шинонда ва дар платформаи электронии «Макони сабз» дохил карда шуданд. Ҳамчунин, барои нигоҳубини онҳо мувофиқи далолатномаи махсус шахсони алоҳида интихоб ва муваззаф гардиданд. Соли 2023 низ дар саросари вилояти Қашқадарё шинонидани 16, 3 миллион дона ниҳоли дарахтон ва буттаю қаламчаҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.
Аз мутасаддиёни саридораи захираҳои табиии вилояти Қашқадарё пурсида шуд, ки корҳои ниҳолшинонӣ дар авҷ аст, аммо ояндаи он ниҳолҳо чӣ гуна хоҳанд буд? Оё саросар сабз мешавад? Оё маълумоте ҳаст, ки чӣ қадари онҳо талаф ёфтаанд? Дар посух гуфта шуд, ки ба  саросар сабз гаштани ниҳолҳои шинондашуда кафолат нест. Зимистони сол басо сард омад ва сардиҳои ғайримуқаррарӣ ба 70 дарсади ниҳолҳо асари бад кардааст. Шахсони масъул ба парвариши ниҳолҳо низ саҳлангорӣ кардаанд. Боз ҳам чӣ миқдоре аз ниҳолҳои шинондашуда сабз хоҳанд гашт, замоне метавон натиҷагирӣ намуд, ки фасли баҳор расидаву табиат куллан бедор гардад.
Таассуфовар аст, ки натиҷаи хидматҳо барабас мераванд ва барои парваришу нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳои шинондашуда неруи корӣ кифоят намекунад. Таъкид шуд, ки панҷ-шаш нафар нозирони ноҳиявии саридораи мазкур на ҳамеша аз ӯҳдаи назорати нашъунамои ниҳолҳо мебароянд. Бояд механизми муассири парвариши ниҳолҳои шинондашуда ҷорӣ гардад. Дар акси ҳол корҳои кабудизоркунӣ дар вилоят самари дилхоҳ нахоҳад дод. 

Шариф ХАЛИЛ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Қашқадарё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: