НИЯТИ НЕК – НИМИ ДАВЛАТ

Яке аз духтурони шинохтаи ноҳияи Сӯх, мутахассиси соҳаи бемориҳои занона, ҷавонмарди соҳибмаърифат ва дорои маданияти воло Раҳматҷон Тоҷиев, ки 25 сол боз дар поликлиникаи марказӣ ифои вазифа мекунаду ба сиҳҳату саломатии даҳҳо кӯдакони сӯхӣ сабаб гаштааст, солҳои дароз дар фикри кушодани клиникаи хусусӣ буд.

Яке аз духтурони шинохтаи ноҳияи Сӯх, мутахассиси соҳаи бемориҳои занона, ҷавонмарди соҳибмаърифат ва дорои маданияти воло Раҳматҷон Тоҷиев, ки 25 сол боз дар поликлиникаи марказӣ ифои вазифа мекунаду ба сиҳҳату саломатии даҳҳо кӯдакони сӯхӣ сабаб гаштааст, солҳои дароз  дар  фикри кушодани клиникаи хусусӣ буд. Орзу мекард, ки клиникае кушояду дар он занону арӯсони сӯхӣ мисли шаҳриҳо табобат бигиранд. Ҳоло бахт ба рӯйи Раҳматҷону кулли корафтодагони диёр хандиду орзӯйи ӯ амалӣ шуд, соҳиби клиникаи зебое гашт, ки аз клиникаҳои шаҳрӣ камӣ надорад. Дар паси бинои шуъбаи бемориҳои дарун  (терапевт), дар бинои дуошёнаи  зебо корхонаи хусусӣ, клиникаи «Сӯх-медикана» дари худро ба рӯйи мизоҷон боз кард. Вақти суҳбат мудири клиника гуфт: солҳои дароз аз пайи кушодани чунин даргоҳи табобатӣ будам, зеро  чаро ки бо хубӣ дар Сӯх чунин шуъба, яъне гинекология мавҷуд набуд. Инак, бо ташаббуси сарвари давлатамон Ш.  Мирзиёев бисёр корҳо ба манфиати мардум амалӣ шуданду мо низ бо ёрию мадади идораҳои мутасаддӣ,  аз ҷумла, Улуғбек Абдураҳмонов, ҳокимият ва идораи «Даричаи ягона» соҳиби чунин клиникаи зебо гаштем. Аз нақли мудир маълум  шуд, ки дар  ин корхона 7 нафар духтурон фаъолият мебаранд. Қабули мизоҷон дар дастгоҳи УЗИ ба зиммаи духтур Санобархон Ғафурова буда, навбатчигии рӯзонаро Муяссархон Мамазиёева бар дӯш дорад.
Месазад, ки дар бораи кори ҳамшираҳо Мамлакатхон Ашӯрова, Тиллохон Узоқбоева, Гулрухсор Султонова, Заррина Ҳамзаева, Нодира Замонова  ва  Наргис  Раҷабова суханҳои нек гӯем.
Аз нақли мудири клиника маълум шуд, ки он дорои 20 кати хоб буда, шароити хуб дорад.
Ҳамаи  палатаҳо бо оби гарму хунук таъминанд. Палатаҳо дукасию секасӣ буда, давогирандагон аз шароити табобатхонаю хушмуомилагии кормандон, таомҳои болаззат (дарвоқеъ табобатгирандагон се маҳал бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд) шод мебошанд. 

Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ,
вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: