Абдураҳмон дар оилаи чорводор ба дунё омад.
Абдураҳмон дар оилаи чорводор ба дунё омад. Аз ин рӯ ҳангоми мактабхонӣ вақти зиёди хешро барои нигаҳбонии чорвои реза дар кӯҳу саҳроҳо гузаронид. Бародаронаш Зиёдуллову Паҳлавон дар ин кор ба ӯ кӯмак мекарданд. Абдураҳмон пас аз хатми мактаби миёна курси ронандагиро бомуваффақият хатм кард. Мехост дар автобазаи бузурге кор кунад. Ҳамон солҳо оилаашон аз ноҳияи Музработ ба деҳаи бобоияш кӯч мебандад. Дар хоҷагии навташкили Дарбанди ноҳияи Бойсун коргарон ва дигар мутахассисон чун обу ҳаво зарур буданд. Бо маслиҳати падараш вай ба ин хоҷагии навташкил чун таъмиргар ба кор шурӯъ намуд. Чанд муддат дар ин ҷо кор карда, аз собиқадорони ин касб сирру асрори ронандагӣ ва таъмиркуниро омӯхт. Бо як шавқу завқ меҳнат мекард. Ӯро ба хизмати аскарӣ даъват карданд. Ду соли хизмати аскарӣ зуд гузашт. Ба зодгоҳ баргашта, боз фаъолияти пешинаи худро идома дод.
Соли 2007-ум чун ронандаи таҷрибадор хоҷагии фермерии “Кенҷақул Абдураҳимов”-ро дар минтақаи Толлӣ ташкил кард. 300 сар бузи хоҷагиро харид. Барои ӯ 613 гектар замини лалмӣ ва чарогоҳ ҷудо карданд. Ӯ бо писаронаш Ҷӯрабек ва Алишер аз пайи корҳои ташкилӣ шуд. Кашареро, ки дар минтақаи Толлӣ мавҷуд буд, таъмир кард.
Соли аввал дар 15-20 гектар майдон кишт карданд. Номусоидии обу ҳаво ба пешравии кор монеъ мешуд. Солҳое шуд, ки заминро шудгор карда, дона пошида бошанд ҳам, майсае нарӯид. Вале дилмонда нашуданд. Чорвои мавҷударо парвариш карда, барои он хасу хошоки зарурӣ ҷамъ меоварданд. Заҳмати аъзои хоҷагӣ оҳиста-оҳиста самар медод.
Соли сипаришуда аъзои хоҷагии “Кенҷақул Абдураҳимов” дар беш аз 50 гектар заминҳои корами хеш гандуму ҷав коштанд. Заминро хуб шудгор карда, кишти ғалладонаро ба зудӣ анҷом доданд. Чанде пеш хурсандии аҳли хоҷагиро ҳадду канор набуд. Онҳо аз самараи заҳматҳои худ хурсандӣ мекарданд.
— Рости гап чандин сол боз дар мавзеъҳои Мирзоҳамдам ҷаву гандум корем ҳам, аз он ҳосили дилхоҳ ба даст намеовардем. Хушбахтона, имсол кори мо омад кард. Хоҷагӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, реҷаи давлатиро низ пурраву барзиёд иҷро намуд, — мегӯяд раиси хоҷагии фермерии “Кенҷақул Абдураҳимов” Абдураҳмон Каримов. — Оре, дуруст гуфтаанд: нияти нек ними давлат аст. Имсол Худо ба деҳқонон бо назари нек нигарист. Мо аз ин комёбиҳоямон фориғбол нагашта, бояд дучанд кор кунем, то ки ҳосили дилхоҳ ба даст орему саршумори чорворо зиёд кунем. Дар мавзеи Оқшаҳид 3 гектар боғ бунёд кардем. Ҳоло ниҳолҳои бодому зардолу сарсабз шудаанд. Соли оянда, Худо хоҳад, ин ниҳолҳо ҳосил медиҳанд.
Ба қарибӣ Абдураҳмон Каримов ба нафақа баромаду сарварии хоҷагиро ба дӯши писараш Ҷӯрабек Каримов гузошт.
Умед аст, ки комёбиҳои беш аз пеш ёрашон мегардад.
Нуралӣ РАҶАБ.
Ноҳияи БОЙСУН.