НИЗОМИ ДОДАНИ ҚАРЗИ МОЛИЯВИИ ИСТЕЪМОЛӢ ТАКМИЛ ДОДА МЕШАВАД

Дар мамлакатамон бобати ҳамаҷониба дастгирӣ намудани аҳолӣ ва субъектҳои соҳибкорӣ, беҳтар гардондани шароити муносиби меҳнат ва зиндагии шаҳрвандон, васеъ гардондани имкониятҳои онҳо барои молҳо ва хидматрасонӣ дар асоси вомҳо корҳои назаррас ба амал бароварда мешаванд.

Дар ҷамъомади умумии 27-уми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки ба қарибӣ баргузор гардид, дар баробари фаъолият дар соли 2022 ва вазифаҳои устувори барои соли 2023 пешбинишуда якчанд лоиҳаҳои қонун мавриди муҳокима қарор гирифта, қабул шуданд. Яке аз онҳо ба муносибати такмил додани  низоми додани қарзи молиявии истеъмолӣ Қонун «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба моддаи 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кредити истеъмолӣ» мебошад. 
Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кредити истеъмолӣ» соли 2006 қабул шуда, дар давраи гузашта теъдоди бонкҳои хидматрасонӣ ва институтҳои молиявие, ки қарзи хурд медиҳанд ва миқёси хидматрасонии онҳо васеъ гардид. 
Бинобар маълумоти Бонки марказӣ дар тӯли се соли охир дар кредитҳои дар асъори миллӣ ҷудошудаи аҳолӣ микроқарзҳое, ки ба тоифаи кредитҳои ғайримақсад дохил мегарданд, қарзи хурд дар соли 2020 5,8 триллион сӯм, соли 2021 қариб 1,7 баробар афзуда, 9,9 триллион сӯмро ташкил карда бошад, дар соли 2022 ба 21,6 триллион сӯм расидааст. 
Ин рақамҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки талаботи аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ ва хидматрасонӣ сол то сол афзоиш ёфта, ҳаҷми қарзҳои хурд зиёд мегардад. 
Дар баробари афзудани талабот ба қарзҳои истеъмолӣ мавҷуд будани маҳдудиятҳо оид ба ҷудо кардани қарзҳои истеъмолӣ ба молу хидматрасоние, ки дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд, ворид намудани тағйироту иловаро ба қонуни амалкунанда тақозо менамояд. 
Аз ин рӯ, вобаста ба такмил додани низоми қарзи истеъмолии молиявӣ зарурати қабули қонун «Дар бораи ворид намудани  тағйироту иловаҳо ба моддаи 15-уми Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кредити истеъмолӣ» ба миён омад. 
Дар қонуни мазкур ҷумлаи тақдим намудани кредитҳои молиявии истеъмолӣ ба молҳо (корҳо, хидматҳо), ки дар Ӯзбекистон истеҳсол шудаанд, аз қонуни дарамалбуда хориҷ карда мешавад. Бо ин пешбинӣ шудааст, ки ба фурӯши молҳое, ки дар Ӯзбекистон истеҳсол намешаванд, яъне молҳои воридотӣ ва хидматҳо рухсат дода шавад. 
Қабули қонуни мазкур, якум, дар натиҷаи фароҳам овардани муҳити солими рақобат барои истеҳсолкунандагони маҳаллӣ истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро барои истеъмолкунандагон ва хидматрасонии босифат таъмин менамояд. 
Дуюм, дар шароити афзудани рақобат дар бозори ҷаҳонӣ он ба фароҳам овардани заминаи муносиб барои фаъолияти истеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ дар асоси принсипҳои бозори озод, татбиқи ғояю технологияҳои нав дар офаридани арзиши иловагӣ, рақобат нишон додан дар бозорҳои ҷаҳонӣ хидмат мекунад. 
Сеюм, истеҳсоли молҳои арзону хушсифат барои истеъмоли аҳолӣ, хидматрасонӣ, дар навбати худ, ба сарфа кардани захираҳои молиявии аҳолӣ ва дар натиҷа он дар соҳаҳои дигари иқтисодиёт талабро ба вуҷуд меорад, дар пировард ба иқтисодиёт муҳити иловагии сармоя фароҳам меорад. 
Инчунин, мувофиқи қонун тартиби хаттӣ аз ҷониби истеъмолкунанда ҳатман пешакӣ огоҳонидани корхонаи истеҳсолкунанда ё ташкилоте, ки молҳои истеъмолӣ (хидмат) мефурӯшанд, оиди гирифтани қарзи молиявии истеъмолӣ бекор карда мешавад. Ва ин, дар навбати худ, ба содатар шудани раванди расмигардонии қарзҳои истеъмолӣ ва васеъ намудани доираи истеҳсоли маҳсулот ва хидматрасонӣ дар кишвар хидмат мекунад. 

Қобулҷон 
ТУРСУНОВ,
аъзои Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: